HadeethEnc · 1.27.0
Оби баҳр пок аст (барои вузӯ гирифтан), (ҳайвони) мурдаи он ҳалол аст
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Эй Расулуллоҳ, мо ба баҳр сафар мекунем ва ҳамроҳи худ оби каме мегирем, агар бо он об вузӯ бигирем, ташна мемонем, оё метавонем бо оби баҳр вузӯ бигирем? Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оби баҳр пок аст (барои вузӯ гирифтан), (ҳайвони) мурдаи он ҳалол аст."
02
Explanation
Марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки мо дар баҳр бо киштиҳо барои шикор ё тиҷорат ва дигар корҳо сафар мекунем ва бо худ каме оби нӯшиданӣ мебарем. Агар он обро барои вузӯ ва ғусл истеъмол кунем, тамом мешавад ва бароямон оби нӯшидани намемонад. Оё барои мо ҷоиз аст, ки бо оби баҳр вузӯ бигирем?
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: оби баҳр пок ва поккунанда аст, вузӯ ва ғусл кардан бо он ҷоиз аст. Инчунин хӯрдани он чи аз он берун меояд, монанди моҳӣ, наҳанг ва ғайра ҷоиз аст, ҳатто агар онҳо мурда дар болои об ва бе шикори одамӣ бошад.

03
Benefits
Мурдаи ҳайвони баҳр ҳалол аст. Мақсад аз мурдаи он ин аст, ки ҷонвароне, ки танҳо дар баҳр зиндагӣ мекунанд ва дар он мемиранд, мурдаи онҳо ҳалол ҳисоб мешавад.
Посухи бештар аз пурсиши саволкунанда барои комил шудани фоида.
Об агар таъм, ранг ё бӯйи он бо чизе пок тағйир ёбад, ҳанӯз ҳам покӣ ва поккунандагии худро нигоҳ медорад, то даме ки об бо асли худ боқӣ монда бошад, ҳатто агар шӯрӣ, гармӣ ё сарди ва монанди ин дар он зиёд шавад.
Оби баҳр наҷосатҳои бузург (ҷанобат) ва хурдро (бе вузӯ) аз байн мебарад ва ҳар гуна наҷосатеро, ки бар тани одам, либос ё дигар чизҳо афтода бошад, пок мекунад.

Attribution
[رواه أبو داود والترمذي والنسائي وابن ماجه وأحمد]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
0Views0Cards0Shares