HadeethEnc · 1.24.0
Вой бар пошнаҳо (пушти пойҳо) аз оташ! Вузӯро комил анҷом диҳед!
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибн Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Ҳамроҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Макка ба сӯи Мадина баргаштем. То ин ки дар роҳ ба обе расидем. Вақти намози аср буд, гурӯҳе аз мардум шитоб карданд ва бо шитоб вузӯ гирифтанд. Ҳангоме ки ба назди онҳо расидем, дидем, ки пошнаҳои пойҳояшон хушк мондаанд ва ба онҳо об нарасидааст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Вой бар пошнаҳо (пушти пойҳо) аз оташ! Вузӯро комил анҷом диҳед!"
02
Explanation
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳи саҳобагон аз Макка ба Мадина сафар кард. Дар роҳ ба ҷои обе расиданд. Баъзе аз саҳобаҳо барои намози аср бо шитоб вузӯ гирифтанд, то ҷое, ки қафои пойҳояшон хушк монда буд ва об нарасида буд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Азоби оташ барои онҳое аст, ки қафои пойҳояшонро дар вузӯ хуб намешӯянд." Ва фармуданд, ки вузӯро бо диққат ва комилу пурра анҷом диҳанд.
03
Benefits
Шустани пойҳо дар вузӯ воҷиб аст, агар масҳ кашидан кифоят мебуд, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касонеро, ки пушти пойҳояшонро нашустанд, ба оташи дӯзах таҳдид намекард.
Шустани комили аъзое, ки дар вузӯ бояд шуста шаванд, воҷиб аст. Агар касе қасдан ё бо саҳлангорӣ як қисми хурди узви воҷиби вузӯро нашӯяд, намозаш дуруст нест.
Аҳамияти таълим додани касе, ки намедонад ва роҳнамоии ӯ.
Олими дин вақте зоеъ шудани фароиз ва суннатҳоеро мебинад, бояд бо шеваи муносиб инкор ва ислоҳ намояд.
Муҳаммад Исҳоқи Деҳлавӣ мегӯяд: Исбоғ (яъне пурра шустан дар таҳорат) се навъ аст: Фарз - фаро гирифтани шустан тамоми ҷои фармудашуда бо об як бор. Суннат - се маротиба шустани узв. Мустаҳаб - камоли шустан бо се маротиба сурат мегирад.

Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
0Views0Cards0Shares