Ҳар гоҳ яке аз шумо таҳорат кард, пас обро дар бинии худ биандозад ва сипас онро берун бирезад ва касе, ки баъд аз қазои ҳоҷат бо чизе ғайр аз об ҷои наҷосатро пок кард, онро бо адади тоқ (1 ё 3 ё 5) анҷом диҳад
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар гоҳ яке аз шумо таҳорат кард, пас обро дар бинии худ биандозад ва сипас онро берун бирезад ва касе, ки баъд аз қазои ҳоҷат бо чизе ғайр аз об ҷои наҷосатро пок кард, онро бо адади тоқ (1 ё 3 ё 5) анҷом диҳад. Ва ҳаргоҳ яке аз шумо аз хобаш бедор шуд, пеш аз ворид кардани дасташ дар оби таҳораташ онро бишӯяд, зеро намедонад шаб дасташ дар куҷо будааст." Ва дар лафзи Муслим омадааст: "Ҳаргоҳ яке аз шумо аз хоб бедор шуд, дасташро дар об наядозад, то он ки онро се бор бишӯяд, зеро намедонад дасташ шаб куҷо будааст."
Explanation
Benefits
Истиҷмор (бо санг ё кулух ё дигар чиз ғайр аз об ҷои наҷосатро пок кардан) бо адади тоқ мустаҳаб аст.
Се бор шустани дастон баъд аз хоби шабона машруъ ва ҷоиз аст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options

