HadeethEnc · 1.27.0
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарини одамон буданд. Дар моҳи Рамазон ҳангоме ки Ҷабраил (алайҳис-салом) мулоқоташ меомад, аз ҳар замоне саховатмандтар мешуд
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саховатмандтарини одамон буданд. Дар моҳи Рамазон ҳангоме ки Ҷабраил (алайҳис-салом) мулоқоташ меомад, аз ҳар замоне саховатмандтар мешуд, Ҷабраил (алайҳис-салом) ҳар шаби моҳи Рамазон бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мулоқот мекард ва Қуръонро такрор мекарданд. Саховатмандии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хайру хубиҳо аз боди вазанда дида бештар буд.
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бахшандатарини мардумон буд. Бахшиданҳои ӯ дар моҳи Рамазон бештар мешуд, зеро он чизе, ки сазовори бахшидан буд, ба касе, медод, ки сазовори он бахшиш буд. Сабаб бештар шудани саховатмандиаш дар моҳи Рамазон ду чиз буд:
Якум: Мулоқоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо Ҷабраил (алайҳис-салом).
Дувум: Мулоҳиза ва такрори Қуръон бо Ҷабраил (алайҳис-салом), яъне хондани Қуръон аз ҳифз.
Ҷабраил (алайҳис-салом) бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамаи он оятҳоеро, ки аз Қуръон нозил шуда буд, бо ӯ мехонд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар саховатмандӣ, бахшандагӣ, анҷоми корҳои нек ва манфиатрасонӣ ба мардум аз боди хубе, ки Худованд бо борону раҳмат мефиристод, бештар ва сареътар фоида мерасонд.

03
Benefits
Баёни саховатмандии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бахшандагии зиёди ӯ, бахусус дар моҳи Рамазон, ки моҳи ибодатҳо ва фасли савобу некӯкориҳост.
Ташвиқ ба саховат ва бахшиш дар ҳама вақтҳо, вале дар моҳи Рамазон афзоиш додани он мустаҳаб аст.
Зиёд кардани бахшишу саховат, некӯкорӣ ва тиловати Қуръон дар моҳи Рамазон.
Яке аз сабабҳои ҳифзи илм, омӯзиш ва такрору мудорасаи он бо шогирдону олимон аст.

Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
2Views0Cards0Shares