HadeethEnc · 1.27.0
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо як соъ то панҷ муд ғусл ва бо як муд вузӯ мекарданд
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо як соъ то панҷ муд ғусл ва бо як муд вузӯ мекарданд.
02
Explanation
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷанобат бо як соъ то панҷ муд ғусл мекард ва барои вузӯ бо як муд иктифо менамуд. Соъ — баробар ба чаҳор муд аст.
Муд — ба андозаи пурии ду кафи дасти як шахси миёнахилқат аст.

03
Benefits
Сарфаҷӯйи дар истифодаи об, ҳангоми вузӯ ва ғусл ҷоиз аст. Ҳатто агар об фаровон ҳам бошад, набояд онро беҳуда исроф кард.
Кам истифода бурдани об дар вақти вузӯ ва ғусл ва ба андозаи зарурӣ истифода бурдани он мустаҳаб аст. Ба қадри ҳоҷат истифода бурдани об аз роҳу равиши Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ғусл ва вузӯ буд.
Мақсад аз ин, анҷом додани таҳорат ва ғусл ба таври комил бо риояи суннатҳо ва одобҳо мебошад, бе исроф ва бе бахилӣ. Ҳамчунин бояд шароити вақт, фаровонӣ ё камии об ва дигар ҳолатҳо ба назар гирифта шаванд.
Ҷанобат ё ҷунуб бар шахсе мегӯянд, ки аз ӯ оби манӣ баромадааст, хоҳ бо ҷимоъ бошад ё бо роҳи дигар. Ин ҳолатро аз он сабаб ҷанобат ном ниҳоданд, ки соҳибаш аз намоз ва ибодатҳо дурӣ меҷӯяд, то ин ки ғусл кунад ва пок шавад.
Соъ — як андозаи маъруфи ченкунии ҳаҷм аст ва мақсад аз он соъи набавӣ мебошад. Вазни он ба (480) мисқол аз гандуми хуб мерасад ва ба литр, тақрибан 3 литрро ташкил медиҳад.
Муд — воҳиди ченкунии шаръист, ки баробар аст ба миқдори об ё ғизое, ки шахси миёнахилқат бо пурии ду кафи дастонаш гирифта, дастро дароз мекунад. Муд чоряки соъ аст, ба иттифоқи фақеҳон. Миқдори он тахминан 750 миллилитр мебошад.

Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
3Views0Cards0Shares