photo_٢٠٢٤-٠٤-١٦_١٨-٠٢-٤١

БАДТАРИН МАРДУМ ОНЕ, КИ ДУ РӮЙ ДОРАД

شر الناس ذو الوجهين
БАДТАРИН МАРДУМ ОНЕ, КИ ДУ РӮЙ ДОРАД
Муъминон бояд аз мунофиқон барҳазар бошанд, зеро Паёмбар ﷺ фармуданд:“Бадтарини шумо оне, ки ду рӯй дорад”. Ривояти Бухорӣ. Албатта дар байни мардум шайтонҳои инсӣ ҳастанд, ки мардумро ба куфру маъсият даъват мекунанд, ки барои даъват ба гуноҳ, яке аз манҳаҷи шайтон ин макони хилват аст. Ва мунофиқон шуҷоъати кофие барои эълони имонашонро надоранд. Онҳо мехоҳанд дар назди кофирон иззат пайдо кунанд, лекин тамоми иззат дар назди Парвардигори оламиён аст. На ақидаи саҳеҳ ва на ахлоқи ҳамидае доранд. Мунофиқони ҳар замон ва ҳар макон аз ҳамдигар дар ақволу афъолашон фарқ мекунанд. Барои мунофиқон ягон маҷлис ва ё муносибате намемонад, магар ин ки дар ҳаққи ҳама муъминон сухани баде мегӯянд. Куфр як миллат аст, гарчанде шаклҳояшон гуногун бошад. Масқара кардан ин хулқе аз ахлоқи душманони Ислом аст. Бисёр доиёни Ислом шикоят аз масхара мекунанд, вале сирати Паёмбаронро фаромӯш карданд, Аллоҳ фармуд; “Инчунин ҳар Паёмбареро аз миёни кофирон душмане падид овардем. Ва Парвардигори ту барои роҳнамоиву ёрии ту кофист!”. Сураи Фурқон:31.
“Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Аллоҳи Ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд”. Буруҷ:8.
“Парвардигор касонеро ба масхара мегирад, ки бар мӯъминоне ки ба рағбат садақа медиҳанд ва беш аз тавоноии хеш чизе намеёбанд, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд. Ва онҳоро азобе дардовар аст.” Тавба:79.
***
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٦_١٨-٠٢-٣٣

ҲУКМИ МАСХАРАИ ДИН ВА АҲЛИ ОН

حكم الاستهزاء بالدين وأهله
ҲУКМИ МАСХАРАИ ДИН ВА АҲЛИ ОН
Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳумо дар баёни сабаби нузули ин оят фармуд;”Шахсе дар ғазваи Табук дар маҷлисе гуфт; Мо ҳамонанди ин қориён, ки ба пурхурӣ рағбати зиёд доранд, дар забон дурӯғгӯйтар ва дар майдони ҷанг тарсончактар надидаем! Марде аз аҳли он маҷлис дар посухи вай гуфт; Дурӯғ гуфтӣ, ту мунофиқ ҳастӣ ва ин гапҳоро аз сари нифоқ мегӯйӣ, ман ин суханонатро ба Паёмбар ﷺ огоҳ хоҳам сохт. Ҳамон вақт буд, ки ин воқеъа ба Паёмбар ﷺ расид ва ин ояти Қуръон нозил гардид. Ровии ҳадис изофа мекунад, ки ман он шахси мунофиқро дидам, ки бар миёни ресмони шутури Паёмбар ﷺ овезон буд, дар ҳоле, ки сангҳо пойҳояшро мехарошид ва мегуфт; Эй Расулуллоҳ! Мо фақат бозӣ ва саргармӣ мекардем! Ва Паёмбар ﷺ ба ӯ мегуфтанд; “Оё ба Аллоҳ ва оёти ӯ ва Паёмбараш тамасхур ва масхара мекардед?”. (Сураи Тавба:65.66).
Сабаби масхараи дин ва аҳли он: 1. Бад дидан ва паст шуморидани аҳли ин Дини бузург. 2. Танбеҳ додани аҳли хайр ва нек. 3. Дӯст доштани ханда бар болои дигарон. 4. Такаббурӣ ва ба нафси худ ҳамеша бо тааҷҷуб назар кардан. 5. Ба душманони дини Аллоҳ тақлиди куркурона кардан. 6. Дӯст доштани динор ва дирҳам ва барои расидан бар он ба ҳаромкардаҳои Аллоҳ даст задан.
Пас мо мусалмонон дар ҳолати масхара кардани мунофиқон бояд ба хотири Аллоҳ ба азиятҳояшон сабр бикунем. Ба худ масхаракунанда ва хандандаҳоро дӯст нагирем. Аз шахсоне, ки беҳтар аз мо ҳастанд, ибрат бигирем, зеро муъминон ва даъватгарон аз беҳтарин мардумон ҳастанд. Аллоҳ фармудааст: “Сустӣ макунед ва андӯҳгин машавед, зеро агар имон оварда бошед, шумо ғолиб ҳастед”. Оли Имрон:139.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٦_١٨-٠١-٤٩

ХАСОРАТ ВА ЗИЁНИ МУНОФИҚОН

خسارة أهل النفاق
ХАСОРАТ ВА ЗИЁНИ МУНОФИҚОН
Аллоҳ мефармояд:”Ва чун ба мӯъминон мерасанд, мегӯянд: «Имон овардем». Ва чун бо шайтонҳои хеш хилват мекунанд, мегӯянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо масхараашон мекунем”. Бақара:14. Муфассирон дар баёни сабаби нузули ин оят гуфтанд; Ин оят дар бораи Абдуллоҳ ибни Убай ва ёронаш нозил шуд. Мунофиқ дар назди аҳли луғат он шахсе аст, ки имонро зоҳир карда, куфрро пинҳон кунад. Яъне, дар зоҳир мусалмон аст, ки тамоми амалҳоро ҳамроҳи мусалмонон иҷро мекунад ва дар ботин ба ин амалҳо кофир аст ва дар қалбаш заррае аз имон вуҷӯд надорад. Мунофиқон баъзе амалҳоро зоҳиран барпо медоранд, ба мисли намоз, рӯза, ҳаҷ, ҷиҳод ва ғайраҳо, ки дар ботин ба ин амалҳо бовар надоранд. Онҳо амали савоберо барпо намедоранд, магар бо танбалив ва бадбинӣ. Онҳо бо Ислом ва аҳли он ҳиллаву найрангҳоро истифода мебаранд ва ҳамеша барои фасод дар саъйу кушишанд. Мунофиқон дар байни мусалмон қасди фитна андозиро доранд ва дӯст доранд, ки ҳама мардум дар шаҳру деҳоти мусалмоннишин пайрави фаҳшо бошанд. Ва зарари мунофиқон шадидтар аз зарари кофироне аст, ки даъвои куфр мекунанд. Силоҳи мунофиқон ин макр, фиреб, дурӯғ, шаҳодати дурӯғ, суханчинӣ, айбҷуйӣ, хиёнат, хилофи ваъда, амр ба мункар, наҳй аз маъруф аст. Онҳо ҳамеша дар масхараи муъминон ҳастанд. Мунофиқон худро доно гирифта, дигар муъминонро ҷоҳил меноманд. Аллоҳ фармуд: “Бигӯ: Оё шуморо ба он касоне хабардор кунам, ки аз рӯйи амал зиёнкортарини мардуманд? Онҳо касоне мебошанд, ки саъйу кушишашон дар зиндагии дунё гум шуд ва онҳо гумон доранд, ки дар амал некӯкорӣ мекунанд”. Каҳф:103, 104.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٦_١٨-٠١-١٢

КАЛИМАИ ЗИЛЗИЛА ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ

كلمة زلزلة في القرآن الكريم
КАЛИМАИ ЗИЛЗИЛА ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ
1.Зилзилаи дунё; “Ҳангоме, ки замин сахт ба ларза дарояд. Ва замин борҳои вазнинашро хориҷ созад. Ва инсон мегӯяд: «Заминро чӣ мешавад, ки ин гуна меларзад?!”. Сураи Зилзол.
2. Зилзилаи охират; “Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед, ки зилзилаи қиёмат ҳодисаи бузургест. Он рӯз, ки онро бибинед, ҳар ширдиҳанде ширхораашро аз ёд бибарад ва ҳар зани ҳомилае бори худро бар замин биниҳад ва мардумонро чун мастшуда бибинӣ, ҳол он ки онҳо маст нестанд, балки азоби Аллоҳ сахт аст”. Ҳаҷ-1.2.
2.Зилзилаи замин ва кӯҳҳо; “Дар он рӯз, ки замин ва кӯҳҳо сахт ба ларза оянд ва кӯҳҳо ба монанди тали рег аз ҳам пошида шаванд”. Музаммил-14.
4. Наъраи осмонӣ; “Ва касонеро, ки ситам карда буданд, сайҳаи (наъраи) осмонӣ фурӯ гирифт ва дар хонаҳояшон ба рӯй афтоданд ва мурданд. Он чунон, ки гӯё ҳаргиз сокини он диёр набуданд!”. Ҳуд-67.68.
5. Фурӯ бурдани замин; “Оё онон, ки дар ҳаққи Паёмбарон ва муъминон тадбирҳои бад андешиданд, аз он эмин шуданд, ки Аллоҳ онҳоро ба замин фурӯ барад ё аз он ҷое, ки намедонанд, азоб бар онҳо биёяд?!”. Наҳл-45.
6. Шикоф шудани замин; “Агар ин Қуръонро бар кӯҳе нозил мекардем, албатта онро аз тарси Аллоҳ ниёишкунанда ва пора пора шаванда медидӣ. Ва ин достонҳое аст, ки барои мардумон баён мекунем, шояд онҳо бияндешанд”. Ҳашр-21.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_٢٠-٠٨-٣١

ТАРС АЗ АЛЛОҲ АЗ МУҲИМТАРИН СИФОТИ МУЪМИН АСТ

الخوف من الله من أهم صفات المؤمن
ТАРС АЗ АЛЛОҲ АЗ МУҲИМТАРИН СИФОТИ МУЪМИН АСТ
Тарс аз Аллоҳ ва парҳезгорӣ аз муҳимтарин сифоти муъминон аст. Ва он дур шудан аз корҳои ҳароме мебошад, ки дар он ғазаби Парвардигор бошад. Тарс аз Аллоҳ, наҷот аз азоби Парвардигор дар рӯзи қиёмат аст. Тарс аз Аллоҳ иқрор шудан ба биъсати Паёмбарон алайҳимус салом аст. Инсон бояд аз Аллоҳ битарсад ва дигаронро ба худотарсӣ даъват бикунад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мардумро ба он чизе, ки фоидаи дунявӣ ва ухравӣ дорад, даъват мекарданд, зеро калом ва ваъдаҳои Парвардигор ҳақ аст. Тарс аз Аллоҳ ва парҳезгорӣ ин тоъати Парвардигор ва наҷот аз ғазаби Ӯст. Ва сабаби дохил шудан ба сояи Арш аст, ки дар он рӯз сояе нест, магар сояи Ӯ таъоло. Тарс аз Аллоҳ наҷот аз тамоми бадиҳо, мағфирати Аллоҳ, дарёфти амн, хушбахтӣ дар дунё ва охират, комилии имон, зебогии Ислом, равшании қалб ва покии нафс аст. Тарс аз Аллоҳ асли ҳама чизҳои хайр дар дунё мебошад. Қалбе, ки тарс аз Аллоҳ надорад, он қалби мариз ва хароб аст. Парҳезгорӣ сабаби бардошта шудани тарс дар охират ва кафорати гуноҳони гузашта ва наҷот аз оташи дӯзах аст. Парҳезгорӣ аҷру савоби бузург дорад, ки инсонро ба сӯйи биҳишт мебарад. Парҳезгорӣ наҷот аз азоби дунё ва баромадан аз тамоми тангиҳои он аст. Барои парҳезгор аз ҷойе ризқ меояд, ки дар гумонаш набуд. Аллоҳ дар Қуръон фармуд: “Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, барои ӯ роҳи халосие падид меорад. Ва ба ӯ аз он ҷое, ки гумон надорад, ризқ медиҳад”. Талоқ:2,3.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٧-٢٦-٤٥

ҲАР ҶАЗО ТААЛЛУҚ БА АМАЛ АСТ

الجزاء من جنس العمل
ҲАР ҶАЗО ТААЛЛУҚ БА АМАЛ АСТ
Марде буд ба мардум қарз медод ва ба ғуломаш мегуфт: Ҳаргоҳ ба назди қарздоре рафтӣ, ки ӯ чизе барои пардохт надошта бошад, аз ӯ даргузар ва фурсат бидеҳ ва сахт магир. Пас вақте ки он мард аз дунё даргузашт, Аллоҳро дар ҳоле мулоқот намуд, ки аз гуноҳаш даргузашт. Ва ин сабаби осонгирӣ ва хушрафтории ӯ бо мардум буд. Чун ӯ ба Аллоҳ гумони нек дошт ва ба бандаҳои Аллоҳ некӣ менамуд. Аллоҳ ӯро бахшид, зеро подоши ҳар амал аз ҷинси амал аст. (Бухорӣ ва Муслим). Пас некӣ намеояд, магар ба сабаби некӣ. Ва некон дар дунё, ҳамон некон дар охират ҳастанд. Аллоҳ таъоло фармуд: “Оё ҷазои некукорӣ ҷуз некукорӣ аст?”. Раҳмон:60. Оне, ки саъйу кушиш дорад, Аллоҳ онро зиёда мегардонад. Оне, ки дар ғами баровардани ҳоҷати як бародараш бошад, Аллоҳ ҳоҷати ӯро бароварда мегардонад. Онҳое, ки ба бандагони Аллоҳ раҳм карданд, Аллоҳ ба онҳо раҳм кард. Аллоҳ фармуд: “Ҳар ки кори бад ба амал орад, ба ҷуз монанди он ҷазо дода нахоҳад шуд”. Ғофир:40. Оне, ки як кор ва ё қавлеро мегӯяд, лекин он ба хотири Аллоҳ нест, Аллоҳ ба ӯ савобе намедиҳад ва дар охират айби ӯро ошкор мекунад. Оне, ки зоҳиран як амали неке мекунад, ки он риё бошад, пас он амал барбод карда мешавад. Оне, ки муроқиби айби бародари мусалмонаш бошад, то ӯро дар назди мардум шарманда гардонад, Аллоҳ айби ӯро дар дунё ва охират ошкор гардонад. Оне, ки ба як мусалмоне зарар мерасонад ва фиреб медиҳад, Аллоҳ ӯро зарар мерасонад ва фиреб медиҳад. Аллоҳ фармуд: “Ончи дар осмонҳову ончи дар замин аст, аз они Аллоҳ аст, то ононро ки бадкорӣ карданд ва ба ончи амал намуданд, ҷазо диҳад ва ононро, ки некукорӣ карданд, ба некӣ ҷазо диҳад”. Наҷм:31.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٦-٤٦-١٤

НАСИҲАТ

النصيحة
НАСИҲАТ
Аллоҳ фармуд: “Ва Мо Паёмбаронро ба ҷуз башоратдиҳанда ва бимкунанда намефиристем. Пас бар онон, ки имон оварданд ва некӯкорӣ карданд, ҳеҷ тарс набувад ва онҳо андӯҳгин намешаванд. Ва ба касоне, ки оёти Моро ба дурӯғ нисбат карданд, ба сабаби нофармонӣ ва фосиқ буданашон азоби Илоҳӣ бирасад”. Анъом:48,49. Насиҳат кардан фоидаҳои зиёд дорад. Насиҳат итоати амри Парвардигор, итоати суннатҳои қавлӣ ва феълии Паёмбар ﷺ ва иқтидо кардан ба Паёмбарони гузашта аст. Насиҳат дурӣ аз сифатҳои аҳли нифоқ ва собит будан дар рӯйи замин аст. Насиҳат иҷобати даъват, дастёбӣ ба корҳои хайр, адои ҳаққи фарзанд ва адои ҳуқуқи мусалмонон аст. Насиҳат ҳаққе аз ҳақҳои роҳ ва ҳаққе аз ҳақҳои маҷлис аст. Насиҳат амну амон аз ҳалокату азоб аст. Насиҳат солим мондан аз лаънатҳо ва наҷот аз маъсият аст. Насиҳат фоидаи дунявӣ ва ухравӣ дорад. Насиҳат ба ҳама мусалмонон амонат аст. Нӯҳ алайҳис салом қавми худро шабу рӯз насиҳат мекард. Насиҳат дар дунё шаъну шарафи бузурге дорад, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дин насиҳат аст, дин насиҳат аст, дин насиҳат аст”. Насиҳат одобҳо дорад: 1. Насиҳат холис барои Аллоҳ бошад. 2. Насиҳат барои нафс, дунё ва шаҳват набошад. 3. Насиҳат дар танҳо будан беҳтар аст, зеро наздик ба қабули насиҳат аст. 4. Насиҳат бояд бо меҳрубонӣ ва бо оромӣ бошад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٦-٢٦-٣٩

ШОЯД ОН ХАЙР БОШАД

لعله خير
ШОЯД ОН ХАЙР БОШАД
Агар ба мусибате гирифтор гаштӣ, ки онро бад мебинӣ, ғамгин машав, шояд он барои ту хайр бошад. Аллоҳ фармуд:“Ва шояд, ки шумо чизеро нохуш ва бад доред ва ҳол он, ки вай барои шумо беҳтар бошад. Ва шояд, ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он, ки вай барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад ва шумо намедонед”. Бақара:216. Пас агар ба шахси муъмин бадие расид, дилтанг нагашта ноумед намешавад. Зеро ӯ медонад, ки Донандаи ғайбҳо танҳо Аллоҳ аст, ки ба ӯ хайрро тақдир мекунад. Ва поёни корашро ба очи дӯст медорад, мерасонад. Дар ғазваи Бадр саҳобагон бад медиданд, ки бо Қурайшиҳо рӯ ба рӯ шаванд, зеро онҳо пурқувваттар буданд. Лекин Аллоҳ хост, то мусалмонон иззат ёбанд ва болои онҳо ғалаба кунанд. Ва зану шавҳар якдигарро бад мебинанд ва ба хотири Аллоҳ сабр мекунанд ва Аллоҳ ба онҳо фарзандони солеҳ насиб мекунад. Шахси мусалмон бо аз даст додани вазифаи худ ғамгин намегардад, ба Аллоҳ шукр мекунад ва Аллоҳ ба ӯ вазифаи осонтаре насиб мекунад, ки моҳонааш зиёдтар аст. Ва он ғуломбачае, ки ӯро Хизр алайҳис салом ба қатл расонид, агар дар ҳаёт мебуд, оқи волидайн мегашт. Пас Аллоҳ бар ивази он ғуломи солеҳеро насиб гардонд. Ва инчунин Аллоҳ мусибатро ба хурсандӣ иваз мекунад, агар сабр кард ва умеди аҷру савоб дошта бошад. Вақте, ки Абуталҳа ва ҳамсараш фарзандашонро аз даст доданд, сабр намуданд. Пас Паёмбар ﷺ дар ҳаққи онҳо дуо карда фармуданд: “Аллоҳ дар шаби ҳардуи онҳо баракат диҳад”. Пас Аллоҳ ба онҳо писарбачае насиб гардонид, ки аз ӯ дида дар байни Ансориҳо афзалтаре набуд”. Аҳмад. Пас ба он чизе, ки бад дидӣ ба он сабр бикун. Аллоҳ фармуд: “Ба ин гурӯҳ аз Парвардигорашон дурудҳо ва бахшоиш аст ва онҳо роҳёфтагонанд”. Бақара:157.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٥_١٥-٥٩-٢١

ЗИНДА ШУДАН БАЪД АЗ МИРОНИДАН ҲАҚ АСТ

البعث بعد الموت حق
ЗИНДА ШУДАН БАЪД АЗ
МИРОНИДАН ҲАҚ АСТ
Аллоҳ таъоло фармуд: “Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард”. Қиёмат:3. Яъне, ӯро дигар бора ба офариниши нав намеофаринем? Мусалмон бояд ба омадани аҷали муайяншуда имон дошта бошад. Оне, ки бори аввал ба мо ҳаёт бахшид, метавонад онро бори дуввум ато фармояд, зеро Ӯ Қодир ба халқи махлуқот аст. Ва ин далел ба қудрати зинда кардан баъд аз миронидан аст. Зинда шудани замин ё наботот далел барои зинда шудан баъд аз миронидан аст ва ҳам ҳикмат ва адли Худовандист, ки барои мукофот ва ҷазо мардумро зинда мегардонад. Имон ба рӯзи қиёмат, дар нафси шахси муъмин сабр, ризоият, авф аз зулм ва қабули узрро зинда мекунад. Ва инсонро аз муҳаббати дунё дур гардонда ғофилонро аз ғафлаташон огоҳӣ медиҳад ва золимонро ба ваҳшат меандозад.. Имон ба рӯзи қиёмат, зинда шудан аз қабр, ҳисоб, савоб, азоб, рукне аз аркони дин ва ҷузъе аз ақидаи солим аст. Ба ҳар як мусалмон ҷоиз нест, ки ба омадани рӯзи қиёмат шакке дошта бошад. Аллоҳ дар бисёр оятҳои Қуръон ба омадани рӯзи қиёмат хабар додааст, лекин илми он ва дар кадом вақт воқеъ шуданаш танҳо дар назди Аллоҳ аст. Ва Аллоҳ инкоркунандаҳои рӯзи қиёматро ба бозгашти бад хабар додааст. Аллоҳ фармуд: “Мо медонем, ки хок чӣ гуна аз ҷасадҳои онҳо кам мекунад. Ва китобе, ки ҳама чиз дар он нигаҳдорӣ шудааст, назди Мост”. Сураи Қоф:4.
Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ ато кун ва дар охират некӣ марҳамат намо ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ