Барои Аллоҳ бисёр саҷда кун, зеро барои Аллоҳ саҷда намебарӣ магар ин ки Аллоҳ ба василаи он саҷда дараҷае бар дараҷоти ту меафзояд ва гуноҳе аз гуноҳонатро пок мекунад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Маъдон ибни Абуталҳаи Яъмарӣ ривоят аст, ки гуфт: Савбон бардаи озодкардаи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, гуфтам: Манро аз коре огоҳ кун, ки Аллоҳ манро ба сабаби он аз аҳли биҳишт гардонад? Ё гуфт: Гуфтам: Манро аз маҳбубтарин аъмол назди Аллоҳ огоҳ кун. Пас ӯ сукут кард. Сипас бори сеюм аз ӯ пурсидам. Гуфт: Аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бора пурсидам, фармуд: "Барои Аллоҳ бисёр саҷда кун, зеро барои Аллоҳ саҷда намебарӣ магар ин ки Аллоҳ ба василаи он саҷда дараҷае бар дараҷоти ту меафзояд ва гуноҳе аз гуноҳонатро пок мекунад". Маъдон мегӯяд: Сипас Абудардоро дидам ва аз ӯ пурсидам, ӯ ҳам монанди Савбон бароям ҷавоб дод.
Explanation
Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҷавоби суолдиҳанда гуфт: Дар намозат саҷдаи зиёд бикун. Зеро ҳаргоҳ, ки барои Аллоҳ саҷда кунӣ, туро ба сабаби он дараҷае боло мебарад ва гуноҳе аз гуноҳонатро мағфират мекунад.
Benefits
Баёни фаҳми саҳоба ва илми онон ба ин ки биҳишт - баъд аз раҳмати Аллоҳ- танҳо бо амал ба даст меояд.
Саҷда дар намоз яке аз бузургтарин сабабҳои боло бурдани мартаба ва омурзиши гуноҳон аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

