Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ]
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абумасъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ].
Explanation
Benefits
Шарму ҳаё хислате аз хислатҳои паёмбарон (алайҳиму-с-салом) мебошад ва ин хислат аз онҳо нақл шудааст.
Шарму ҳаё чизест, ки мусалмонро водор ба анҷом додани он чи ӯро зебо ва ороста мегардонад, мекунад, ва ӯро аз он чи, ки сабаби паст ва шарманда шуданаш аст, бозмедорад.
Нававӣ мегӯяд: Амри зикршуда дар ҳадис маънои мубоҳ (иҷозатдодашуда)-ро дорад. Яъне, агар хоҳӣ коре анҷом диҳӣ ва дар анҷом доданаш аз Аллоҳ Таъоло ва мардум шарм надорӣ, пас анҷом деҳ; вагарна, аз он дурӣ ҷӯй. Ва бар ҳамин асос дини Ислом поягузорӣ шудааст. Тавзеҳаш ин аст: Он чи воҷиб ва мустаҳаб аст, тарки он боиси шарму ҳаё аст. Он чи ҳаром ва макруҳ аст, анҷомаш боис мешавад, ки инсон шарм намояд. Аммо амри мубоҳ, анҷом додан ё тарки он ҷоиз аст ва ҳеҷ яке боиси шарм нест. Пас, ин ҳадис ҳамаи панҷ ҳукми шаръиро дар бар мегирад. Гуфта шудааст: Ин амр маънои таҳдидро дорад, яъне агар шарм аз ту бардошта шавад, пас ҳар чи бихоҳӣ анҷом деҳ, зеро Худо туро муҷозот хоҳад кард. Гуфтаи дигар: Ин амр ба маънои хабар аст, яъне ҳар касе, ки шарм надошта бошад, ҳар кореро анҷом медиҳад, чӣ дуруст, чӣ нодуруст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

