HadeethEnc · 1.32.0
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) закоти фитрро бар ҳар ғулом ва озод, мард ва зан, хурдсол ва калонсол аз миёни мусалмонон, аз ҳар нафар як соъ хурмо ё як соъ ҷав, фарз намуданд. Ва амр карданд, ки онро пеш аз рафтани мардум ба намоз (-и ид) пардохт кунанд
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) закоти фитрро бар ҳар ғулом ва озод, мард ва зан, хурдсол ва калонсол аз миёни мусалмонон, аз ҳар нафар як соъ хурмо ё як соъ ҷав, фарз намуданд. Ва амр карданд, ки онро пеш аз рафтани мардум ба намоз (-и ид) пардохт кунанд.
02
Explanation
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) закоти фитрро пас аз Рамазон воҷиб гардониданд, ки миқдораш як соъ, баробар ба чаҳор муд аст. Муд миқдори хурмо ё ҷавест, ки ду кафи ба ҳам пайвастаи марди миёнаҷуссаро пур мекунад. Закоти фитр бар ҳар мусалмон — озод ё ғулом, мард ё зан, хурдсол ё калонсол — воҷиб аст. Касе, ки аз хӯроки як шабонарӯзаш зиёдатӣ дорад, бояд аз номи худ ва касоне, ки таъминоташон бар дӯши ӯст, закоти фитр бидиҳад. Ва фармуданд, ки онро пеш аз рафтани мардум ба намози Ид пардохт кунанд.
03
Benefits
Закоти фитр аз Рамазон бояд барои хурдсол ва калонсол, озод ва ғулом адо карда шавад. Валӣ ва сарпараст мухотаби ин ҳукм қарор мегиранд. Мард барои худ, фарзандонаш ва касоне, ки нафақаашон бар ӯ воҷиб аст, пардохт мекунад.
Закоти фитр бар ҷанин воҷиб нест, балки мустаҳаб аст.
Баёни он чи закоти фитр аз он пардохт мешавад ва ин ки он аз хӯроки маъмулии мардум аст.
Пеш аз намози ид пардохтани он воҷиб аст ва беҳтар он аст, ки субҳи рӯзи ид пардохт шавад. Инчунин пардохтани он як ё ду рӯз пеш аз ид ҷоиз аст.
Закоти фитр бар ҷанин воҷиб нест, балки мустаҳаб аст.
Баёни он чи закоти фитр аз он пардохт мешавад ва ин ки он аз хӯроки маъмулии мардум аст.
Пеш аз намози ид пардохтани он воҷиб аст ва беҳтар он аст, ки субҳи рӯзи ид пардохт шавад. Инчунин пардохтани он як ё ду рӯз пеш аз ид ҷоиз аст.
Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
1Views0Cards0Shares

