HadeethEnc · 1.27.0
Биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод!" Гуфтанд: Чӣ касе эй Расули Аллоҳ? Фармуд: "Он ки падару модараш ё яке аз онҳоро дар ҳоли пирӣ дарёбад ва (ба сабаби некӣ накардан ба онҳо) вориди биҳишт нашавад
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод!" Гуфтанд: Чӣ касе эй Расули Аллоҳ? Фармуд: "Он ки падару модараш ё яке аз онҳоро дар ҳоли пирӣ дарёбад ва (ба сабаби некӣ накардан ба онҳо) вориди биҳишт нашавад."
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба зиллат ва хорӣ дуъо карданд, то ҷое, ки гӯё бинии ӯро дар хок қарор доданд ва инро се бор такрор карданд. Пас пурсида шуд: Ин кас, ки алайҳи ӯ дуо кардед, кист?
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Касе, ки падару модараш -ҳарду ё яке аз онҳо- ро дар ҳангоми пирӣ дарёбад ва он ду сабаби ворид шудани ӯ ба биҳишт нашаванд, яъне ба сабаби некӣ накардан дар ҳаққи онон ё ъуқуқи онон.

03
Benefits
Некӣ бар падару модар воҷиб аст ва он яке аз сабабҳои ворид шудан ба биҳишт аст, бахусус дар пирӣ ва нотавонӣ.
Ъуқуқи падару модар ва бадрафторӣ бо онон аз гуноҳони кабира аст.
Ъуқуқи падару модар ва бадрафторӣ бо онон аз гуноҳони кабира аст.
Attribution
[رواه مسلم]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
2Views0Cards0Shares