Он чи ту мегӯӣ ва ба он даъват мекунӣ бешак неку аст, бароямон бигӯӣ, ки он чи мо анҷом додаем каффорае дорад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки фармуд: Мардуме аз аҳли ширк, ки дар қатлу зинокорӣ зиёдаравӣ карда буданд, назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд ва гуфтанд: Он чи ту мегӯӣ ва ба он даъват мекунӣ бешак неку аст, бароямон бигӯӣ, ки он чи мо анҷом додаем каффорае дорад? Пас, ин оят нозил шуд: "Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ Таъоло маъбуди дигаре намехонанд ва касе, ки Аллоҳ Таъоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд" (Сураи Фурқон, ояти 68).
Ва инчунин ояти дигаре нозил шуд: "[Эй Паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед...," (Сураи Зумар, ояти 53).
Explanation
Пас, ин ду оят нозил шуд ва Аллоҳ тавбаи мардумро бо вуҷуди гуноҳони бузург ва зиёд, пазируфт. Ва агар чунин намебуд, ба куфру туғёнашон идома медоданд ва вориди ин дин намешуданд.
Benefits
Фаровонии раҳмату мағфират ва омурзиши Аллоҳ нисбат ба бандагонаш.
Ширк ва куштан ба ноҳақ ва зино кардан ҳаром аст ва ҳар касе муртакиби ин гуноҳон шавад, барояш таҳдид ва ваъид аст.
Тавбаи самимӣ дар якҷоягӣ бо ихлос ва аъмоли нек ҳамаи гуноҳҳои бузург, аз ҷумла куфр ба Худои Таъолоро пок мекунад.
Ноумедӣ ва маъюсӣ аз раҳмати Аллоҳ Таъоло ҳаром аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

