HadeethEnc · 1.32.0
Ҳасан ва Ҳусен ду сарвари ҷавонони биҳишт ҳастанд
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳасан ва Ҳусен ду сарвари ҷавонони биҳишт ҳастанд."
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додаанд, ки ду наберааш, Ҳасан ва Ҳусайн, писарони Алӣ ибни Абутолиб ва Фотима, духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сарварони ҳамаи ҷавононе мебошанд, ки дар ҳолати ҷавонӣ вафот карда, ба биҳишт дохил мешаванд. Ё ин ки онҳо сарварони ҷавонони аҳли биҳиштанд, ба истиснои паёмбарон ва халифаҳои рошидин.
03
Benefits
Дар ин ҳадис фазилати ошкор барои Ҳасан ва Ҳусайн (разияллоҳу анҳумо) баён шудааст.
Дар маънои ҳадис чунин гуфта шудааст: Онҳо дар замони баёни ин ҳадис сарварони ҷавононе буданд, ки аз аҳли биҳишти ҳамон давра маҳсуб мешуданд. Ё ин ки онҳо аз касоне беҳтаранд, ки фазилати умумӣ (мисли паёмбарон ва халифаҳои рошидин) дар бораи онҳо собит нашудааст, ё ин ки онҳо сарварони касоне ҳастанд, ки ба сифати ҷавонӣ ва ҷавонмардӣ, мисли мардонагӣ, каромат ва шуҷоат, муттасифанд. Дар ҳадис мақсад аз синни ҷавонӣ ба маънои солҳо нест, зеро Ҳасан ва Ҳусайн (разияллоҳу анҳумо) дар ҳолати миёнсолӣ вафот кардаанд.

Attribution
[رواه الترمذي وأحمد]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
3Views0Cards0Shares