Ҳар касе аз шумо ба намози ҷумъа ҳозир шавад, бояд ғусл кунад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Ҳар касе аз шумо ба намози ҷумъа ҳозир шавад, бояд ғусл кунад."
Explanation
Benefits
Риоя кардани покизагӣ ва хушбӯйӣ аз ахлоқ ва одобҳои мусалмон аст. Ин масъала дар ҳолате, ки бо мардум рӯбарӯ мешавӣ ва ҳамнишинӣ мекунӣ, махсусан дар ҷамъиятҳо ва намозҳои ҷамоатӣ, боз ҳам муҳимтар мешавад.
Муроҷиат дар ҳадис ба он касест, ки намози ҷумъа бар ӯ воҷиб аст, зеро маҳз ӯст, ки барои адои он меояд.
Ҳар касе, ки ба намози ҷумъа ҳозир мешавад, пок буданаш мустаҳаб аст, бинобар ин ғусл кунад то бӯйҳои нописанд аз баданаш дур шавад ва атр занад. Агар танҳо вузӯ бигирад, басанда аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

