photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٣-٠٦-٠٣

«Ар-Раҳмон»

«الرحمن»
«Ар-Раҳмон»
Имони шахси муъмин комил намегардад, магар бо ягона донистани Аллоҳ ба номҳо ва сифатҳояш. Ҳама номҳои Аллоҳ зебо ва олӣ аст. Аллоҳ сифатҳои комил ва бузург дорад. Ва яке аз номҳои зебои Ӯ таъоло Ар-Раҳмон аст. Номи Ар-Раҳмон дар Қуръони Карим дар панҷоҳу ҳафт мавзеъ зикр шудааст. Ва шаштои он ҳамроҳ бо номи Ар-Раҳим омадааст. Ар-Раҳмон аз номҳоест, ки барои бандагон ин номро гузоштан ҷоиз нест. Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки дар тафсири сураи Марям ояти 65 гуфт: “Ҳеҷ якеро ба ғайр аз Аллоҳ, Раҳмон номида намешавад”.(Ҳоким:3420). Ар-Раҳмон, яъне соҳиби раҳмати комил, ки ризқи халқ ва сабабҳои зиндагиро барояшон васеъ гардондааст, агарчи онҳо муъмин бошанд ва ё кофир. Ӯ таъоло пок ва соҳиби Раҳмати васеъ ва бузург аст, ки ҳама чиз дар назди Ӯ васеъ аст. Шахсони ботақво пайравони Паёмбарон ҳастанд, ки барои онҳо ин Раҳмат комил ва мутлақ аст. (Тафсири Саъдӣ с:39). Раҳмати Парвардигор ду навъ аст: 1. Раҳмати ом, ки он барои ҳама халоиқ аст ва ҳам барои тарбияи онҳо ва ризқашон ва ҳам ёрии онҳо бо неъматҳо. 2. Раҳмати хос, ки он хос барои муъминон аст, зеро Аллоҳ онҳоро ба Раҳмати Худ тавфиқ ва ҳидоят мекунад ва дифоъ менамояд. Оне, ки ба Раҳмон будани Аллоҳ имон дорад, медонад ки ҳама он мусибатҳову дарду аламҳо аз тарафи Парвардигор аст. Агарчи онро зоҳиран бад мебинад, вале медонад, ки дар ботини он Раҳмати Парвардигор аст ва албатта оқибати он нек аст. Аллоҳ мефармояд: “Бар шумо набардро лозим карда шуд ва он барои шумо душвор аст. Ва шояд, ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад. Ва шояд, ки чизеро дӯст доред ва ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад ва шумо намедонед”. Бақара:216. Ва шахси муъмин бо ин ном дуо мекунад ва онро васила мегирад. Ва осори Раҳмати Аллоҳро дар махлуқоташ мебинад. Пас бо инҳо муҳаббати Аллоҳ ва имону бовариаш зиёд мегардад. Оне, ки Раҳмати Аллоҳро мехоҳад, ба бандагони Аллоҳ раҳм мекунад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٣-٠٥-٠٩

«АЛЛОҲ»

«الله»
«АЛЛОҲ»
Инсон аз чизҳое, ки ӯро ба техналогияи нав мерасонад, тааҷҷуб мекунад. Бо ин ҳама боз инсонҳое пайдо мешаванд, ки бутпарасту ҳайвонпараст ҳастанд. Ва ҳақиқати равшан он аст, ки ягон чиз мустаҳиқи ибодат нест, магар Аллоҳ таъоло. Ва ҳама маъбудон ба ғайр аз Аллоҳ, ки хоҳ дар зери Арш бошанд ва ё дар болои замин, ботиланд. Аллоҳ фармуд: “Ва Ӯ Аллоҳ, яъне тасарруфкунанда ва фармонраво дар осмонҳо ва замин аст”. Анъом:3. Аллоҳ таъолоро ибодат карда ва ягона дониста мешавад. Ва иқрор карда мешавад, ки Ӯ маъбуди ҳама он чизҳое аст, ки дар осмонҳо ва замин аст, ки Ӯро Аллоҳ номида мешавад. Ӯро бо тарсу умед дуо мекунанд, магар он ҷинну инсонҳое, ки ба Ӯ кофир шуданд. Аллоҳ он зотест, ки муҳаббаташ дар қалбҳост ва бо зикраш он ором мегирад. Аллоҳ фармуд: “Ононе, ки имон оварданд, қалбҳояшон бо ёди Аллоҳ ором мегирад. Огоҳ шав, қалбҳо ба ёди Аллоҳ ором мегирад”. (Рад:28). Аллоҳ зоте аст, ки ҳама Ӯро дӯст медоранд ва ба сӯяш мераванд ва дар ҳама ҳоҷатҳояшон ба сӯйи Ӯ илтиҷо мекунанд. Нест маъбуди барҳақ, ба ҷуз Аллоҳ. Ва Илоҳ он маъбуде аст, ки онро итоат карда мешавад ва ҳама ибодату муҳаббат ба сӯйи Ӯст. Ва қалбҳо ба сӯйи Ӯ баста шудааст. Аллоҳ ягона аст, шарике надорад. Шинохти Аллоҳ сабаби хушбахтии дунё ва охират аст, зеро лаззату шодмонӣ ва хушгузаронии вақт ва неъматҳо бо шинохти Аллоҳ таъоло аст. Агар ба сӯйи Ӯ ба дуо даст бардоштем ва таваккал кардем, пас Ӯ кифоякунанда ва ризқдиҳанда аст. Агар мардум ба сӯйи талаби дунё раванд, ту ба сӯйи Аллоҳ бирав. Ва агар онҳо ба аҳлашон унс бигиранд, ту ба Аллоҳ унс бигир. Аллоҳ фармуд: “Танҳо Аллоҳро ибодат кун ва аз сипосгузорон бош”. (Зумар:66).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٣-٠٤-٠٠

ҶОИЗ НЕСТ, КИ РӮЗАДОР КАСЕРО ДАШНОМ БИДИҲАД!

لا يجوز للصائم أن يشتم أحداً
ҶОИЗ НЕСТ, КИ РӮЗАДОР КАСЕРО ДАШНОМ БИДИҲАД!
Содир кардани гуноҳон аз қабили дашному ҳақорат дар рӯзи Рамазон рӯзаро фосид намекунад. Ба маънои дигар, он аз ҷумлаи шиканандаҳои рӯза ба ҳисоб намеравад, вале савоби рӯзаро кам мекунад. Ин гуноҳон метавонанд тамоми савоби рӯзаро нобуд созанд. Рӯзадор бошад, аз рӯзааш ҷуз гуруснагӣ ва ташнагӣ чизи дигареро бардошт нахоҳад кард. Рӯзадор маъмур аст, ки узвҳои баданашро аз гуноҳ нигаҳ дорад. Мақсад аз рӯза танҳо тарки хӯрдану нӯшидан нест, балки мақсад аз он тарки гуноҳ ва амалӣ кардани парзҳезгорист. Аллоҳ дар ин бора фармудааст: «Эй касоне, имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шуд, чуноне ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, то парҳезгор шавед».(Бақара: 183). Паёмбар ﷺ фармудааст: «Ҳар кас гуфтору кирдори ботил ва ҷаҳолатро тарк накунад, Аллоҳ ба тарки хӯрдану нӯшидани ӯ, ҳеҷ ниёзе надорад». Бухорӣ. Ва фармуданд:«Ҳар гоҳ яке аз шумо рӯзе рӯза бигирад, набояд носазогӯӣ кунад ва амали ҷоҳилона анҷом бидиҳад. Ва агар марде ӯро дашном диҳад ва ё бо ӯ даргир шавад, бояд бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам. Ман рӯзадор ҳастам». Бухорӣ. Ҳофиз раҳимаҳуллоҳ мегӯяд:«Набояд носазогӯӣ кунад». Манзур аз носазогӯӣ дар инҷо сухани зишт аст. «Набояд амали ҷоҳилона анҷом бидиҳад». Яъне набояд амалҳои ҷоҳилон, аз қабили доду фарёд, беақлӣ ва монанди онро анҷом бидиҳад. Ва набояд рӯзадор бо дигарон монанди онҳо муомила кунад, балки танҳо бигӯяд, ки “Ман рӯзадор ҳастам”. Паёмбар ﷺ фармуданд: «Баҳраи  баъзе аз  рӯзадорон аз рӯза танҳо гуруснагӣ аст. Баҳраи баъзе аз шабзиндадорон аз  шабзиндадорӣ танҳо бедорхобӣ аст».
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٣-٠٣-٣٨

ХУЛҚИ НЕКУКОРӢ

خُلُق البِرّ
ХУЛҚИ НЕКУКОРӢ
Оё мехоҳӣ, ки Аллоҳ аз ту розӣ бошад? Оё дӯст медорӣ, ки мардум ба ту муҳаббат дошта бошанд? Оё мехоҳӣ, ки бо дигарон алоқаи хуб дошта бошӣ? Пас бояд ту некукор бошӣ. Некукорӣ ба маънои ом аст, ки он ислоҳ шудан, дар тоат будан, худотарсӣ, пайванди хешовандӣ, раҳм кардан, ростгӯйӣ, иҷрои амалҳои хайр ва ғайра аз амалҳост. Ҳама он чизе, ки Аллоҳ амр кардааст, он некукорӣ аст. Ва бузургтарин некукорӣ ин имон овардан ба Аллоҳ таъолост. (Сураи Бақара:177). Аз некукорӣ, ин некӣ ба падару модар ва хайру эҳсон ба онҳост. Аллоҳ фармуд: “Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Ӯ дигареро ибодат макунед ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед, агар яке аз онҳо ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас ба онҳо уф магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ”. (Исро:23). Аз ҷумлаи некукорӣ, силаи раҳм аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ба модарат ва ба падарат ва хоҳару бародарат пас ба дигарон некӣ бикун”. (Аҳмад). Ва некукорӣ, ҳусни хулқ ва муомилаи хуб бо мардум аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Некукорӣ ин хулқи хуб аст”. (Муслим). Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳумо гуфт: “Некукорӣ чизи кам, рӯйи озод ва сухани мулоим аст”. Аллоҳ фармуд: “Ҳаргиз некукориро наёбед, магар он, ки аз ончи дӯст медоред, харҷ кунед. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе, ки харҷ мекунед, Доност”. (Оли Имрон:92). Некукорӣ сабаби даромадан ба биҳишт аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бар шумо бод, ки ростгӯ бошед, зеро ростгӯйӣ инсонро ба сӯйи некукорӣ мебарад ва некукорӣ инсонро ба сӯйи биҳишт мебарад”. (Бухорӣ ва Муслим). Некукорӣ сабаби дӯстӣ дар байни мардум аст. Аллоҳ фармуд: “Ва бар некукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад макунед ва аз Аллоҳ битарсед. Ба дурусти ки азоби Аллоҳ сахт аст”. (Моида:2). Ба некукорӣ ҳарис бош ва бо ҳамроҳи некукорон бош, то дар рӯзи охират наҷот ёбӣ. Аллоҳ фармуд: “Ҳароина некукорон дар неъматанд”. (Инфитор:13).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٣-٠٠-٢٤

ХУЛҚИ ИФФАТ ВА ПОКӢ

خُلُق العِفَّة
ХУЛҚИ ИФФАТ ВА ПОКӢ
Аз муҳимтарин ахлоқе, ки Паёмбар ﷺ бо он фиристода шудаанд, ин иффат ва покист. Ва аз саволҳои Ҳирқал ба Абусуфён чунин буд: (Ман аз ту мепурсам, ки ӯ шуморо ба чӣ амр мекард? Гумон мекунам, ки ӯ шуморо ба намоз, ба сидқ ва ба покиву иффат ва ба вафо кардан ба аҳд ва адои амонат амр мекард, ки инҳо сифати Паёмбарон аст). Бухорӣ ва Муслим. Иффат ва покӣ ин парҳезгорӣ, покии ахлоқ, дурӣ аз бадиҳо ва дурӣ аз чизҳое, ки ҳалол нест, мебошад. Шахси муъмин боиффату пок намегардад, то ин ки дасти пок, забони пок, биноӣ ва шунавоии пок дошта бошад. Покии забон, ин тарки масхара, тарки ғайбату суханчинӣ ва тарки ҳақорату дашном аст. Покии чашм, ин пӯшидани он аз номаҳрамон ва нигоҳ накардан ба чизе, ки дар дасти дигарон аст. Покии гӯш, ин тарки гӯш кардани муҳаррамот, ба мисли мусиқӣ ва ҷосӯсӣ ба дигарон аст. Ва покии даст ва аъзои бадан ин аст, ки инсон бо дасти худ ба дигарон зарар нарасонад. Ва чизҳоеро истифода набарад, ки шариъат истеъмоли онро иҷозат надодааст. Ва аз навъҳои иффату покӣ ҳаё ва сатри аврат аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй фарзандони Одам, Шайтон шуморо гумроҳ накунад, чуноне ки падару модари шуморо аз биҳишт берун овард, ҷомаҳояшонро аз онҳо бикашид, то ба онҳо шармгоҳашонро бинамояд”. Аъроф:27. Ва ба ҳифз кардани покӣ, занонро ба ҳиҷоб кардан амр карда шуд. Ва ҳам дар хилват мондан бо шахси бегона ҳаром гардид. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Огоҳ бошед ҳалол нест, ки як мард бо зане дар хилват бимонад, магар ин ки сеюми онҳо шайтон бошад”. (Тирмизӣ). Ва барои сохтани покиву иффат Аллоҳ моро аз пайрав шудан ба роҳҳои шайтон, ки моро ба сӯйи фаҳшо мебарад, ҳазар кунондааст. Аллоҳ фармуд: “Эй мардумон! Аз он чи дар замин ҳалолу покиза аст, бихӯред, роҳҳои шайтонро пайравӣ макунед. Ҳамоно ӯ барои шумо душмани ошкор аст”. (Бақара:168).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

صلاة العيد

Айт намазы (буклет) – Дайындаған: шейх Хайсам Сархан басшылығындағы “Сунна” колледжі 1 бет. 1445/2024 ж.

???? صلاة العيد

اللغة القازاقية

???? Айт намазы (буклет)

Дайындаған: шейх Хайсам Сархан басшылығындағы “Сунна” колледжі
1 бет. 1445/2024 ж.

???? صلاة العيد

اللغة القازاقية

???? Айт намазы (буклет)

Дайындаған: шейх Хайсам Сархан басшылығындағы “Сунна” колледжі
1 бет. 1445/2024 ж.