HadeethEnc · 1.20.0
Худованд дӯст медорад ба рухсатҳо (осониҳое, ки Худованд дар ибодатҳояш иҷозат додааст) амал карда шавад, ҳамонгуна, ки дӯст медорад ба дастурот (фарз ва воҷибот)-аш амал карда шавад
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Худованд дӯст медорад ба рухсатҳо (осониҳое, ки Худованд дар ибодатҳояш иҷозат додааст) амал карда шавад, ҳамонгуна, ки дӯст медорад ба дастурот (фарз ва воҷибот)-аш амал карда шавад".
02
Explanation
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медорад, ки Худованд дӯст медорад ба осониҳои шаръӣ - рухсат ва осонӣ дар ибодатҳо ва аҳкоми шариъат, ба монанди қаср хондан дар сафар ва ё ҷамъ кардани ду намоз дар як вақт - амал кунанд. Ҳамонгуна, ки Ӯ Таъоло дӯст медорад дастурот, фарз ва воҷибот, ки бар бандагон муқарар кардааст, анҷом дода шаванд. Зеро фармони Худовандӣ дар дастурот ва рухсатҳо як аст.
03
Benefits
Аз раҳмату меҳрубонии Худованд бар бандагонаш ин аст, ки Ӯ Таъоло дӯст медорад ба осониҳо, ки дар шаръ додааст, амал карда шавад.
Ин як шариати комил аст ва машаққат (сахтӣ ва душворӣ) аз ин уммат бардошта шудааст.
Ин як шариати комил аст ва машаққат (сахтӣ ва душворӣ) аз ин уммат бардошта шудааст.
Attribution
[رواه ابن حبان]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

