HadeethEnc · 1.27.0
Албатта, Аллоҳ Таъоло аз уммати ман дар бораи он чи дар дилҳои худ бо худ мегӯянд, гузашт кардааст, то вақте ки ба он амал накунанд ё онро ба забон наёваранд
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Албатта, Аллоҳ Таъоло аз уммати ман дар бораи он чи дар дилҳои худ бо худ мегӯянд, гузашт кардааст, то вақте ки ба он амал накунанд ё онро ба забон наёваранд."
02
Explanation
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳанд, ки мусалмон ба хотири фикрҳои бад ё васвасаҳое, ки танҳо дар дили ӯ мегузаранд, то вақте ки ба онҳо амал накунад ё ба забон наёрад, муҷозот намешавад. Зеро Худованд гуноҳи онро нодида гирифта ва аз он гузашт намудааст. Худованд бар уммати Паёмбар раҳмат кардааст ва онҳоро танҳо ба хаёл ё фикри дар дилбуда муҷозот намекунад, магар он ки ин фикр дар дил ҷой гирад ва устувор шавад, мисли кибр, риё, нифоқ, ё ин ки онро бо аъзои худ амалӣ кунад, ё ба сухан табдил ёбад. Пас дар ин сурат ӯ муҷозот мешавад.
03
Benefits
Худованди Таборак ва Таъоло аз фикрҳо ва хаёлоти баде, ки ба дилу хотири инсон меоянд ва танҳо дар сатҳи гуфтугӯи нафс бо худ мемонанд, даргузаштааст ва онҳоро бахшидааст, то он даме ки инсон ба он амал накунад ё ба забон наёрад.
Агар инсон дар бораи талоқ фикр кунад ё он дар хотираш гузарад, вале онро ба забон наоварад ва нанависад, пас он талоқ шуморида намешавад.
Гуфтугӯи нафс, яъне фикрҳои дохилии инсон, новобаста ба бузургии он, то замоне ки дар дилаш ҷой нагирад ё онро ба амал наорад ё ба забон наорад, аз ҷониби Аллоҳ Таъоло ҳисоб намешавад ва инсон барои он ҷазо намебинад.
Бузургии мақому манзилати уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки Аллоҳ Таъоло онҳоро бо он махсус гардонидааст, ки бо гуфтугӯҳои нафс (фикрҳои дохилӣ) ҷазо дода намешаванд, бар хилофи умматҳои пешин, ки ҳатто бо андешаи гуноҳ ҳам муҷозот мешуданд.

Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
0Views0Cards0Shares