HadeethEnc · 1.32.0
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) фармуд: "Ин ду нафар бузургони миёнсолони аҳли биҳиштанд аз аввалинҳо ва охиринҳо, ғайр аз паёмбарон ва расулон
Available translations
Choose an available translation of this Hadeeth
01
Hadeeth text
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) фармуд: "Ин ду нафар бузургони миёнсолони аҳли биҳиштанд аз аввалинҳо ва охиринҳо, ғайр аз паёмбарон ва расулон."
02
Explanation
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Абубакри Сиддиқ ва Умари Форуқ (разияллоҳу анҳумо) беҳтарин инсонҳо пас аз паёмбарон мебошанд ва беҳтарин касоне ҳастанд, ки пас аз паёмбарон ва фиристодагон ба биҳишт дохил мешаванд.
03
Benefits
Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) беҳтарин мардум пас аз паёмбарон ва фиристодагон ҳастанд.
Дар биҳишт пирӣ вуҷуд надорад, балки ҳар касе ба он дохил шавад, дар синни сиюсесола хоҳад буд. Мақсад аз вожаи "куҳл" дар ҳадис он аст, ки ин ду шахс сарварони касоне ҳастанд, ки дар дунё дар ҳоли миёнсолӣ вафот кардаанд, ё он ки сухан ба эътибори ҳолате гуфта шудааст, ки онҳо дар дунё ҳангоми гуфтанаш дар он ҳолат буданд.

Attribution
[رواه الترمذي]
Categories
Share
Share hadeeth
Sharing options
3Views0Cards0Shares