Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ Таъоло тар нигаҳдор
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдулло ибни Буср (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде ба назди Паёмбар(Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Эй Расули Худо ба дурустӣ, ки фармудаҳои Ислом бар мо хеле бисёр шудааст, оё ягон амале ҳаст, ки бо анҷом доданаш ҳамаи амалҳоро шомил шавад? Фармуданд: "Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ Таъоло тар нигаҳдор". Дар ривояти дигаре аз ҳадиси Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) омадааст: "Охирин чизе, ки ман бо он аз Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷудо шудам, ин буд ки пурсидам: Кадом амал беҳтарин ва наздиктарин ба Худо аст?
Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Он ки дар ҳоле бимирӣ, ки забонат аз зикри Худои Азза ва Ҷалла тар бошад".
Explanation
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро роҳнамоӣ кард, ки ҳамеша забонаш ба зикри Худованд, дар ҳар вақт ва ҳар ҳолат тар бошад, ба монанди тасбеҳ (субҳоналлоҳ), таҳмид (алҳамдулиллоҳ), истиғфор (астағфируллоҳ), дуо ва дигар зикрҳои ба ин монанд.
Benefits
Аз бузургтарин фазли Худо осон кардани роҳҳои ба даст овардани савоб аст.
Бартарии бандагон бар якдигар, саҳми онҳо дар корҳои некӣ ва хайр аст.
Зиёд зикр кардани номи Аллоҳ бо забон, бо тасбеҳ, таҳмид, таҳлил, такбир ва ғайра, ҳамроҳ бо мувофиқати дил, ҷойгузини бештари ибодатҳои нафлӣ аст.
Мурооти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар посухи саволдиҳанда ба он чи ки муносиби ҳолати ӯ аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

