Ба назди ӯ баргард ва бигӯ, ки ту аз аҳли дӯзах нестӣ, балки аз аҳли биҳишт ҳастӣ
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Собит ибни Қайсро ҷустуҷӯ кард, наёфт, марде гуфт: Ман аз ӯ бароят хабар меоварам. Пас назди ӯ рафт, дид, ки дар хонааш сарашро зер андохта нишаста аст. Аз ӯ пурсид: Туро чӣ шудааст? Гуфт: Шар (бадӣ расидааст). Ӯ садояшро бар садои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боло мебурд, дар натиҷа амалаш аз байн рафтааст ва аз аҳли дӯзах аст. Пас, он мард баргашт ва ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт, ки ӯ чунин ва чунон гуфтааст. Пас бори дуввум бо башорати бузурге ба назди ӯ бозгашт. Зеро (Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба назди ӯ баргард ва бигӯ, ки ту аз аҳли дӯзах нестӣ, балки аз аҳли биҳишт ҳастӣ."
Explanation
Он мард ба сӯи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баргашт ва инро барояш гуфт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро амр кард, ки ба назди Собит баргардад ва ӯро башорат диҳад, ки аз аҳли дӯзах нест, балки аз аҳли биҳишт аст. Зеро ӯ чунин офарида шудааст, ки овози баланд дорад ва ӯ хатиби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ансор буд.
Benefits
Ғамхории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба саҳобагон ва пурсидан аз аҳволашон.
Тарси саҳобагон (разияллоҳу анҳум) ва бими онон аз ин ки амалҳояшон нобуд шавад.
Дар гуфтор бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоли зиндагияш бо одоб будан ва поин овардани овозҳо дар ҳоли шунидани суннаташ баъд аз вафоташ, воҷиб аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

