Эй ҷавон! ба дурустӣ ки ман туро якчанд панде биомӯзам: (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро дар рӯ ба рӯят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯӣ аз Худо ёрӣ биҷӯ
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абулаббос Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе пушти сари Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будам, ки гуфт: "Эй ҷавон! ба дурустӣ ки ман туро якчанд панде биомӯзам: (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро дар рӯ ба рӯят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯӣ аз Худо ёрӣ биҷӯ. Ва бидон, ки агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то туро ба чизе ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст; ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то ба ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва номаҳо хушк шудаанд". Ва дар ривояти ғайри Тирмизӣ чунин омадааст: "(Ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро ҳамроҳат биёбӣ; дар фаровонӣ Худоро бишинос, то Худо туро дар сахтӣ бишиносад. Ва бидон, ки он чи дар сарнавишти ту нест, ба ту нахоҳад расид; ва он чи ба ту расид, наметавонист ба ту нарасад. Ва бидон, ки нусрати Худо ҳамроҳи устуворӣ аст; ва кушоиш ҳамроҳи сахтӣ аст; ва дар ҳақиқат ҳамроҳи ҳар як душворӣ осонӣ аст".
Explanation
Benefits
Подош аз ҷинси амал аст.
Амр ба эътимод ва таваккул кардани танҳо бар Худо, ва Ӯ Таъоло беҳтарин корсоз ва пуштибон аст.
Имон ба қазо ва қадар ва розӣ будан ба он, ва инки Худованд ҳама чизро муқаддар кардааст.
Ҳар кӣ аз фармони Худованд саркашӣ ва кӯтоҳӣ кунад, Худованд ӯро зоеъ месозад ва аз ӯ муҳофизат намекунад.
Муждаи бузург ин аст, ки ҳаргоҳ инсон ба тангӣ ва душворӣ дучор шавад, бояд мунтазири осонӣ бошад.
Оромиш барои банда дар вақти расидани мусибат ва аз даст рафтани чизе, ки дӯсташ медошт, дар сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) зикр шудааст: "Бидон, он чи ба ту расид, ҳаргиз наметавонист аз ту бигзарад; ва он чи аз ту бозмонд ва ба ту нарасид, ҳаргиз наметавонист ба ту бирасад". Ҷумлаи аввал тасаллӣ медиҳад дар баробари чизҳои ногуворе, ки ба инсон расидааст, яъне ин кори тақдир буд. Ҷумлаи дувум оромӣ мебахшад дар баробари он чизҳое, ки дӯсташ медошт, вале онҳоро аз даст дод, яъне аслан барои ту муқаррар нашуда буд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

