HadeethEnc · 1.20.0
Касе, ки бевазан ва мискинро нигоҳубини мекунад, монанди касест, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ё касе, ки шабҳо намози шаб мехонад ва рӯзона рӯза мегирад
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Касе, ки бевазан ва мискинро нигоҳубини мекунад, монанди касест, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ё касе, ки шабҳо намози шаб мехонад ва рӯзона рӯза мегирад."
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд, касе, ки ба кумаки зане, ки шавҳараш фавтидааст ва касе надорад ӯро нигоҳубин кунад ва инчунин мискинону муҳтоҷонро ба хотири аҷру подоши илоҳӣ ёрӣ мекунад, ӯ дар аҷру савоб монанди касест, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ё монанди касест, ки бидуни хастагӣ тӯлонӣ дар намози таҳаҷҷуд меистад ва монанди рӯзадоре, ки ифтор намекунад.
03
Benefits
Ташвиқ ба кумак ва ҳамбастагӣ ва рафъи ниёзи заъифон.
Ибодат ҳама амалҳои некро дар бар мегирад. Ва аз ҷумлаи ибодатҳо кумак кардани бевазанҳо ва камбағалон аст.
Ибни Ҳубайра мегӯяд: Маънояш ин аст, ки Аллоҳ савоби рӯзадор, намозгузори намози шаб ва муҷоҳидро якбора ба ӯ ато мекунад. Зеро ӯ барои бевазан ҳамон гуна ки корҳои ҳамсарашро мекунад, корҳои ӯро ҳам анҷом медиҳад ва камбағалро, ки аз анҷоми корҳояш оҷиз мондааст, кумак мекунад. Дар натиҷа бо ин кораш қувваи изофии худро сарф ва садақа кардааст. Бинобар ин фоидаи он баробари рӯза ва намози шаб ва ҷиҳод аст.

Attribution
[متفق عليه]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares