HadeethEnc · 1.20.0
Умури фитрат панҷ чиз аст: хатна кардан, тоза кардани мӯйҳои зери ноф, кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохун ва кандани мӯйҳои зери бағал
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Умури фитрат панҷ чиз аст: хатна кардан, тоза кардани мӯйҳои зери ноф, кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохун ва кандани мӯйҳои зери бағал."
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) панҷ хусусиятро, ки аз дини Ислом ва суннатҳои паёмбарон ҳастанд, баён карданд.
Якум: хатна кардан, яъне буридани пӯсти зиёдатии олати мард, ки дар қисмати нуги олат ҷой дорад ва инчунин буридани нӯги пусте, ки бар болои шармгоҳи зан ва дар ҷойи вуруди олати ӯ қарор дорад, мебошад.
Дуввум: истиҳдод, тарошидани мӯйе ки дар атрофи шармгоҳ аст.
Севум: кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани он чи бар руйи лаби болои руйидашуда аст, ба шакле, ки лаб намоён бошад.
Чаҳорум: кӯтоҳ кардани нохунҳо.
Панҷум: кандани мӯйи зери бағал.

03
Benefits
Суннатҳои паёмбарон, ки Аллоҳ онҳоро дӯст медорад, аз он хушнуд аст ва ба он даъват менамояд, ки ба камол, покӣ ва зебоӣ даъват мекунад.
Машруияти таваҷҷуҳ ба ин корҳо ва мудовимат бар онҳо ва беэътиноӣ накардан ба онҳо.
Ин хусусиятҳо манфиатҳои динӣ ва дунявии бешуморе доранд, аз ҷумла зебогии зоҳири инсон, покии бадан, эҳтиёт барои покӣ ва таҳорат, мухолифат бо кофирон ва итоат аз амри Аллоҳ мебошанд.
Дар ҳадисҳои дигар омадааст, ки ҷуз ин панҷ хислат, дигар хислатҳо ҳам вуҷуд дорад, аз қабили: риш гузоштан, истифода бурдани мисвок ва ғайра.

Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares