Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: «Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад; ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд ҳамсояаашро гиромӣ дорад, ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд меҳмонашро икром намояд».
Explanation
Аввал: Сухани нек, аз ҷумла тасбеҳу таҳлил ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва ислоҳкорӣ байни мардум. Пас агар ҳар кӣ ин амалҳоро анҷом намедиҳад сукутро интихоб кунад ва аз озори мардум бипарҳезад ва забонашро нигоҳ дорад.
Дуввум: Эҳтироми ҳамсоя, бо некӣ кардан ва зарар нарасонидан ба ӯ.
Севум: Иззат ва эҳтироми меҳмоне, ки ба дидори ту меояд, яъне пазироӣ аз ӯ бо сухани нек ва гузоштани дастархон ва ончи муяссар барои туст.
Benefits
Ҳушдор ва огоҳӣ аз захмҳои забонӣ.
Дини Ислом дини улфат ва саховатмандӣ аст.
Сифатҳои мазкур аз шохаҳои имон ва аз одоби ҳамида ҳастанд.
Пургӯӣ ва зиёдаравӣ дар сухан мумкин аст сабаби воқеъ шудан дар макрӯҳ ва ё ҳаром гардад, ҳамингуна некӣ дар сухан нагуфтан аст, магар инки сухани нек бигӯяд.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

