
АМР БА МАЪРУФ ВА НАҲЙ АЗ МУНКАР
АМР БА МАЪРУФ ВА НАҲЙ АЗ МУНКАР Оё падару модар ва бародар ва хешу табори худро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бикунем? Дар шариъат машруъ он аст, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва даъват бояд аввал аз хешу табор ва ҳамнишинон сар шавад. Аллоҳ таъоло ба Паёмбар ﷺ мегуяд: "Ва...
АМР БА МАЪРУФ ВА НАҲЙ АЗ МУНКАР
АМР БА МАЪРУФ ВА НАҲЙ АЗ МУНКАР
Оё падару модар ва бародар ва хешу табори худро амр ба маъруф ва наҳй аз мункар бикунем?
Дар шариъат машруъ он аст, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва даъват бояд аввал аз хешу табор ва ҳамнишинон сар шавад. Аллоҳ таъоло ба Паёмбар ﷺ мегуяд: "Ва хешовандони наздики худро бим кун". Сураи Шуъаро: 214. Ва инчунин мефармояд: "Эй ононе, ки имон овардед, худ ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташангези он мардумон ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред". Сураи Таҳрим: 6. Пас шахси муъмин аз атрофи худ даъватро шуруъ кунад. Аллоҳ таъоло ба Паёмбари худ ﷺ мегуяд: "Ин китобе аст, ки бар ту фуруд оварда шуд, пас бояд дар синаи ту аз он ҳеҷ тангӣ набошад. (яъне аз таблиғи он) то ба он бим куни". Сураи Аъроф: 2. Ва Аллоҳ таъоло барои мо дар бисёр сураҳо мисолҳо овардааст: Ба мисли қиссаи Иброҳим алайҳис салом бо ҳамроҳии падараш. Ва қиссаи Нуҳ алайҳис салом бо ҳамроҳии писараш ва қиссаи Фиръавн (лаънати Аллоҳ
бар ӯ бод) бо ҳамроҳии занаш, ки бояд мо ин қиссаҳоро бихонем!.
File | Action |
---|---|
5908899024268804301_121.jpg | Download |

АМР БА МАЪРУФ ВА НАҲЙ АЗ МУНКАР
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device