HadeethEnc · 1.27.0
Ҳар гоҳ онро (ҳилоли Рамазонро) дидед, рӯза бигиред ва ҳар гоҳ онро (ҳилоли моҳи Шаволро) дидед ифтор кунед. Агар осмон абрнок бошад ва моҳро надидед, 30 рӯзро пурра намоед
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Ҳар гоҳ онро (ҳилоли Рамазонро) дидед, рӯза бигиред ва ҳар гоҳ онро (ҳилоли моҳи Шаволро) дидед ифтор кунед. Агар осмон абрнок бошад ва моҳро надидед, 30 рӯзро пурра намоед."
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишонаи даромадан ва баромадани ҳилоли моҳи Рамазонро баён намуданд: Ҳар гоҳ ҳилоли моҳи Рамазонро дидед, рӯза бигиред. Ва агар осмон абрнок бошад, ё чизи дигаре монеъа шуд ва моҳро дида натавонистед, 30 рӯзро барои моҳи Шаъбон пурра кунед. Ҳамчунин агар ҳилоли моҳи Шаволро дидед, ифтор кунед (ид кунед), агар осмон абрнок бошад ё чизи дигаре монеъа шуд ва моҳро дида натавонистед, 30 рӯзро барои моҳи Рамазон пурра кунед.
03
Benefits
Дар исботи даромадани моҳ мадори эътибор дидани он аст на ҳисоби он.
Ибни Мунзир нақл кардааст, ки иҷмоъ бар он аст, ки агар даромадани моҳ танҳо аз рӯи ҳисоб бошад, на бо дидани моҳ, рӯза гирифтан воҷиб намегардад.
Агар бар асари абрнокӣ ё чизҳои дигар, дидани ҳилоли моҳи Рамазон монеъа шавад, 30 рӯзро барои моҳи Шаъбон пурра кардан воҷиб аст.
Моҳи ҳиҷрии қамарӣ 29 рӯз ё 30 рӯз аст.
Агар бар асари абрнокӣ ё чизҳои дигар, дидани ҳилоли моҳи Шавол монеъа шавад, 30 рӯзро барои моҳи Рамазон пурра кардан воҷиб аст.
Шахсе дар ҷое бошад, ки касе умури мусалмононро дар мавриди рӯза гирифтан ба уҳда надошта бошад, ё касе бошад, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ надошта бошад, бояд бо касе, ки бо дидани ҳилол ё бо гувоҳии эътимодбахш барояшон маълум мекунад, муроҷиат кунанд ва ба он асос рӯза гиранд ё ифтор кунанд.

Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
0Views0Cards0Shares