Ба дурустӣ, ки Худованд танҳо он амалеро мепазирад, ки холисона барои Ӯ анҷом дода шуда бошад ва бо он танҳо розигии Худованд талаб карда шуда бошад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуумомаи Боҳилӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Агар марде барои мол ва шуҳрат ба ҷиҳод равад ва биҷангад, барои ӯ чӣ аст? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Барояш ҳеҷ чиз нест." Он мард ин саволро се маротиба такрор кард ва ҳар бор Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барояш ҳамон ҷавобро мегуфт: "Барояш ҳеҷ чиз нест." Баъд аз он Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ба дурустӣ, ки Худованд танҳо он амалеро мепазирад, ки холисона барои Ӯ анҷом дода шуда бошад ва бо он танҳо розигии Худованд талаб карда шуда бошад."
Explanation
Баъд аз он Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қоидаи қабули амал дар назди Худовандро гуфтанд, ки Худованд танҳо он амалро қабул мекунад, ки пурра барои Ӯ ва танҳо барои розигии Ӯ анҷом шудааст, бе шарик қарор додани касе ё чизе дигар дар он амал.
Benefits
Яке аз хубии ҷавоби муфтӣ ин аст, ки фатвояш мақсади саволкунанда ва бештар аз онро бароварда созад.
Таъкиди аҳамияти масъала бо такрори пурсиш дар бораи он.
Муҷоҳиди ҳақиқӣ он касест, ки барои баланд бардоштани калимаи Аллоҳ ва ҷустуҷӯи подош ва савоби охират ҷиҳод кунад, бо нияти холис ва самимӣ, на барои ба даст овардани дунё.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

