HadeethEnc · 1.20.0
Ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръон буд
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Саъд ибни Ҳишом ибни Ъомир вақте назди Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) даромад, гуфт: Эй модари муъминон манро аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бигӯ! Гуфт: Оё Қуръонро намехонӣ? Гуфт: бале мехонам, гуфт: Ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръон буд.
02
Explanation
Модари муъминон Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд, ӯ саволдиҳандаро бисёр ба як сухани фарогир, яъне Қуръони карим, ки тамоми сифоти комилро дар худ дорад, посух гуфтанд. Ҳазрати Оиша гуфтанд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ахлоқи Қуръонро дошт, ончи Қуръон амр фармудааст анҷом медод ва аз ончи наҳй кардааст дурӣ меҷуст, аз ахлоқи ӯ амал карда ба Қуръон ва пойбанд ба аҳкоми он буд, пойбанди тарбияти қуръонӣ буд ва ба амсолу қиссаҳои он эътибор медоданд.
03
Benefits
Ташвиқ ва тарғиб ба пайравӣ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар қабули ахлоқи қуръонӣ.
Ситоиши ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва инки ахлоқи неки ӯ аз нури ваҳй буд.
Қуръон сарчашмаи тамоми ахлоқи нек аст.
Ахлоқ дар Ислом тамоми дин, яъне анҷом додани дастурот ва дурӣ аз навоҳиро, фаро мегирад.
Ситоиши ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва инки ахлоқи неки ӯ аз нури ваҳй буд.
Қуръон сарчашмаи тамоми ахлоқи нек аст.
Ахлоқ дар Ислом тамоми дин, яъне анҷом додани дастурот ва дурӣ аз навоҳиро, фаро мегирад.
Attribution
[رواه مسلم في جملة حديثٍ طويلٍ]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

