HadeethEnc · 1.20.0
Дунё матоъ аст ва беҳтарин матоъи дунё зани солеҳа аст
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Дунё матоъ аст ва беҳтарин матоъи дунё зани солеҳа аст".
02
Explanation
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки дунё ва он чи дар он аст, гузаро ва барои баҳра бурдан барои як замони кӯтоҳ ва муаян аст ва аз ҳама беҳтарини ин неъматҳо зани покдоман аст, ки чун мард ба ӯ назар кунад хушҳолаш кунад, ва чун фармонаш диҳад фармонбардорӣ кунад ва чун дар хона набошад худ ва молашро ҳифз мекунад.
03
Benefits
Лаззат бурдан аз неъматҳои поки дунё, ки Аллоҳ онро барои бандагонаш ҳалол гардонидааст, аммо бидуни фахрфӯрушӣ ва исрофкорӣ дар он.
Ташвиқ ба интихоби ҳамсари покдоман, зеро ӯ шавҳари худро дар ибодати Парвардигораш кумак мекунад.
Беҳтарин лаззати дунё ҳамон аст, ки зери фармонбардорӣ аз Худо бошад, ё ёрирасон барои итоат аз Ӯ Таъоло.

Attribution
[رواه مسلم]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares