Абрешим ва дибоҷро напӯшед ва дар зарфҳои тилло ва нуқра нанӯшед ва дар зарфҳои он ғизо нахӯред. Зеро инҳо дар дунё барои онҳо (яъне кофирон) аст ва дар охират барои мо
Аз Абдурраҳмон ибни Абулайло ривоят аст, ки онон назди Ҳузайфа буданд, пас ӯ об хост ва як маҷусӣ барояш об дод, аммо ҳамин ки қадаҳи обро дар дасташ гузошт, ӯ онро партофт ва гуфт: Агар ӯро зиёда аз як ё ду бор (аз истифодаи зарфи нуқра) наҳй накарда будам, ин корро на…

