photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٠_١٣-٠١-٣٢

СИРРИ ҚАБУЛИ ДУО

سر قبول الدعاء
СИРРИ ҚАБУЛИ ДУО
“Вақте ки Зуннун хашмнок рафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо кард: “Нест маъбуде ба ҷуз Ту, Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон будам”. Анбиё-87. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳеҷ кас ба сахтие гирифтор намешавад ва дуои ӯ иҷобат мегардад, модоме ки ин дуоро бихонад; “Ло Илоҳа илло анта субҳонака инни кунту миназ золимин”, яъне “Парвардигоро! Нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Ту, Пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон будам”. Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) гуфт: Вақте, ки Юнус алайҳис салом дар торикии шаб, торикии баҳр ва торикии шиками моҳӣ буд, ба Парвардигоре, ки Шунавову Доност, ҳеҷ чизе бар Ӯ дар осмонҳо ва замин пинҳон нест, рӯ ба сӯйи Ӯ кард, ки ин суннати муваҳҳидону мухлисон аст, чунин гуфт: “Бор Илоҳо! Ту дар улуҳият ягона ҳастӣ. Аз ҳама айбу нуқсон покӣ, албатта он амале, ки аз ман воқеъ шуд аз зулми Ту нест. Ту дар номҳои худ комил ҳастӣ. Ва сифатҳои Ту холӣ аз ҳама бадиҳост. Ман эътирофи гуноҳи худ кардам. Аз Ту талаби мағфирати гуноҳамро мепурсам. Ва аз ғаму сахтиҳо маро бо Лутфи Худ наҷот бидеҳ”. Ин Дуо се матлаб дорад: 1. Исботи камоли улуҳият 2. Исботи камоли покии Парвардигор. 3. Эътирофи гуноҳу хатоҳо ва талаби мағфирати гуноҳ. Пас банда бояд ин дуоро дар ҳоли ғаму андуҳ ва сахтиҳо бисёр зикр бикунад. Албатта тавҳиду имон ва иқрор ба гуноҳ аз бузургтарин сабабҳои наҷот аз ҳалоккунандаҳои дунё ва охират аст. Банда бояд дар дуои худ ба Парвардигор гумони нек дошта бошад. Ва ҳам илоҷи ҳама бадиҳо имон ва амали солеҳ аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٠_١٢-٤٢-١٠

НАВЪҲОИ ТАБАРРУК

أنواع التبرك
НАВЪҲОИ ТАБАРРУК
Табаррук дар луғат ба маънои бисёр шудан ва ба субут расондан аст. Табаррук дар шариъат ба маънои талаби баракат ва умеду эътиқоди он аст.
Табаррук бар ду қисм аст; Табарруки шаръӣ ва табарруки манъшуда. Табарруки шаръӣ: 1-Табаррук ба зоти Паёмбар ﷺ, ки он танҳо хос дар вақти ҳаёташон буд. 2-Табаррук ба гуфтор ва амалҳои шаръӣ, ки ҳаргоҳ банда онро анҷом диҳад, барои ӯ хайру баракат ҳосил мешавад, ба монанди қироъати Қуръон ва зикри Аллоҳ. 3-Табаррук ба маконҳое, ки Аллоҳ он ҷойро баракат қарор додааст, ба монанди масҷидҳо ва шаҳрҳои Макка, Мадина ва Байтул Муқаддас. Табаррук ҷӯстан, яъне кори хайр кардан ва барои Аллоҳ ба амалҳои шаръӣ бандагӣ кардан аст, вале масҳ кашидани деворҳо ва сутунҳои он маконҳо ҷоиз нест. 4-Табаррук ба замонҳое, ки Аллоҳ онҳоро ба зиёдатии фазл ва баракат хос гардондааст, ба монанди моҳи Рамазон ва даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа ва шаби Қадр ва сеяки охири шаб. 5-Табаррук ба таомҳое, ки Аллоҳ дар онҳо баракат қарор додааст, ба монанди равғани зайтун, асал, шир, сиёҳдона ва оби замзам.
Табарруки манъшуда: 1-Масҳ кашидан ба деворҳо ва маконҳое, ки баракати онҳо аз рӯи шариъат собит нашудааст. Ва табаррук кардани қабри накӯкорон ва маконҳое, ки ба ҳодисаҳои таърихӣ робита доранд, ба монанди макони таваллуди Паёмбар ﷺ ва ғори Ҳиро ва ғори Савр. 2-Табарруки замонҳо: Ба монанди рӯзи таваллуди Паёмбар ﷺ ва шаби Исро ва Меъроҷ ва шаби нисфи аз моҳи Шаъбон. Қоидаҳои муҳим дар масъалаи табаррук: 1-Табаррук ибодат аст ва асл дар ибодатҳо манъ аст, то ки далеле бар ҷоиз будани он вуҷуд дошта бошад. 2-Албатта ҳама баракат аз ҷониби Аллоҳи ягона аст, пас Ӯст ки Молики он ва Бахшандаи он аст, пас аз ғайри Ӯ чизеро талаб карда намешавад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٠_١١-٥٣-٥٧

ИМОМ БУХОРӢ (раҳимаҳуллоҳ)

إمام البخاري ) رحمه الله(
ИМОМ БУХОРӢ )раҳимаҳуллоҳ)
Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) амири муъминон дар илми ҳадис ва соҳиби китоби “Ҷомеъус саҳеҳ”. Имоми ҳуффоз ва саййиди муҳаддисон Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳими Бухорӣ. Соли 194 ҳиҷрӣ таваллуд шуданд. Имом Бухорӣ хурдсол буданд, ки падарашон вафот кард. Пас имом Бухорӣро модарашон нигоҳубин карданд. Падари имом Бухорӣ, ки диндор буд, пеш маргашон чунин гуфт: “Ман намедонам, ки дар молам як дирҳаме аз ҳаром ва ё моли шубҳаноке ҳамроҳ шуда бошад”. Имом Бухорӣ дар хурдсолӣ нобино буданд. Модарашон Иброҳим алайҳис саломро дар хоб дид, ки ба ӯ гуфтанд: “Албатта Аллоҳ таъоло бо дуои зиёди ту биноии фарзандатро ба ӯ боз мегардонад”. Ва бузургтарин хоҳише, ки волидайни имом Бухорӣ доштанд, ин ислоҳи фарзандашон буд. Аз имом Бухорӣ пурсиданд, ки оғози коратон чигуна буд? Гуфтанд: “Кӯдаки хурдсол будам, ҳифзи ҳадис ва навиштани онро дӯст медоштам ва котиб будам”. Боз пурсанд, ки дар ҳамон вақт чанд сола будед? Гуфтанд: “Даҳсола ва ё камтар аз он будам”. Бинобарин дар илми имом Бухорӣ диндорӣ ва ибодат ҷамъ шудааст. Зеро имом Бухорӣ мегуфт: “Умедвор ҳастам, ки ба Аллоҳ лиқо кунам ва дар ҳисоб касеро ғайбат накарда бошам”. Ва аз бузургтарин китобҳои имом Бухорӣ китоби “Ҷомиъус саҳеҳ” аст, ки он саҳеҳтарин китоб баъди китоби Аллоҳ мебошад. Ва ба таҳқиқ тамоми уммат иттифоқ ба қабули ин китоб ҳастанд. Ин китобро имом Бухорӣ дар муддати шонздаҳ сол ҷамъ карданд. Ба ин китоб ҳадисе дохил накарданд, магар ин ки пеш аз ҳар ҳадис ду ракат намоз гузориданд. Уламо шоҳид бар он ҳастанд, ки дар ҳақиқат Бухорӣ олим ва имом буданд. Имом Бухорӣ гуфт: “Чизеро намедонам, ки ба он муҳтоҷ шуда бошам, магар ин ки онро дар китоби Аллоҳ ва суннати Паёмбар ﷺ пайдо кардам”. Имом Бухорӣ шаби иди Фитр, дар соли 256 ҳиҷрӣ вафот карданд. Аллоҳ ба раҳмати васеъи Худ дохил гардонад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٠_١١-١٩-٥٣

ШАФОАТ

الشفاعة
ШАФОАТ
Шафоат дар истилоҳи шариъат он аст, ки шахси дигарро бо ҷалби манфиат ва ё дур кардани зарар миёнаравӣ кардан аст. Шафоат ду қисм аст: Шафоати манфӣ ва шафоати мусбат. Шафоати манфӣ шафоатест, ки аз ғайри Аллоҳ дар он чизе, ки бар он қудрат надорад, талаб карда мешавад. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Эй касоне ки имон овардаед! Аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, инфоқ кунед, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯш аст ва на дӯстӣ ва на шафоате ва кофирон ҳамон золимонанд”. (Бақара:254).
Шафоати мусбат он шафоатест, ки аз Аллоҳ таъоло талаб карда мешавад. Шартҳои шафоат:
1.Иҷозат додани Аллоҳ барои шафоатгар, ки шафоъат кунад.
2.Ризоии Ӯ таъоло аз шафоатгар ва шафоатшуда. Аллоҳ фармудааст: “Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармони Ӯ шафоат кунад?”. Бақара:255. Инчунин фармудааст: “Ва дар осмонҳо бисёр фариштагон ҳастанд, ки шафоати онҳо чизеро нафъ намекунад, магар баъд аз он ки Аллоҳ барои ҳар ки хоҳад, дастурӣ диҳад ва ризоманд шавад”. Наҷм:26.
Ҳукми талаби шафоат аз шахси зинда ва тавоно чист?
1.Агар аз ӯ амри шаръӣ ва ё кори мубоҳеро талаб кунад, ки бар он қудрат дорад, пас он ҷоиз аст, ки он аз боби ёрӣ додан бар кори хайр аст.
2.Аз ӯ амреро талаб кунад, ки бар он қудрат надорад, пас ин ширк аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٠_١١-١٧-١٨

СЕҲР

السحر
СЕҲР
Он чизе, ки сабаби он пӯшида аст, сеҳр номида мешавад. Сеҳр дар истилоҳи шариъат, руқяҳо, афсунҳо, туморҳо, давоҳо ва ҳаргуна доруест, ки ба қалб ва ҷисми инсон ба амри Аллоҳ таъсир мекунад. Сеҳр ду қисм аст: 1.Ширки акбар, ки он ба воситаи ҷин ва шайтонҳо иҷро мешавад, зеро ҷодугар онҳоро ибодат мекунад ва ба сӯи онҳо наздикӣ меҷӯяд ва ба онҳо саҷда мекунад, то ки онҳоро бар шахси ҷодушуда мусаллат гардонад. 2. Фисқ ва душманӣ, ки он сеҳр ба воситаи давоҳо иҷро мешавад, ба монанди чашмбандӣ. Ҳукми сеҳр: 1.Агар ҷодуяш аз қисми якум бошад, пас ӯ кофир аст ва ҳукми муртадро дорад, ки ӯро бо ҳукми қозӣ кушта мешавад. 2.Агар ҷодуяш аз қисми дуюм бошад, кофир намешавад, лекин ӯро фосиқу гунаҳкор шуморида мешавад, вале аз боби дафъи зарарҳо ӯро кушта мешавад, ҳар вақте ки қозӣ амрашро пешниҳод кунад. Албатта сеҳр куфр аст, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ва он ду фаришта ба ҳеҷ кас чизе ёд намедоданд, магар ин ки мегуфтанд: Мо василаи озмоишем, пас кофир машавед”.(Сураи Бақара:102). Пас касе, ки ба он амал бикунад ва ё таълим диҳад ва таълим гирад ва ё ба он розӣ шавад, кофир гардида аз Ислом хориҷ мешавад. Ва яке аз навъҳои сеҳр нушра аст, ки он кушодани ҷоду аз шахси ҷодушуда аст. Ва нушра ду навъ аст: 1.Кушодани сеҳр бо сеҳр, ки он ҳаром ва аз амалҳои шайтон аст. 2.Кушодани сеҳр бо руқя, дуоҳои шаръӣ ва давоҳои мубоҳ, ки он ҷоиз аст. Аз ҷодугарон мардумро хабардор кардан ва ҳазар кунондан ба мо воҷиб аст, зеро ин аз инкори мункар ва насиҳат барои мусалмонон аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٨_١٧-٤٦-٣٩

ДАШНОМ ДОДАНИ ЗАМОНА

سب الدهر
ДАШНОМ ДОДАНИ ЗАМОНА
Мақсад аз даҳр, дашному мазаммат ва зишт шуморидани замона ва вақт аст. Ҳукми дашноми замона ба се қисм тақсим мешавад:
1.Хабар додани хабари дурусте, ки дар он дурӯғе нест, пас он ҷоиз аст. Ба мисли гуфтани ин ки; “Имрӯз аз гармии ҳаво сахт монда шудем”. Ва ё ба монанди Лут (алайҳис салом), ки чунин гуфт:”Ин рӯзи сахт аст”.
2.Замонаро дашном диҳад ва гӯяд, ки иҷрокунандаи он ҳамон замона аст. Ба мисли эътиқод доштан ба ин, ки ҳамон замона корҳоро аз хайр ба сӯйи шарр мегардонад, пас ин ширки акбар аст.
3.Замонаро дашном диҳад, зеро он макони кори нохуш аст. Ва эътиқод дошта бошад, ки амаликунандаи он Аллоҳ аст, пас ин ҳаром ва аз гуноҳони кабира аст. Дашноми замона азият барои Аллоҳ таъоло аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуд: “Аллоҳ мегӯяд: (Фарзанди Одам Маро озор дода замонаро дашном медиҳад, дар ҳоле ки Ман ҳамон замона ҳастам, чун Ман шабу рӯзро дигаргун мекунам)”. Бухорӣ ва Муслим.
Ва маънои: (Ман замона ҳастам) яъне, Ман идоракунанда ва гардонандаи замона ҳастам.
Пас мо бояд бидонем, ки номи “Даҳр” аз номҳои зебои Аллоҳ таъоло нест.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٨_٢٠-٥٨-٢٨

КОҲИН ВА АРРОФ

الكاهن و العراف
КОҲИН ВА АРРОФ
Коҳин он шахсе аст, ки аз роҳи ҷинҳо ва шайтонҳо аз оянда хабар диҳад. Ва Арроф он шахсе аст, ки даъвои донистани корҳои ҳозираро кунад. Яъне, бо роҳҳои пӯшида, макони чизҳои дӯздидашуда ва ё гумшударо бидонад. Албатта даъвои илми ғайб кардан куфр аст, зеро он дурӯғ шуморидани Қуръони Карим аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Бигӯ! Дар осмонҳо ва замин ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ касе ғайбро намедонад”. (Сураи Намл:65).
Онҳое, ки аз ғайб хабар медиҳанд, чаҳор қисманд: 1.Касе, ки аз ғайб бо роҳи ҷинҳо хабар медиҳад, пас чунин инсонро “коҳин” меноманд.
2.Касе, ки аз ғайб бо роҳи хат кашидан ба хоки замин хабар диҳад, пас чунин инсонро “раммол” меноманд.
3.Касе, ки аз ғайб бо роҳи ситораҳо хабар медиҳад, пас чунин инсонро “мунаҷҷим” меноманд.
4.Касе, ки бо роҳи пӯшида аз молҳои дӯздидашуда ва гумшуда хабар медиҳад, пас чунин инсонро “арроф” меноманд.
Албатта ҳукми рафтан ба назди коҳинҳо ва аррофу ҷодугарон бар ду қисм аст:
1.Касе, ки ба назди онҳо меравад ва суханҳояшонро тасдиқ намекунад, вале аз онҳо мепурсад, пас ҳукми он ҳаром ва яке аз гуноҳони кабира аст. Ва касе, ки ба назди онҳо меравад, чиҳил рӯз намозаш қабул намегардад. Зеро Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Касе, ки ба назди фолбину ҷодугарҳо равад ва аз онҳо чизе бипурсад, пас чиҳил рӯз намози ӯ қабул намегардад”. (Ривояти Муслим).
Мақсад аз ҳадис ин аст, ки барои намози ӯ аҷру савобе нест.
2.Касе, ки назди фолбину ҷодугарҳо меравад ва аз онҳо чизе мепурсад ва гуфтаҳои онҳоро тасдиқ менамояд, пас ӯ ба он чизе, ки ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам нозил шудааст, кофир аст. (Ривояти Абудовуд, Насоӣ, Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ҳоким).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٨_١٧-٥٢-٢٦

ДӮСТ ДОШТАНИ МОЛ ВА ҶАМЪИ ОН

حب المال وجمعه
ДӮСТ ДОШТАНИ МОЛ ВА ҶАМЪИ ОН
Мол чизи дӯстдоштаи инсон аст: “Ва молу сарватро бисёр дӯст медоред, дӯстдоштании зиёд”. Фаҷр:20. Бинобарин барои инсон зарур аст, ки моли дунёро аз роҳҳои ҳароме, ки шариъат манъ кардааст касб накунад. Ва ҳамчунин нафақаҳои фарзиро аз моли худ бидиҳад. Барои ба моли кам қаноат кардан, бояд мо дар зиндагии худ иқтисод дошта бошем ва ба моли мардум назар накунем, балки ба шахсоне назар бикунем, ки дар моли дунё аз мо пасттар ҳастанд. Бисёр дӯст доштани мол сабаби манъи ҳуқуқи дигарон ва фарқ накардани ҳалол аз ҳаром аст. Камбағалӣ ва тангии ризқ далел нест, ки шумо ба гуноҳ даст занед ва намозро дар вақташ нахонед. Ба мо лозим аст, ки камбағалии баъзе Паёмбарон, солеҳон ва уламоро бингарем. Аллоҳ молу сарватро ба шахсе мехоҳад ва ё намехоҳад ато мефармояд ва ё танг мегардонад. Мусалмон агар сарватманду бой бошад, бояд шукр кунад ва агар камбағалу тангдаст бошад, бояд сабр кунад. Ҳар мусалмоне, ки ботақво ва таваккалкунанда аст, Аллоҳ ба ӯ аз ҷойе ризқ медиҳад, ки дар фикри он набуд. Инсон агар молро дар тоати Парвардигор сарф кард, пас он хайр аст, вале агар онро дар гуноҳ сарф кард, пас он шарр аст. Зеро дар рӯзи қиёмат инсонро аз моле, ки касб кардааст пурсида мешавад. Ва инсон молу мулкро бисёр дӯст медорад, ки яке аз аломатҳои он; Фурӯхтани охират ба моли ночизи дунё ва фарқ накардани ҳалол аз ҳаром. Аллоҳ фармуд: “Бигӯ: Агар шумо молики хазинаҳои раҳмати Парвардигори ман будед, дар ин сурат ба хотири тангназарӣ худдорӣ мекардед, мабодо бахшиш сабаби тангдастии шумо шавад. Ва инсон тангназар аст”. Исро-100. Ва фармуд: “Чунин нест, ки шумо мепиндоред, ба яқин инсон саркашӣ мекунад, аз ин ки худро бениёз бибинад”. Алақ-6,7.
* * *
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-١٨_١٧-٥٠-٥٤

ОДОБИ НЕКӢ БА ВОЛИДАЙН ДАР ҚУРЪОН ВА СУННАТ

آداب بر الوالدين في القرآن و السنة
ОДОБИ НЕКӢ БА ВОЛИДАЙН ДАР ҚУРЪОН ВА СУННАТ
Аллоҳ фармудааст: “Ва Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз Ўро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду, ё ҳар дуи онҳо, назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин беҳурматиро ба онҳо раво мадор ва бар онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу санҷида ва бузургворона бигӯ”.Нисо-23.25. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дӯстдоштатарин амал дар назди Парвардигор, хондани намоз ва некӣ ба падару модар аст”. Бухорӣ. Инчунин фармуданд: “Ҳақдортарин мардум ба сӯҳбати ту ин модарат, пас модарат, пас модарат ва пас падарат аст”.Бухорӣ. Ва фармуданд: “Ба назди падару модарат бозгард ва ба онҳо некӣ бикун!”. Муслим. Ва фармуданд:”Розигии Парвардигор дар розигии падар аст, ғазаби Парвардигор дар ғазаби падар аст”. Тирмизӣ. Албатта дар корҳои савоб, некӣ ба волидайн воҷиб аст, вале дар корҳои ширк ва маъсият некӣ ба онҳо ҷоиз нест, зеро Аллоҳ Холиқи ҳақиқӣ ва волидайн сабаби ба вуҷӯд овардани фарзандон ҳастанд. Куфри волидайн сабаби даст кашидани фарзанд аз онҳо нест. Шахсе, ки ба волидайни худ амали хайре накард, аз он инсон хайре нест. Дӯстдоштатарин амал дар назди Парвардигор, некӣ ба падару модар аст. Аллоҳ фармуд: “Аллоҳро ибодат кунед ва ба Ӯ чизеро шарик наоред ва ба падару модар некӣ кунед”. Нисо-36. Некӣ ба волидайн сабаби қабули амал аст, ки он зарурат ба сабр дорад. Ва барои ҳар мусалмон некӣ кардан ба волидайни худ фарзи айн аст.
****
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ