افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم. افتتاح البرنامج الدعوي السبت القادم، ٩ / ٣ / ١٤٤٨هـ بعد صلاة الفجر مباشرة مسجد محمد بن إبراهيم، الجامعة الإسلامية بالمدينة المنورة فضيلة الشيخ د. هيثم بن محمد سرحان دورة اليوم الواحد، وختم كتاب كل سبت بإذن الله حياكم الله ونفع بكم.
#3341[Саҳеҳ]
HadeethEnc · 1.20.0

Мисоли касе, ки назди ҳудуди илоҳӣ истода (ва ба он ворид намешавад) ва он ки дар он воқеъ шудааст, монанди гурӯҳе аст, ки (барои нишастан) дар як киштӣ қуръа кашиданд, пас насиби баъзеҳо болои он шуд ва насиби дигарон поини он

Available translations

Choose an available translation of this Hadeeth

01

Hadeeth text

Аз Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мисоли касе, ки назди ҳудуди илоҳӣ истода (ва ба он ворид намешавад) ва он ки дар он воқеъ шудааст, монанди гурӯҳе аст, ки (барои нишастан) дар як киштӣ қуръа кашиданд, пас насиби баъзеҳо болои он шуд ва насиби дигарон поини он. Пас онон ки дар поин буданд ва ҳаргоҳ ниёз ба об мешуданд, аз назди касоне, ки дар боло буданд мегузаштанд. Пас (худ ба худ) гуфтанд: Агар дар қисме, ки мо ҳастем (табақаи поини киштӣ) сурохе бикунем (барои об гирифтан) ва касоне, ки дар болои мо ҳастанд музоҳими онон нашавем. Ҳоло агар ононро бо қасде, ки доранд раҳо кунанд, ҳама ҳалок мешаванд (касони дар боло буда ва касони дар поён будаги). Ва агар монеъи онон шаванд, ҳамаашон наҷот меёбанд."
02

Explanation

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои касоне, ки қонунҳои гузоштаи Аллоҳро риоят мекунанд ва фармони Ӯро ба ҷой меоранд, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд, мисол овардааст. Ва барои касоне, ки аз қонунҳои Аллоҳ итоат намекунанд ва ба он дастдарозӣ мекунанд ва корҳои некро тарк карда муртакиби корҳои бад мешаванд ва таъсири онон дар наҷоти ҷомеъа, мисол заданд. Онон монанди касоне ҳастанд, ки савори киштӣ шуданд ва сипас қуръа андохтанд, ки кадоме аз онҳо дар болои киштӣ ва кадоми онҳо дар поини киштӣ савор мешаванд. Пас гурӯҳе аз онҳо дар болои киштӣ ва гурӯҳе дар поини киштӣ нишастанд. Гурӯҳе, ки дар поини киштӣ буданд, ҳар вақт мехостанд об биёранд аз назди боло будагиҳо мегузаштанд ва ононро музоҳим мешуданд. Пас ононе, ки дар поин буданд бо ҳамдигар гуфтанд: Агар мо дар ҷои нишасти худ киштиро сурохе мекардем ва аз онҷо об мегирифтем, то ба касоне, ки дар болои мо ҳастанд ба онон зиён нарасонем. Агар онон, ки дар боло ҳастанд поин будагиҳоро раҳо мекарданд ва иҷозат медоданд, ки киштиро сурох кунанд, ҳамаашон ғарқ мешуданд. Ва агар ононро манъ кунанд, ҳамаашон наҷот меёбанд.
03

Benefits

Аҳамияти амри маъруф ва наҳй аз мункар дар нигоҳдорӣ ва наҷоти ҷомеаҳо.
Яке аз усулҳои таълим додан зикр кардани зарбулмасал аст, ки он бо тасвири воқеӣ ба зеҳн наздик кардани маъноҳо мебошад.
Анҷом додани кори мункар бидуни инкори он мафсадае аст, ки зиёни он ба ҳамаи ҷомеа мерасад.
Ҳалокати ҷомеа вақте ба амал меояд, ки гунаҳгорон раҳо шаванд, то дар рӯйи замин харобкорӣ кунанд.
Тасарруфи хато ва нияти нек, барои дурустии кор кифоят намекунад.
Масъулият дар ҷомеаи мусалмонӣ муштарак аст ва маҳдуд ба як шахси муайян нест.
Оммаи мардум бо гуноҳони афроди хос - агар онро инкор накунанд - мавриди азоб қарор мегиранд.
Онҳое, ки корҳои ношоиста мекунанд, бадиҳои худро тавре нишон медиҳанд, ки барои ҷомеа фоидаовар бошад, мисли мардуми мунофиқ.

Attribution

[رواه البخاري]

Categories

Share

Share hadeeth

Sharing options · 0 Total shares

Share

← Back to encyclopedia
Shopping Basket

Loading...