HadeethEnc · 1.27.0
Шарму ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки дар хилвати худ аст, бештар буд. Агар чизеро медид ва барояш нописанд мебуд, асари онро мо дар чеҳрааш эҳсос мекардем
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шарму ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки дар хилвати худ аст, бештар буд. Агар чизеро медид ва барояш нописанд мебуд, асари онро мо дар чеҳрааш эҳсос мекардем.
02
Explanation
Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки ҳанӯз издивоҷ накардааст ва бо мардон муоширате надошта ва дар хонааш аз чашмҳо пинҳон аст, боҳаётар буд. Аз шиддати ҳаёе, ки доштанд, агар чизеро намеписандиданд, аз рӯяшон маълум мешуд, рӯяшон тағйир меёфт, вале чизе намегуфтанд, балки асҳобашон аз чеҳраи муборакашон мефаҳмиданд, ки он чиз ба эшон писанд нест.
03
Benefits
Баёни шарму ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ин ки ҳаё ахлоқи олӣ ва бузург аст.
Ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) то ҳадде буд, ки ҳудудҳои Аллоҳ Таъоло поймол намешуданд, аммо дар ҳолати поймол шудани ҳудудҳои Аллоҳ Таъоло сахт хашмгин мешуданд ва асҳобашро амр ва наҳй мекарданд.
Таъкид бар ахлоқи ҳаё, зеро он инсонро ба анҷоми корҳои нек тарғиб мекунад ва аз зиштиҳо бозмедорад.

Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
2Views0Cards0Shares