Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат Аллоҳ Таъоло фармуд: Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад. Ва бандаам ҳамвора бо нафлҳо ба ман наздики меҷӯяд, то ин ки дӯсташ бидорам ва чун дӯсташ доштам, ман гӯши ӯ мешавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, ки бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он мегирад ва пойи ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад. Ва агар аз ман бихоҳад, қатъан, ба ӯ ато хоҳам кард ва агар аз ман паноҳ бихоҳад, ӯро паноҳ хоҳам дод. Ва дар ҳеҷ коре, ки анҷомаш медиҳам, ба андозаи гирифтани ҷони муъмин тараддуд накардаам, ӯ маргро намеписандад ва ман ҳам озори ӯро намеписандам".
Explanation
Валӣ: Муъмини солеҳ ва парҳезгор аст ва ҳар чи қадар банда аз имон ва тақво бархурдор бошад, ҳамон қадар аз вилояти Аллоҳ баҳраманд хоҳад шуд. Ва мусалмон бо чизе ба Парвардигораш наздик нашудааст, ки назди Парвардигор маҳбубтар аз анҷоми фарзҳояш ва тарки ҳаромҳояш бошад. Ва банда ҳамвора бо анҷом додани нафлҳо бо ҳамроҳии фарзҳояш ба Парвардигораш наздиктар мешавад, то ин ки муҳаббати Аллоҳро ба даст орад. Чун Аллоҳ ӯро дӯст бидорад, ӯро дар ин чаҳор узваш тавфиқи кори дуруст медиҳад:
Дар шунавоияш ӯро тавфиқ медиҳад, пас танҳо чизеро мешунавад, ки Аллоҳ аз он розӣ аст.
Ва дар биноияш ӯро тавфиқ медиҳад, пас танҳо чизеро мебинад, ки Аллоҳ онро дӯст медорад ва меписандад.
Ва дар дасташ тавфиқ медиҳад, пас бо дастонаш танҳо кореро мекунад, ки сабаби розигии Аллоҳ аст.
Ва дар пояш тавфиқ медиҳад, бинобар ин танҳо ҷое меравад, ки Аллоҳ розӣ аст, ва қадам намезанад, магар дар корҳои хайр.
Ва бо ин ҳама, агар аз Аллоҳ чизе бихоҳад, барояш ато мекунад. Бинобар ин, мустаҷобуддуо мешавад. Ва агар ба Аллоҳ паноҳ бибарад, ӯро паноҳ медиҳад ва аз он чи метарсад дар амон медорад.
Сипас Аллоҳ Таъоло фармуд: Дар чизе тараддуд накардам, магар дар гирифтани ҷони муъмин, аз рӯйи раҳмат ба ӯ, зеро муъмин маргро дӯст надорад ва Аллоҳ дарди муъминро намеписандад.
Benefits
Наҳйи аз озор расондан ба дӯстони Аллоҳ ва ташвиқ ба муҳаббати онон ва эътироф ба фазилаташон.
Амр ба душманӣ бо душманони Аллоҳ ва таҳрими дӯстӣ бо онон.
Касе даъвои дӯстӣ ва вилояти Аллоҳро кунад, аммо аз шариати Ӯ пайравӣ накунад, иддиояш дурӯғ аст.
Вилояти илоҳӣ ва дӯстии Ӯ бо анҷом додани воҷибот ва тарки ҳаромҳояш ба даст меояд.
Яке аз сабабҳои муҳаббати Аллоҳ ба бандааш ва иҷобати дуои ӯ, анҷом додани нафлҳо баъд аз ба ҷо овардани фарзҳо ва тарки ҳаромҳо аст.
Ин ҳадис нишондиҳандаи шаъну шараф ва бартарии авлиёи Аллоҳ ва баландии мартабаи онон аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

