HadeethEnc · 1.32.0
Худованд ба марде, ки бо марде ё бо зан аз роҳи пушт (дар дубур) робитаи ҷинсӣ кунад, нигоҳ намекунад
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Худованд ба марде, ки бо марде ё бо зан аз роҳи пушт (дар дубур) робитаи ҷинсӣ кунад, нигоҳ намекунад."
02
Explanation
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) азобу ваъиди сахтеро баён карданд, ки Худованд бо нигоҳи раҳмат ба марде, ки бо марди дигар аз пушт, ё бо зане аз пушт ҳамхобагӣ кунад, нигоҳ намекунад. Ва ин амал аз гуноҳони кабира ба ҳисоб меравад.
03
Benefits
Омезиши мард бо мард, ки ливот ном дорад, аз гуноҳони кабира аст.
Омезиш бо зан аз роҳи қафо низ аз гуноҳони кабира ба шумор меравад.
(Худованд нигоҳ намекунад), яъне бо назари раҳмат ва меҳрубонӣ. Мақсад аз он нигоҳ кардани умумӣ нест, зеро ҳеҷ чиз аз назари Худованд пинҳон намемонад.
Ин кирдорҳо аз бузургтарин ва хатарноктарин зиштиҳо барои инсоният ҳастанд. Зеро дар онҳо мухолифат бо фитрати солими инсонӣ, кам шудани насл, вайрон шудани зиндагии зану шавҳар, коштани душманию бадбинӣ ва ворид шудан ба ҷойҳои нопок ва нафратовар вуҷуд дорад.

Attribution
[رواه الترمذي والنسائي في الكبرى]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
2Views0Cards0Shares