HadeethEnc · 1.20.0
Ду калимае аст, ки дар забон бисёр сабук, дар тарозу сангин ва назди Худованд маҳбуб ҳастанд
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ду калимае аст, ки дар забон бисёр сабук, дар тарозу сангин ва назди Худованд маҳбуб ҳастанд: "Субҳоналлоҳи-л-ъазим" ва
"Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи".
02
Explanation
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи ду калима фармуданд, ки инсон ба осонӣ ва дар ҳар ҳолате метавонад ба забон оварад, подоши онҳо дар мизон бисёр бузург аст ва Худованд он ду калимаро дӯст медорад:
"Субҳоналлоҳил-азим" ва "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи", дар ин ду калима васфи Худованд ба азамат ва камол ва танзиҳи Ӯ Таборак ва Таъоло аз навоқис аст.
"Субҳоналлоҳил-азим" ва "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи", дар ин ду калима васфи Худованд ба азамат ва камол ва танзиҳи Ӯ Таборак ва Таъоло аз навоқис аст.
03
Benefits
Бузургтарин зикр ҳамон аст, ки танзиҳ ва ситоиши Аллоҳ дар он ҷамъ оянд.
Баёни вусъати раҳмати Аллоҳ бар бандагон, ки Ӯ Таъоло барои амали андак подоши бузург медиҳад.
Баёни вусъати раҳмати Аллоҳ бар бандагон, ки Ӯ Таъоло барои амали андак подоши бузург медиҳад.
Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

