Эй мардум! Худованд бори ҷаҳолат ва расвоӣ ва фахрфурӯшӣ ба падаронро аз шумо дур кард
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки фармуд: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи Фатҳи Макка дар хитоб ба мардум фармуданд: Эй мардум! Худованд бори ҷаҳолат ва расвоӣ ва фахрфурӯшӣ ба падаронро аз шумо дур кард. Бинобар ин мардум ду навъанд: солеҳ ва парҳезгор, ки дар назди Аллоҳ гиромӣ аст, ва нофармон, бадбахт, ки назди Аллоҳ беарзиш аст. Ва мардум фарзандони Одам ҳастанд ва Аллоҳ Одамро аз хок офарид. Аллоҳ Таъоло мефармояд: "Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ Таъоло парҳезкортарини шумост ва Аллоҳ Таъоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст." (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13).
Explanation
Ё муъмини парҳезгор, солеҳ, фармонбардор ва ибодаткунандаи Аллоҳи бузург аст, ки ин назди Аллоҳ гиромӣ аст, ҳатто агар назди мардум дорои ҳасаб ва насаб набошад.
Ва ё ин ки кофири фоҷири бадбахт, ки чунин одам назди Аллоҳ беарзишу хор аст, агарчи назди мардум қудрату обрӯ ва эътибор дошта бошад.
Ва ҳамаи мардум фарзандони Одам ҳастанд ва Аллоҳ Одамро аз хок офарид, пас барои касе, ки аз хок офарида шудааст, сазовор нест, ки такаббур ва худписандӣ кунад. Ва мисдоқи он ин сухани Аллоҳ Таъоло аст, ки мефармояд: "Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ Таъоло парҳезкортарини шумост; ва Аллоҳ Таъоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст." (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13).
Benefits
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

