Ба ман амр шудааст, ки бар ҳафт устухон саҷда кунам
Choose an available translation of this Hadeeth
Hadeeth text
Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ба ман амр шудааст, ки бар ҳафт устухон саҷда кунам: бар пешонӣ ва бо дасташ ба бинӣ, дастҳо, зонуҳо ва нӯги пойҳояшон ишора карданд ва ин ки либос ва мӯйҳоро (дар дохили намоз) ҷамъ накунем."
Explanation
Якум: Пешонӣ, он қисми болои бинӣ ва чашмон аст. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дасташ ба сӯи бинӣ ишора карданд, ки пешонӣ ва бинӣ як узви ҳафтгонаи саҷда ҳастанд, бо таъкид бар ин ки бинии саҷдакунанда ба замин бирасад.
Узви дуввум ва севум, ин ду даст ҳастанд.
Чаҳорум ва панҷум ду зону мебошанд.
Шашум ва ҳафтум: Ангуштони ҳарду пой.
Ва амр карданд, ки мӯйҳоямонро дар намоз набандем, ё дар ҳангоми саҷда либосамонро барои муҳофизат аз он ҷамъ накунем, балки онро раҳо созем то бар замин биафтад ва ҳамроҳ бо узвҳо ба саҷда биравад.
Benefits
Ҷамъ кардани либос ва бастани мӯй дар намоз макруҳ аст.
Намозгузор дар намозаш бояд ором бошад, ҳафт узви саҷдаро бар замин гузошта, бар онҳо ором гирад, то зикри машруъро адо кунад.
Манъи ҷамъ кардани мӯй хос барои мардон аст, на занон. Зеро зан дар намоз амр ба пӯшонидани худ шудааст.
Attribution
Categories
Share hadeeth
Sharing options · 0 Total shares

