الكاهن و العراف
КОҲИН ВА АРРОФ
Коҳин он шахсе аст, ки аз роҳи ҷинҳо ва шайтонҳо аз оянда хабар диҳад. Ва Арроф он шахсе аст, ки даъвои донистани корҳои ҳозираро кунад. Яъне, бо роҳҳои пӯшида, макони чизҳои дӯздидашуда ва ё гумшударо бидонад. Албатта даъвои илми ғайб кардан куфр аст, зеро он дурӯғ шуморидани Қуръони Карим аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Бигӯ! Дар осмонҳо ва замин ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ касе ғайбро намедонад”. (Сураи Намл:65).
Онҳое, ки аз ғайб хабар медиҳанд, чаҳор қисманд: 1.Касе, ки аз ғайб бо роҳи ҷинҳо хабар медиҳад, пас чунин инсонро “коҳин” меноманд.
2.Касе, ки аз ғайб бо роҳи хат кашидан ба хоки замин хабар диҳад, пас чунин инсонро “раммол” меноманд.
3.Касе, ки аз ғайб бо роҳи ситораҳо хабар медиҳад, пас чунин инсонро “мунаҷҷим” меноманд.
4.Касе, ки бо роҳи пӯшида аз молҳои дӯздидашуда ва гумшуда хабар медиҳад, пас чунин инсонро “арроф” меноманд.
Албатта ҳукми рафтан ба назди коҳинҳо ва аррофу ҷодугарон бар ду қисм аст:
1.Касе, ки ба назди онҳо меравад ва суханҳояшонро тасдиқ намекунад, вале аз онҳо мепурсад, пас ҳукми он ҳаром ва яке аз гуноҳони кабира аст. Ва касе, ки ба назди онҳо меравад, чиҳил рӯз намозаш қабул намегардад. Зеро Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Касе, ки ба назди фолбину ҷодугарҳо равад ва аз онҳо чизе бипурсад, пас чиҳил рӯз намози ӯ қабул намегардад”. (Ривояти Муслим).
Мақсад аз ҳадис ин аст, ки барои намози ӯ аҷру савобе нест.
2.Касе, ки назди фолбину ҷодугарҳо меравад ва аз онҳо чизе мепурсад ва гуфтаҳои онҳоро тасдиқ менамояд, пас ӯ ба он чизе, ки ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам нозил шудааст, кофир аст. (Ривояти Абудовуд, Насоӣ, Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ҳоким).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ДӮСТ ДОШТАНИ МОЛ ВА ҶАМЪИ ОН
حب المال وجمعه
ДӮСТ ДОШТАНИ МОЛ ВА ҶАМЪИ ОН
Мол чизи дӯстдоштаи инсон аст: “Ва молу сарватро бисёр дӯст медоред, дӯстдоштании зиёд”. Фаҷр:20. Бинобарин барои инсон зарур аст, ки моли дунёро аз роҳҳои ҳароме, ки шариъат манъ кардааст касб накунад. Ва ҳамчунин нафақаҳои фарзиро аз моли худ бидиҳад. Барои ба моли кам қаноат кардан, бояд мо дар зиндагии худ иқтисод дошта бошем ва ба моли мардум назар накунем, балки ба шахсоне назар бикунем, ки дар моли дунё аз мо пасттар ҳастанд. Бисёр дӯст доштани мол сабаби манъи ҳуқуқи дигарон ва фарқ накардани ҳалол аз ҳаром аст. Камбағалӣ ва тангии ризқ далел нест, ки шумо ба гуноҳ даст занед ва намозро дар вақташ нахонед. Ба мо лозим аст, ки камбағалии баъзе Паёмбарон, солеҳон ва уламоро бингарем. Аллоҳ молу сарватро ба шахсе мехоҳад ва ё намехоҳад ато мефармояд ва ё танг мегардонад. Мусалмон агар сарватманду бой бошад, бояд шукр кунад ва агар камбағалу тангдаст бошад, бояд сабр кунад. Ҳар мусалмоне, ки ботақво ва таваккалкунанда аст, Аллоҳ ба ӯ аз ҷойе ризқ медиҳад, ки дар фикри он набуд. Инсон агар молро дар тоати Парвардигор сарф кард, пас он хайр аст, вале агар онро дар гуноҳ сарф кард, пас он шарр аст. Зеро дар рӯзи қиёмат инсонро аз моле, ки касб кардааст пурсида мешавад. Ва инсон молу мулкро бисёр дӯст медорад, ки яке аз аломатҳои он; Фурӯхтани охират ба моли ночизи дунё ва фарқ накардани ҳалол аз ҳаром. Аллоҳ фармуд: “Бигӯ: Агар шумо молики хазинаҳои раҳмати Парвардигори ман будед, дар ин сурат ба хотири тангназарӣ худдорӣ мекардед, мабодо бахшиш сабаби тангдастии шумо шавад. Ва инсон тангназар аст”. Исро-100. Ва фармуд: “Чунин нест, ки шумо мепиндоред, ба яқин инсон саркашӣ мекунад, аз ин ки худро бениёз бибинад”. Алақ-6,7.
* * *
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ОДОБИ НЕКӢ БА ВОЛИДАЙН ДАР ҚУРЪОН ВА СУННАТ
آداب بر الوالدين في القرآن و السنة
ОДОБИ НЕКӢ БА ВОЛИДАЙН ДАР ҚУРЪОН ВА СУННАТ
Аллоҳ фармудааст: “Ва Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз Ўро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду, ё ҳар дуи онҳо, назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин беҳурматиро ба онҳо раво мадор ва бар онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу санҷида ва бузургворона бигӯ”.Нисо-23.25. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дӯстдоштатарин амал дар назди Парвардигор, хондани намоз ва некӣ ба падару модар аст”. Бухорӣ. Инчунин фармуданд: “Ҳақдортарин мардум ба сӯҳбати ту ин модарат, пас модарат, пас модарат ва пас падарат аст”.Бухорӣ. Ва фармуданд: “Ба назди падару модарат бозгард ва ба онҳо некӣ бикун!”. Муслим. Ва фармуданд:”Розигии Парвардигор дар розигии падар аст, ғазаби Парвардигор дар ғазаби падар аст”. Тирмизӣ. Албатта дар корҳои савоб, некӣ ба волидайн воҷиб аст, вале дар корҳои ширк ва маъсият некӣ ба онҳо ҷоиз нест, зеро Аллоҳ Холиқи ҳақиқӣ ва волидайн сабаби ба вуҷӯд овардани фарзандон ҳастанд. Куфри волидайн сабаби даст кашидани фарзанд аз онҳо нест. Шахсе, ки ба волидайни худ амали хайре накард, аз он инсон хайре нест. Дӯстдоштатарин амал дар назди Парвардигор, некӣ ба падару модар аст. Аллоҳ фармуд: “Аллоҳро ибодат кунед ва ба Ӯ чизеро шарик наоред ва ба падару модар некӣ кунед”. Нисо-36. Некӣ ба волидайн сабаби қабули амал аст, ки он зарурат ба сабр дорад. Ва барои ҳар мусалмон некӣ кардан ба волидайни худ фарзи айн аст.
****
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
رسالة مختصرة بعنوان (سؤالات في آية الكرسي)
ومضات
سؤالات في (آية الكرسي):
سلسلة علمية يتناول فيها أهم ما يتعلق بآية الكرسي من أحكام وفضائل وتفسير وفوائد على شكل سؤال وجواب
رسالة مختصرة بعنوان (سؤالات في سورة الفاتحة)
ومضات
سؤالات في سورة الفاتحة
سلسلة علمية يتناول فيها أهم ما يتعلق بسورة الفاتحة من أحكام وفضائل وتفسير وفوائد على شكل سؤال وجواب
БАДТАРИН МАРДУМ ОНЕ, КИ ДУ РӮЙ ДОРАД
شر الناس ذو الوجهين
БАДТАРИН МАРДУМ ОНЕ, КИ ДУ РӮЙ ДОРАД
Муъминон бояд аз мунофиқон барҳазар бошанд, зеро Паёмбар ﷺ фармуданд:“Бадтарини шумо оне, ки ду рӯй дорад”. Ривояти Бухорӣ. Албатта дар байни мардум шайтонҳои инсӣ ҳастанд, ки мардумро ба куфру маъсият даъват мекунанд, ки барои даъват ба гуноҳ, яке аз манҳаҷи шайтон ин макони хилват аст. Ва мунофиқон шуҷоъати кофие барои эълони имонашонро надоранд. Онҳо мехоҳанд дар назди кофирон иззат пайдо кунанд, лекин тамоми иззат дар назди Парвардигори оламиён аст. На ақидаи саҳеҳ ва на ахлоқи ҳамидае доранд. Мунофиқони ҳар замон ва ҳар макон аз ҳамдигар дар ақволу афъолашон фарқ мекунанд. Барои мунофиқон ягон маҷлис ва ё муносибате намемонад, магар ин ки дар ҳаққи ҳама муъминон сухани баде мегӯянд. Куфр як миллат аст, гарчанде шаклҳояшон гуногун бошад. Масқара кардан ин хулқе аз ахлоқи душманони Ислом аст. Бисёр доиёни Ислом шикоят аз масхара мекунанд, вале сирати Паёмбаронро фаромӯш карданд, Аллоҳ фармуд; “Инчунин ҳар Паёмбареро аз миёни кофирон душмане падид овардем. Ва Парвардигори ту барои роҳнамоиву ёрии ту кофист!”. Сураи Фурқон:31.
“Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Аллоҳи Ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд”. Буруҷ:8.
“Парвардигор касонеро ба масхара мегирад, ки бар мӯъминоне ки ба рағбат садақа медиҳанд ва беш аз тавоноии хеш чизе намеёбанд, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд. Ва онҳоро азобе дардовар аст.” Тавба:79.
***
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ҲУКМИ МАСХАРАИ ДИН ВА АҲЛИ ОН
حكم الاستهزاء بالدين وأهله
ҲУКМИ МАСХАРАИ ДИН ВА АҲЛИ ОН
Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳумо дар баёни сабаби нузули ин оят фармуд;”Шахсе дар ғазваи Табук дар маҷлисе гуфт; Мо ҳамонанди ин қориён, ки ба пурхурӣ рағбати зиёд доранд, дар забон дурӯғгӯйтар ва дар майдони ҷанг тарсончактар надидаем! Марде аз аҳли он маҷлис дар посухи вай гуфт; Дурӯғ гуфтӣ, ту мунофиқ ҳастӣ ва ин гапҳоро аз сари нифоқ мегӯйӣ, ман ин суханонатро ба Паёмбар ﷺ огоҳ хоҳам сохт. Ҳамон вақт буд, ки ин воқеъа ба Паёмбар ﷺ расид ва ин ояти Қуръон нозил гардид. Ровии ҳадис изофа мекунад, ки ман он шахси мунофиқро дидам, ки бар миёни ресмони шутури Паёмбар ﷺ овезон буд, дар ҳоле, ки сангҳо пойҳояшро мехарошид ва мегуфт; Эй Расулуллоҳ! Мо фақат бозӣ ва саргармӣ мекардем! Ва Паёмбар ﷺ ба ӯ мегуфтанд; “Оё ба Аллоҳ ва оёти ӯ ва Паёмбараш тамасхур ва масхара мекардед?”. (Сураи Тавба:65.66).
Сабаби масхараи дин ва аҳли он: 1. Бад дидан ва паст шуморидани аҳли ин Дини бузург. 2. Танбеҳ додани аҳли хайр ва нек. 3. Дӯст доштани ханда бар болои дигарон. 4. Такаббурӣ ва ба нафси худ ҳамеша бо тааҷҷуб назар кардан. 5. Ба душманони дини Аллоҳ тақлиди куркурона кардан. 6. Дӯст доштани динор ва дирҳам ва барои расидан бар он ба ҳаромкардаҳои Аллоҳ даст задан.
Пас мо мусалмонон дар ҳолати масхара кардани мунофиқон бояд ба хотири Аллоҳ ба азиятҳояшон сабр бикунем. Ба худ масхаракунанда ва хандандаҳоро дӯст нагирем. Аз шахсоне, ки беҳтар аз мо ҳастанд, ибрат бигирем, зеро муъминон ва даъватгарон аз беҳтарин мардумон ҳастанд. Аллоҳ фармудааст: “Сустӣ макунед ва андӯҳгин машавед, зеро агар имон оварда бошед, шумо ғолиб ҳастед”. Оли Имрон:139.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ХАСОРАТ ВА ЗИЁНИ МУНОФИҚОН
خسارة أهل النفاق
ХАСОРАТ ВА ЗИЁНИ МУНОФИҚОН
Аллоҳ мефармояд:”Ва чун ба мӯъминон мерасанд, мегӯянд: «Имон овардем». Ва чун бо шайтонҳои хеш хилват мекунанд, мегӯянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо масхараашон мекунем”. Бақара:14. Муфассирон дар баёни сабаби нузули ин оят гуфтанд; Ин оят дар бораи Абдуллоҳ ибни Убай ва ёронаш нозил шуд. Мунофиқ дар назди аҳли луғат он шахсе аст, ки имонро зоҳир карда, куфрро пинҳон кунад. Яъне, дар зоҳир мусалмон аст, ки тамоми амалҳоро ҳамроҳи мусалмонон иҷро мекунад ва дар ботин ба ин амалҳо кофир аст ва дар қалбаш заррае аз имон вуҷӯд надорад. Мунофиқон баъзе амалҳоро зоҳиран барпо медоранд, ба мисли намоз, рӯза, ҳаҷ, ҷиҳод ва ғайраҳо, ки дар ботин ба ин амалҳо бовар надоранд. Онҳо амали савоберо барпо намедоранд, магар бо танбалив ва бадбинӣ. Онҳо бо Ислом ва аҳли он ҳиллаву найрангҳоро истифода мебаранд ва ҳамеша барои фасод дар саъйу кушишанд. Мунофиқон дар байни мусалмон қасди фитна андозиро доранд ва дӯст доранд, ки ҳама мардум дар шаҳру деҳоти мусалмоннишин пайрави фаҳшо бошанд. Ва зарари мунофиқон шадидтар аз зарари кофироне аст, ки даъвои куфр мекунанд. Силоҳи мунофиқон ин макр, фиреб, дурӯғ, шаҳодати дурӯғ, суханчинӣ, айбҷуйӣ, хиёнат, хилофи ваъда, амр ба мункар, наҳй аз маъруф аст. Онҳо ҳамеша дар масхараи муъминон ҳастанд. Мунофиқон худро доно гирифта, дигар муъминонро ҷоҳил меноманд. Аллоҳ фармуд: “Бигӯ: Оё шуморо ба он касоне хабардор кунам, ки аз рӯйи амал зиёнкортарини мардуманд? Онҳо касоне мебошанд, ки саъйу кушишашон дар зиндагии дунё гум шуд ва онҳо гумон доранд, ки дар амал некӯкорӣ мекунанд”. Каҳф:103, 104.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
КАЛИМАИ ЗИЛЗИЛА ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ
كلمة زلزلة في القرآن الكريم
КАЛИМАИ ЗИЛЗИЛА ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ
1.Зилзилаи дунё; “Ҳангоме, ки замин сахт ба ларза дарояд. Ва замин борҳои вазнинашро хориҷ созад. Ва инсон мегӯяд: «Заминро чӣ мешавад, ки ин гуна меларзад?!”. Сураи Зилзол.
2. Зилзилаи охират; “Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед, ки зилзилаи қиёмат ҳодисаи бузургест. Он рӯз, ки онро бибинед, ҳар ширдиҳанде ширхораашро аз ёд бибарад ва ҳар зани ҳомилае бори худро бар замин биниҳад ва мардумонро чун мастшуда бибинӣ, ҳол он ки онҳо маст нестанд, балки азоби Аллоҳ сахт аст”. Ҳаҷ-1.2.
2.Зилзилаи замин ва кӯҳҳо; “Дар он рӯз, ки замин ва кӯҳҳо сахт ба ларза оянд ва кӯҳҳо ба монанди тали рег аз ҳам пошида шаванд”. Музаммил-14.
4. Наъраи осмонӣ; “Ва касонеро, ки ситам карда буданд, сайҳаи (наъраи) осмонӣ фурӯ гирифт ва дар хонаҳояшон ба рӯй афтоданд ва мурданд. Он чунон, ки гӯё ҳаргиз сокини он диёр набуданд!”. Ҳуд-67.68.
5. Фурӯ бурдани замин; “Оё онон, ки дар ҳаққи Паёмбарон ва муъминон тадбирҳои бад андешиданд, аз он эмин шуданд, ки Аллоҳ онҳоро ба замин фурӯ барад ё аз он ҷое, ки намедонанд, азоб бар онҳо биёяд?!”. Наҳл-45.
6. Шикоф шудани замин; “Агар ин Қуръонро бар кӯҳе нозил мекардем, албатта онро аз тарси Аллоҳ ниёишкунанда ва пора пора шаванда медидӣ. Ва ин достонҳое аст, ки барои мардумон баён мекунем, шояд онҳо бияндешанд”. Ҳашр-21.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ТАРС АЗ АЛЛОҲ АЗ МУҲИМТАРИН СИФОТИ МУЪМИН АСТ
الخوف من الله من أهم صفات المؤمن
ТАРС АЗ АЛЛОҲ АЗ МУҲИМТАРИН СИФОТИ МУЪМИН АСТ
Тарс аз Аллоҳ ва парҳезгорӣ аз муҳимтарин сифоти муъминон аст. Ва он дур шудан аз корҳои ҳароме мебошад, ки дар он ғазаби Парвардигор бошад. Тарс аз Аллоҳ, наҷот аз азоби Парвардигор дар рӯзи қиёмат аст. Тарс аз Аллоҳ иқрор шудан ба биъсати Паёмбарон алайҳимус салом аст. Инсон бояд аз Аллоҳ битарсад ва дигаронро ба худотарсӣ даъват бикунад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мардумро ба он чизе, ки фоидаи дунявӣ ва ухравӣ дорад, даъват мекарданд, зеро калом ва ваъдаҳои Парвардигор ҳақ аст. Тарс аз Аллоҳ ва парҳезгорӣ ин тоъати Парвардигор ва наҷот аз ғазаби Ӯст. Ва сабаби дохил шудан ба сояи Арш аст, ки дар он рӯз сояе нест, магар сояи Ӯ таъоло. Тарс аз Аллоҳ наҷот аз тамоми бадиҳо, мағфирати Аллоҳ, дарёфти амн, хушбахтӣ дар дунё ва охират, комилии имон, зебогии Ислом, равшании қалб ва покии нафс аст. Тарс аз Аллоҳ асли ҳама чизҳои хайр дар дунё мебошад. Қалбе, ки тарс аз Аллоҳ надорад, он қалби мариз ва хароб аст. Парҳезгорӣ сабаби бардошта шудани тарс дар охират ва кафорати гуноҳони гузашта ва наҷот аз оташи дӯзах аст. Парҳезгорӣ аҷру савоби бузург дорад, ки инсонро ба сӯйи биҳишт мебарад. Парҳезгорӣ наҷот аз азоби дунё ва баромадан аз тамоми тангиҳои он аст. Барои парҳезгор аз ҷойе ризқ меояд, ки дар гумонаш набуд. Аллоҳ дар Қуръон фармуд: “Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, барои ӯ роҳи халосие падид меорад. Ва ба ӯ аз он ҷое, ки гумон надорад, ризқ медиҳад”. Талоқ:2,3.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ











