HadeethEnc · 1.27.0
Ҳар касе савганд ёд кард ва дар савгандаш гуфт: қасам ба Лот ва Уззо, бояд "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд. Ва ҳар кас ба дӯсташ бигӯяд: биё қиморбозӣ кунем, бояд садақа диҳад
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе савганд ёд кард ва дар савгандаш гуфт: қасам ба Лот ва Уззо, бояд "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд. Ва ҳар кас ба дӯсташ бигӯяд: биё қиморбозӣ кунем, бояд садақа диҳад."
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз савганд ёд кардан ба ғайри Аллоҳ Таъоло ҳушдор медиҳад. Зеро муъмин танҳо ба Аллоҳ савганд ёд мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки ҳар касе ба ғайри Аллоҳ савганд ёд кард, мисли ин ки бигӯяд: савганд ба Лот ва Уззо — ин ду буте буданд, ки дар ҷоҳилият пеш аз Ислом ибодат мешуданд — бояд баъд аз савгандаш "Ло илоҳа иллалоҳ" бигӯяд, то ин ки ширкро аз худ дур кунад ва каффораи савгандаш бошад.
Сипас Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт, ки ҳар касе ба дӯсти худ мегӯяд: "Биё қиморбозӣ кунем", — ин маънои рақобат кардан байни ду ё зиёда аз ду нафар, бо пул ё чизе барои шахси ғолиб гузошта мешавад, аст ва ҳар касе ғолиб омад он пулро ё чизро мегирад ва ҳар яке аз онҳо ё ғолиб мешавад ё бохт мекунад — дар ин ҳолат мустаҳаб аст, ки барои каффораи гуноҳаш, ки ӯро ба бозӣ даъват кардааст, садақае бидиҳад.

03
Benefits
Қасам хӯрдан танҳо бо Аллоҳ, номҳо ва сифатҳояш ҷоиз аст.
Қасам ёд кардан ба ғайри Аллоҳ ҳаром аст, хоҳ он қасам ба бутҳо, мисли Лот ва Уззо бошад, ё қасам ба ваъда, ё қасам ба Паёмбар ё дигар чизҳо бошад.
Хаттобӣ мегӯяд, қасам танҳо бояд ба маъбуди бузург бошад. Бинобар ин агар касе ба Лот ва монанди он қасам ёд кунад, аз ин ҷиҳат бо кофирон монандӣ кардааст. Аз ин рӯ, Паёмбар фармуд, ки бо калимаи тавҳид худро ислоҳ кунад.
Касе, ки ба ҷуз Худо қасам хӯрад, барои ӯ каффораи қасам лозим нест, балки барои ӯ тавба ва истиғфор зарур аст, зеро ин гуноҳ бузургтар аз он аст, ки бо чизе ҷуз тавба пок шавад.
Қиморбозӣ бо ҳама шаклҳо ва навъҳояш ҳаром аст. Қимор ҳамон майсир аст, ки Худованд ҳамроҳи май (машруботи спиртӣ) ва бутҳо зикр карда, ҳаромаш гардонидааст.
Ҳангоми содир кардани гуноҳ, боз гаштан аз гуноҳ воҷиб аст.
Ҳар касе гуноҳе содир кард, бояд пас аз он кори неке анҷом диҳад, зеро корҳои нек гуноҳонро пок мекунанд.

Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
2Views0Cards0Shares