HadeethEnc · 1.27.0
Ҳар ки вузӯ гирад ва вузӯи худро ба хуби анҷом диҳад, пас ба намози ҷумъа ҳозир шавад, ба хутбаи ҷумъа хомӯшона гӯш фаро диҳад, гуноҳони байни он ҷумъа то ҷумъаи қаблӣ ва се рӯзи иловагӣ баъд аз ҷумъа бар он бахшида мешаванд
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки вузӯ гирад ва вузӯи худро ба хуби анҷом диҳад, пас ба намози ҷумъа ҳозир шавад, ба хутбаи ҷумъа хомӯшона гӯш фаро диҳад, гуноҳони байни он ҷумъа то ҷумъаи қаблӣ ва се рӯзи иловагӣ баъд аз ҷумъа бар он бахшида мешаванд. Ҳар кас дар вақти хутба сангрезаеро ламс кунад, "лағв" кардааст, (яъне аҷру подоши ҷумъаи худро кам карда ва эҳтимолан аз даст додааст)."
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки ҳар касе вузӯи комил бигирад, бо риояи рукнҳо, суннатҳо ва одобҳои он, баъд ба намози ҷумъа ҳозир шавад ва ба хутба хомӯшона гӯш фаро диҳад, гуноҳони кӯчакаш барои даҳ рӯз бахшида мешаванд: аз ҷумъа то ҷумъаи дигар, бо иловаи се рӯзи дигар, зеро як некиро даҳ баробар подош аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳушдор доданд, ки дилро бояд аз парешонӣ ҳангоми хутба нигоҳ дошт ва аз ҳар гуна коре чун бозӣ бо санг ё чизҳои дигар худдорӣ кард. Зеро ҳар касе ин корҳоро кунад, дучори "лағв" (кори беҳуда) мешавад ва ҳар касе дучори лағв шуд, аз аҷру савоби комили ҷумъа маҳрум мешавад.
03
Benefits
Ташвиқ ба пурра ва комил анҷом додани вузӯ ва муҳофизат бар намози ҷумъа.
Фазилати намози ҷумъа.
Хомӯшона гӯш кардани хутбаи ҷумъа ва машғул нашудан ба гуфтугӯ ё корҳои дигар дар вақти хутба воҷиб аст.
Ҳар касе дар вақти хутба дучори "лағв" шуд, яъне ба гуфтугӯ ё бозӣ машғул шуд, намози ҷумъааш дуруст аст ва фарзро аз ӯ соқит мекунад, аммо аҷру савоби комили ҷумъаро намегирад.
Фазилати намози ҷумъа.
Хомӯшона гӯш кардани хутбаи ҷумъа ва машғул нашудан ба гуфтугӯ ё корҳои дигар дар вақти хутба воҷиб аст.
Ҳар касе дар вақти хутба дучори "лағв" шуд, яъне ба гуфтугӯ ё бозӣ машғул шуд, намози ҷумъааш дуруст аст ва фарзро аз ӯ соқит мекунад, аммо аҷру савоби комили ҷумъаро намегирад.
Attribution
[رواه مسلم]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
1Views0Cards0Shares

