HadeethEnc · 1.20.0
Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил шаб намозаш қабул намешавад
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз баъзе ҳамсарони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил шаб намозаш қабул намешавад"
02
Explanation
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз рафтан ба назди арроф ҳушдор медиҳад. Арроф -ҳамон мунаҷҷим, коҳин ва раммол ва монанди инҳо аст, касоне ки бо гуфтани баъзе аз суханон иддиои илми ғайб мекунанд-. Пурсидани умури ғайбӣ аз чунин ашхос сабаб мешавад Аллоҳ инсонро аз савоби чиҳил рӯз намозаш маҳрум бигардонад, ки ин муҷозоте аст барои ин гуноҳи бузург.
Мунаҷҷим ё ситорашинос касе аст, ки бар асоси бурҷҳо ва қарор гирифтани ситораҳо иддиои ғайбгуӣ ва пешбинии ояндаро мекунанд.
Мунаҷҷим ё ситорашинос касе аст, ки бар асоси бурҷҳо ва қарор гирифтани ситораҳо иддиои ғайбгуӣ ва пешбинии ояндаро мекунанд.
03
Benefits
Фолбинӣ ва рафтан ба назди фолбинҳо ва пурсидани онҳо аз ғайбиёт ҳаром аст.
Мумкин аст инсон ҳамчун муҷозот барои гуноҳаш аз савоби тоъатҳои худ маҳрум шавад.
Нигаристан ба бурҷҳо (бурҷҳои фалакӣ), ба кафи даст ва дар пиёла хондан -ҳатто агар барои маълумот ва кунҷкобӣ бошад- низ шомили ин ҳукм аст, зеро ин ҳама навъе аз фолбинӣ ва иддиои илми ғайб ҳастанд.
Агар ин муҷозоти касе аст, ки назди фолбин меравад, пас муҷозоти шахси фолбин чигуна аст?
Намози чиҳил рӯзи ӯ дуруст ва ниёз ба қазо доштан нест, аммо савоб надорад.

Attribution
[رواه مسلم]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares