HadeethEnc · 1.27.0
Дастатро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузор ва се бор бигӯ: "Бисмиллоҳ", ва ҳафт бор бигӯ: "Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир". Тарҷума: "Паноҳ мебарам ба Худо ва қудрати Ӯ аз шарре, ки онро эҳсос мекунам ва аз он метарсам
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Усмон ибни Абулъоси Сақафӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дарде, ки аз замони мусалмон шуданаш дар бадани худ эҳсос мекард, шикоят кард. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфтанд: "Дастатро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузор ва се бор бигӯ: "Бисмиллоҳ", ва ҳафт бор бигӯ: "Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир".
Тарҷума: "Паноҳ мебарам ба Худо ва қудрати Ӯ аз шарре, ки онро эҳсос мекунам ва аз он метарсам."
02
Explanation
Усмон ибни Абулъос (разияллоҳу анҳу) ба дарде гирифтор шуд, ки наздик буд ӯро ҳалок созад. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба аёдати ӯ омаданд ва дуоеро ба ӯ омӯзонданд, ки бо он Худованд дардашро бартараф мекунад. Он дуо чунин аст: (шахси бемор нахуст бояд ) дасташро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузорад ва се бор бигӯяд: (Бисмиллоҳ), сипас ҳафт бор бигӯяд: (Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир), яъне: паноҳ мебарам ба Худо ва қудрати Ӯ аз шарри он чи ки дар ҳоли ҳозир эҳсос мекунам ва аз он чи ки дар оянда, аз қабили ғаму тарс ва паҳн шудани дарду беморӣ дар бадан, метарсам.
03
Benefits
Руқя хондани инсон худашро, чунончи, дар ҳадис омадааст, мустаҳаб аст.
Шикоят, бидуни норозигӣ ва эътироз, бо таваккал ба Аллоҳ ва сабр кардан мухолиф нест.
Дуо аз ҷумлаи гирифтани сабабҳо аст, бинобар ин бояд алфоз ва шумори дақиқи он риоя шавад.
Ин дуо барои ҳар гуна дарди узвӣ мебошад.
Гузоштани даст ба ҷои дард ҳангоми руқя бо ин дуо тавсия мешавад.
Шикоят, бидуни норозигӣ ва эътироз, бо таваккал ба Аллоҳ ва сабр кардан мухолиф нест.
Дуо аз ҷумлаи гирифтани сабабҳо аст, бинобар ин бояд алфоз ва шумори дақиқи он риоя шавад.
Ин дуо барои ҳар гуна дарди узвӣ мебошад.
Гузоштани даст ба ҷои дард ҳангоми руқя бо ин дуо тавсия мешавад.
Attribution
[رواه مسلم]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
0Views0Cards0Shares

