HadeethEnc · 1.32.0
Бо мушрикон, бо молҳоятон, ҷонҳоятон ва забонҳоятон ҷиҳод кунед
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Бо мушрикон, бо молҳоятон, ҷонҳоятон ва забонҳоятон ҷиҳод кунед."
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр карданд, ки бо кофирон ҷиҳоду мубориза бурда шавад ва бо тамоми имконот дар муқобили онҳо кӯшиш ба харҷ дода шавад, то калимаи Худованд болотар бошад. Аз ҷумлаи он:
Аввал: Сарф кардани мол дар роҳи ҷиҳод бар зидди онҳо, аз ҷумла харидани силоҳ, таъмин кардани муҷоҳидон ва монанди он.
Дувум: Баромадан бо ҷону тан, яъне хуруҷ ба ҷабҳа барои рӯбарӯ шудан ва дифоъ аз дини Худо.
Севум: Даъват кардан бо забон, ба ин дин, иқомаи ҳуҷҷат бар алайҳи онон, маломат кардан ва посух додан ба онон бо сухан ва ҳуҷҷат.

03
Benefits
Тарғиб ба ҷиҳоди мушрикон бо ҷон, мол ва забон, ҳар кас мувофиқи тавоноии худ. Ва ин ки ҷиҳод танҳо ба ҷангидан бо ҷон маҳдуд намешавад.
Фармони ҷиҳод далолат бар воҷиб будани онро дорад: баъзан воҷиби айнӣ (шахси муайян) мешавад ва гоҳе воҷиби кифоӣ.
Худованд ҷиҳодро ба чанд ҳикмат машруъ гардонидааст, аз ҷумла: Якум: мубориза бо ширк ва мушрикон, зеро Худованд ҳеҷ гоҳ ширкро намепазирад. Дувум: бартараф кардани монеаҳое, ки дар роҳи даъват ба сӯи Худо пайдо мешаванд. Севум: ҳифзи ақида аз ҳар чизе, ки бо он мухолиф аст. Чаҳорум: дифоъ аз мусалмонҳо, аз ватани онҳо ва аз номус ва молу амволашон.

Attribution
[رواه أبو داود والنسائي وأحمد]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
4Views0Cards0Shares