photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٢ (2)

НОМҲОИ АЛЛОҲ МАҲСУР БА АДАДИ МУАЙЯН НЕСТ

أسماء الله الحسنى لا تنحصر بعدد معين
НОМҲОИ АЛЛОҲ МАҲСУР БА АДАДИ МУАЙЯН НЕСТ

Номҳои Аллоҳ таъоло маҳсур ва маҳдуд ба адади муайяне нест. Аллоҳ номҳо ва сифатҳое дорад, ки дар зумраи илми ғайб назди Худ ниҳон доштааст, ки онро на фариштаи муқарраб ва на анбиёву авлиё касе намедонад. Тавре, ки дар ҳадиси саҳеҳ ворид шудааст: “Мепурсам туро бо ҳама номҳое, ки ту дорӣ, Худро бо он номидаӣ ва ё онро дар китобат нозил кардаӣ ва ё бар касе аз халқат омӯзонидаӣ ва ё дар илми ғайб назди Худ ниҳон доштаӣ”. (Ҳоким ва Аҳмад). Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ дар китоби “Бадоеъ-ул-фавоид” мегӯяд: (Бинобарин мадлули ин ҳадис номҳои Аллоҳ бар се қисм аст: 1-Қисме аз номҳояш, ки Худро бо он номидааст ва бар баъзе аз фариштагон ва ё ғайри онон иттилоъ додааст, вале дар китобаш нозил накардааст. 2-Қисме, ки дар китобаш нозил кардааст ва бар бандагонаш иттилоъ додааст. 3-Қисме, ки зимни илми ғайб назди Худ ниҳон доштааст ва касеро аз он иттилоъ надодааст). Дар хадиси дигаре Паёмбар ﷺ мефармоянд: “Аллоҳ таъолоро наваду нӯҳ ном аст, як кам сад. Ҳар касе онро ҳифз намояд, дохили ҷаннат гардад”. (Бухорӣ ва Муслим). Дар маънои ҳифз гуфтаанд: 1.Ба маънои шуморидан. Яъне онҳоро хифз намояд ва бо он номҳо Аллоҳро дуо кунад. 2. Ба маънои тоқат. Яъне битавонад онро муроъот намуда ҳудуди онро дар муомила бо Парвардигор муҳофизат кунад. 3. Ба маънои маърифат. Яъне онро бишносад ва маънои онро бифаҳмад ва ба он имон орад. Маротиби ҳифз сето аст: 1) Ҳифзи алфоз ва адади он. 2) Фаҳми маъно ва мадлулоти он. 3) Дуои Парвардигор бо он номҳояш. Ҳадиси мазкур далолат ба он намекунад, ки номҳои Аллоҳ маҳсур ба ин ададанд. Зеро агар мақсуд аз ҳадис маҳсур будани он бар ин адад бошад, Паёмбар ﷺ ба ҷои ибораи: “Аллоҳро наваду нӯҳ ном аст…” Чунин мегуфтанд: “Номхои Аллоҳ наваду нӯҳ то аст”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٢

«Ал-Муъмин»

«المؤمن»
«Ал-Муъмин»

Ал-Муъмин ҷалла ҷалолаҳу. Яъне Ӯ он зоте аст, ки Худашро бо сифоти камол ва ҳам бо камоли мутлақ, ки дар зебои сутуда аст, васф мекунад. Он Парвардигоре, ки Паёмбаронашро фиристод ва китобҳояшро бо нишонаҳо ва далелҳо нозил кард. Ва Паёмбаронашро бо далелҳо ва ҳуҷҷатҳо, ки онҳо содиқ ҳастанд, тасдиқ намудааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ӯст он Аллоҳе, ки нест ҳеҷ маъбуде магар Ӯ, подшоҳу аз ҳамаи айбҳо ниҳоят пок аст. Аз нуқсон солим, амондиҳанда, нигоҳбону ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Аз шарик муқаррар кардани онҳо Ӯ пок аст”. (Сураи Ҳашр:23). Ал-Муъмин ҷалла ҷалолаҳу ба маънои гувоҳидиҳанда аст, ки Аллоҳ таъоло фармуд: “Аллоҳ гувоҳӣ дод, ҳароина ҳеҷ маъбуди барҳақ ғайри Ӯ нест”. (Оли Имрон:18). Ин гувоҳии бузург ва тасдиқи бузург аст. Имом Муҷоҳид раҳимаҳуллоҳ гуфт: АлМуъмин он зоте аст, ки Худашро якто мегӯяд. Ва Ӯ он зоте аст, ки барои бандагонаш ваъдаҳои Худро тасдиқ мекунад. Аллоҳ фармудааст: “Ва муттақиён гӯянд: «Сипосу ситоиш аз они Аллоҳ аст, ки ваъдаи Худро бар мо рост гардонид ва моро аз замин мерос дод, ҳар ҷо ки бихоҳем аз Ҷаннат ҷой мегирем», пас, (Биҳишт) барои амалкунандагон чӣ хуб музди нек аст”. (Сураи Зумар:74). Ва фармудааст: “Сипас, ваъдаро дар ҳаққи онҳо рост кардем, пас онҳоро ва ҳар киро, ки хостем, бираҳонидем ва азҳадгузарандагонро ҳалок кардем”. (Сураи Анбиё:9). Ва фармудааст: “Аллоҳ ваъда кардааст ва Парвардигор ваъдаи Худро хилоф намекунад, валекин аксари мардум намедонанд”. (Сураи Рум:6). Ӯ таъоло гумонҳои бандагонашро гувоҳӣ медиҳад. АлМуъмин он зоте аст, ки мардум аз зулми Ӯ дар амон ҳастанд: “Ҳаройина, Аллоҳ бар мардум чизе ситам намекунад, валекин мардуманд, ки бар худ ситам мекунанд”. (Сураи Юнус:44).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٣

ЭЙ МАРДУМ! САКАРОТИ МАРГ ҲАҚ АСТ

أيها الناس! سكرات الموت حق
ЭЙ МАРДУМ! САКАРОТИ МАРГ ҲАҚ АСТ

Аллоҳ фармуд: “Ва саранҷом, сакарот ва бехудӣ дар остонаи марг ҳақиқатро пеши чашми ӯ меоварад ва ба инсон гуфта мешавад: Ин ҳамон чизе аст, ки ту аз он мегурехтӣ!”. (Сураи Қоф-19). Сакароти мавт, яъне сахтӣ ва фишори марг аст, ки инсонро беҳӯш карда ва бар ақлаш ғолиб мешавад. Чуноне, ки дар ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо) омадааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоли сакароти марг таҳти фишори он қарор гирифтанд. Ба гунае, ки арақро аз чеҳраи хеш пок мекарданд ва дар ҳамин вақт фармуданд; “Субҳоналлоҳ! Ҳамоно барои марг сахтиҳое аст”. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Чӣ гуна ба Аллоҳ кофир мешавед?! Дар ҳоле, ки шумо мурдагон ва ҷисмҳои берӯҳе будед ва Ў шуморо зинда кард, сипас шуморо мемиронад ва бори дигар шуморо зинда мекунад, сипас ба сӯи Ў бозгардонида мешавед”. (Сураи Бақара-28). Ва фармудааст: “Бигӯ: Фариштаи марг, ки бар шумо маъмур шудааст, рӯҳи шуморо мегирад, сипас шуморо ба сӯи Парвардигоратон боз мегардонанд”.(Сураи Саҷда-11). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бандаи муъмин вақте ки дар ҳолати куч бастан аз ин дунё ва рӯй овардан ба ҷаҳони охират мешавад, фариштагони нуронӣ ва бо чеҳраи дурахшон ба монанди офтоб аз осмон назди ӯ меоянд. Онҳо кафанҳое аз кафани биҳиштро бо худ ҳамроҳ доранд ва хушбӯйиҳое аз атрҳои биҳиштро низ бо худ меоваранд ва дар интиҳои назари ӯ менишинанд. Баъд фариштаи марг меояд, ба рӯйи болини ӯ менишинад, Ва бар инсони муъмин дар ҳоли сакарот буда хитоб намуда мегӯяд: “Эй соҳиби нафси покиза” дар ривояти дигар, “мутмаъина” (ором) ба суйи мағфират ва хушнудии Парвардигор берун биё! Пас он рӯҳ монанди қатраи даҳони машки об аз ҷасади муъмин берун меояд ва фаришта онро мегирад”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٤ (2)

«Ал-Мутакаббир»

«المتكبر»
«Ал-Мутакаббир»

Ал-Мутакаббир ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло Бузург, Боазамат, Олитар ва Бартар аз сифатҳои халқаш аст. Ва Ӯ Ғолибу Пирӯз бар золимони онҳо ва ба ин исм ҷуз Ӯ субҳонаҳу ва таъоло касеро мадҳу ситоиш карда намешавад. Ал-Мутакаббир ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръон як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Пирӯзманд, Ҷаббор (ҷубронкунанда) ва шоистаи Азамат ва Бузургӣ аст. Аллоҳ аз он чи барои Ӯ шарик меоваранд, пок аст”. (Сураи Ҳашр:23). Пас Аллоҳ таъоло аз онҷо ки бузург аст, аз бадӣ, нуқсон, айб бартар мебошад. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Донои ниҳон ва ошкор аст, бузург ва баландмартаба аст”. (Сураи Раъд: 9). Ва фармудааст: “Ва назди Аллоҳ шафоъат суд намебахшад, магар барои касе ки барои ӯ дастуре дода бошад, то он гоҳ ки аз дилҳои онҳо изтироб дур карда шавад, гӯянд: Парвардигори шумо чӣ чиз фармудааст?. Гӯянд: «Сухани рост фармудааст ва Ӯ Баландмартабаву Бузург аст”. (Сураи Сабо:23). Ва фармудааст: “Бузургворӣ дар осмонҳову замин хоси Ӯст ва Ӯст Ғолибу Ҳаким”. (Сураи Ҷосия:37). Сиғаи дигари ин ном Ал Кабир ва Ал Акбар аст. Ал Мутакаббир яке аз номҳои зебои Аллоҳ буда дар Қуръони Карим ва аҳодиси Набавӣ зикр шудааст. Сифати кибриёиву такаббури вақте ба Аллоҳ нисбат дода шавад, як маъно аст ва вақте ба махлуқ нисбат дода шавад, маънои дигар дорад. Такаббурӣ ва кибриёӣ вақте ба Аллоҳ нисбат дода шуд, ин ба маъноест, ки Ӯ баландмартаба буда аз айбу нуқсон пок мебошад. Аллоҳ Мутакаббир аст, яъне кудрати мутлакро дорост ва Ӯ азалӣ мебошад ва Ӯ ба монанди махлуқот нест. “Ва ба фариштагон гуфтем: Одамро саҷда кунед!. Ҳама саҷда карданд ҷуз Иблис, ки рӯй гардонд ва бартарӣ ҷуст. Ва ӯ аз кофирон буд.(Бакара: 34). Дар мавриди кибру ғурур дар Қуръон оятҳо зиёданд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٤

ҲУКМИ ЗИЁД ҚАСАМ ХӮРДАН БА АЛЛОҲ

حكم الإكثار من الحلف بالله
ҲУКМИ ЗИЁД ҚАСАМ ХӮРДАН БА АЛЛОҲ

Зиёд қасам нахӯрем, ҳатто агар рост гуфта бошем, чун Аллоҳ мефармояд: “Аллоҳ шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда сахтгирӣ намекунад, вале дар баробари савгандҳое, ки аз рӯи ирода маҳкам кардаед, сахтгирӣ менамояд. Каффораи ин гуна қасамҳо, таом додани даҳ нафар мустаманд аз хӯрокҳои оддӣ аст, ки ба хонаводаи худ медиҳед ё либос пӯшондан бар он даҳ нафар ва ё озод кардани як ғулом. Ва касе, ки ҳеҷ кадом аз инҳоро наёбад, се рӯз рӯза мегирад. Ин каффораи савгандҳои шумост, дар ҳангоме, ки савганд ёд мекунед ва мухолифат менамоед. Ва савгандҳои худро ҳифз кунед ва нашиканед. Аллоҳ оятҳои Худро ин чунин барои шумо баён мекунад, шояд шукри Ўро ба ҷо оваред”. Моида-89. Паёмбар ﷺ мефармоянд: “Се нафар ҳастанд, ки Аллоҳ дар рӯзи қиёмат бо онҳо сухан намегуяд ва ба онҳо нигоҳ намекунад ва ононро покиза намегардонад ва азоби дардноке доранд: Пирамарди зинокор, фақири мутакаббир ва касе, ки молаш ҷуз бо савганд хариду фурӯш намешавад”. Бинобарин шахси муъмин бояд камтар савганд бихӯрад, ҳатто агар ростгӯ бошад, зеро зиёд савганд хӯрдан сабаб мешавад, то ӯ ба дуруғ савганд бихӯрад.
Маълум аст, ки дурӯғ ҳаром аст ва ҳаргоҳ дурӯғ ҳамроҳ бо қасам бошад, ҳаром будани он сахттар ва бештар аст, аммо агар зарурат ва маслиҳат пеш ояд, то инсон ба дурӯғ савганд бихӯрад, ҳеҷ боке надорад, чун Умми Кулсум бинти Ақаба разияллоҳу анҳо ривоят мекунад, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Касе, ки миёни мардум ошти карданро барқарор менамояд ва сухани хайр мегӯяд ва хайрро нақл мекунад, дурӯғгӯ нест”. Инчунин Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дурӯғ иҷозат аст, магар дар се чиз: Дурӯғ дар ҷанг, дурӯғ дар эҷоди сулҳу оштӣ дар байни мардум ва дурӯғи шавҳар ба занаш ва дурӯғи зан ба шавҳараш”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٥

«Ал-Воҳид, Ал-Аҳад»

«الواحد الأحد»
«Ал-Воҳид, Ал-Аҳад»

Ал-Воҳид, Ал-Аҳад ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло якто аст, ки ҳамеша ягона аст ва ҳамроҳи Ӯ касе дар зоташ, сифатҳояш, амалҳояш нест ва Ӯ Парвардигоре аст, ки Илоҳияташ Ягона аст. Ва ба Ягонагияш шоистаи ибодат мебошад. Номи Ал-Воҳид дар Қуръони Карим бистуду маротиба ва номи Ал-Аҳад як маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:”Бигӯ, Аллоҳ Офарандаи ҳама чиз аст. Ва Ӯ Ягона ва Тавоно аст”. [Сураи Раъд:16]. Ва фармудааст: “Бигӯ, Ӯ Аллоҳи Ягона аст”. [Сураи Ихлос: 1]. Ӯ зоте аст, ки дар ҳама камолот ягона ва якто ва шарике надорад. Ва бандагон бояд дар қалб, гуфтор ва амал ӯро Ягона бидонанд ва ба камоли мутлақ ва ягонагии ӯ иқрор намоянд ва дар навъҳои ибодатҳо чизеро шарику ӯ қарор надиҳанд. Аҳад он зоте аст, ки дар ҳар камол, зебоӣ, ситоиш, ҳикмат ва раҳмат ягона аст. Ӯ дар сифоти камол ҳамонанд ва ҳамтое надорад. Ӯ дар зинда будан ва пойдорӣ ва қудрат ва доноӣ ва азамат ва бузургӣ ва дигар сифатҳояш ягона ва яктост. Ягонагии Ӯ баёнгари он аст, ки Ӯ Парвардигори комил ва сарвари Бузург аст, ки дар тамоми корҳо, рафъи ниёзҳо ва дафъи балоҳо дар дасти Ӯст. Парвардигоре, ки ба ҳама сифоти камол муттасиф мебошад ва сифоти Ӯ дар ниҳояти камол қарор доранд. Ба сурате, ки халоиқ наметавонанд баъзе аз ин сифотро бо қалби худ иҳота намоянд ва забонҳояшон аз баёни он кутоҳ ва ноотавон аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва Аллоҳ гуфт: «Ду маъбуд магиред, ҷуз ин нест, ки Вай Аллоҳи Ягона аст. Пас, аз Ман битарсед!”. (Сураи Наҳл:51). Ва фармудааст: “Рӯзе, ки онҳо аз қабрҳо берун оянд, аз онҳо чизе бар Аллоҳ пӯшида набошад. Аллоҳ пурсад: Подшоҳии имрӯз аз они кист? Боз Худ дар ҷавоб гӯяд: Аз они Аллоҳи Ягонаи Ғолибу Қаҳҳор аст”. (Сураи Ғофир:16).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٦

«Ал-Молик, Ал-Малик, Ал-Моликул-Мулк»

«الملك|المالك| المالك الملك»
«Ал-Молик, Ал-Малик, Ал-Моликул-Мулк»
Ал-Молик, Ал Малик, Ал-Моликул-Мулк ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, он зоте, ки мулки осмонҳо ва замин ва ончи дар байни онҳост аз они Ӯст, болои Ӯ Малике ва ё чизе нест, магар поин аз Ӯст, мулки комил ҳама азони Ӯст ва дар ҳамаи коинот тасарруф кардан аз они Ӯст ва Ӯ Молики ҳамаи чиз аст ва Малик бар бузургии мулки Ӯ таъоло далолат мекунад. Исми Ал-Молик дар Қуръони Карим панҷ маротиба ва исми Ал-Малик як маротиба ва исми Ал-Моликул-Мулк ду маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ӯст он Аллоҳе, ки нест ҳеҷ маъбуде магар Ӯ, Подшоҳ ва аз ҳамаи айбҳо пок аст. Аз нуқсон солим, амондиҳанда, нигоҳбону ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Аз шарик муқаррар кардани онҳо Ӯ пок аст”. (Сураи Ҳашр:23). Ва фармудааст: “Дар маҷлиси ростини (бас гироми) назди Подшоҳи бар ҳама чиз тавоно нишастаанд”. (Сураи Қамар: 55). Ва фармудааст: “Бигӯ: Бор Илоҳо, Туӣ соҳиби мулк, ҳар киро хоҳӣ мулку салтанат медиҳӣ ва мулкро аз ҳар касе ки хоҳӣ, бозмегирӣ ва ҳар киро хоҳӣ, иззат медиҳӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хор мегардонӣ. Ба дасти Туст ҳама некӣ. Ҳароина Ту бар ҳар чиз Тавоноӣ”. (Сураи Оли Имрон: 26). Пас Ӯ дорои сифати фармонравоӣ аст. Ва ин сифати бузург хоси он зоте аст, ки дорои тасарруфи мутлақ дар халқ ва амр ва ҷазо мебошад. Ҳама ҷаҳони ҳастӣ ва бандагон дар ихтиёри Ӯ ҳастанд ва ҳама ниёз ба Ӯ доранд. Ва Аллоҳ ба махлқоташ ҳукм намуд, ки ба Ӯ бандагӣ намоянд. Бинобарин дар азамат ва бузургие, ки дар ин се ном баён шудааст, каме биандешем. Парвардигор, фармонраво ва маъбуди мардум, ки ин нисбатҳои сегона шомил тамоми қавоиди имон ҳастанд. Малик, яъне фармонраво, амркунанда, наҳйкунанда, иззатдиҳанда ва хоркунанда аст. Бинобарин барои мо ҷоиз нест, ки ба касе ҷуз Ӯ паноҳ бубарем ва аз касе ба ғайр аз Ӯ кӯмак бихоҳем.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٧

САРПАРАСТ ВА РОҲБАРИИ МАРД БАР ЗАН

قوامة الرجل على المرأة
САРПАРАСТ ВА РОҲБАРИИ МАРД БАР ЗАН
Парвардигори Ҳаким барои бардавомии ҷинси башарӣ низоми оиладориро бо роҳи ҳалол машруъ сохта барои пойдор будани ин муассисаи инсонбарор, ки оила ном дорад, ба ҳар як марду зан муносиб бар ҷисму бар офариниши ҳар яке аз онҳо вазифаҳои хосе вогузор карда ба ин “корхона” мардро мудир таъйин кардааст. Аллоҳ таъоло дар Сураи Нисо фармудааст: “Мардон сарпараст ва тадбиркунандагони корҳои занонанд.” (Сураи Нисо: 32). Ҳамон гунае, ки роҳбарону ҳокимон болои зердастони худ фармонраво ва суханонашон гузарост, ки мард бояд дар оила ин сифатро дошта бошад. Албатта роҳбар будан ба маънои раво дидани зулму ситам ва дурӣ аз раҳмату шафақат нест. Роҳбарӣ пеш аз ин ки вазифа ва имтиёз бошад, ҳам масъулият аст, ки роҳбар мебояд бо зердасташ бо камоли раҳмат ва шафқат муносибат кунад. Нафақаи зан, ки иборат аз манзил, таъом, об, либос ва давои зан аст, бар зиммаи шавҳар аст. Шаръан фарз аст, ки мард барои зан ин ҳама ниёзҳоро фароҳам созад. Дар муқобили он зан бояд дар умури зиндагӣ бо шавҳараш ҳақ дорад, ки машварат кунад, назар диҳад, раҳнамоӣ кунад, вале агар ба коре шаҳвар амр намояд, мебояд зан ӯро итоат намояд. Дар ин ҳеҷ гуна поймол шудани ҳақи зан вуҷуд надорад. Ва марду зан комилсозандаи якдигаранд на душмани ҳамдигар. Итоати зан ба шавҳари худ ин амр ва фармони Парвардигор ва ҳам ибодат аст. Ҳамон гунае, ки меҳрубонӣ ва дӯстдории мард ҳамсари худро амри шариъат ва ҳам ибодат маҳсуб мешавад. Дар оила зан ба корҳое тавоност, ки мард он корҳоро наметавонад ва низ мард бар корҳое қодир аст, ки зан аз адои он оҷиз аст. Ин ду ҷуфт бо адои вазифаи хоси худ якдигарро такомул мебахшанд ва низоми оила бо ин шакл пойдор мемонад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٤٣-٢٩

ФОИДАҲОИ ҲИҶОБФОИДАҲОИ ҲИҶОБ

فوائد الحجاب
ФОИДАҲОИ ҲИҶОБ

Яке аз фоидаҳои ҳиҷоб, боло бурдани арзиши зан аст. Тибқи ҳавоси зотӣ ва фитрии мардон маъмулан заноне, ки дастрасӣ ба ҳиҷоб нестанд, мавриди эҳтироми мардон намебошанд. Он таваҷҷуҳи андаке, ки мардон ба ин занон доранд, дар асл таваҷчуҳ ба ғаризаи шаҳвати худашон аст. Чунончи баъд аз ба ҳадаф расиданашон он майл ҳам аз байн хоҳад рафт. Масалан, агар марде издивоҷ кардан хоҳад, ҳеҷгоҳ аз занони хиёбонӣ ва фоҳишаҳо ҳамсар интихоб намекунад. Шарму ҳаё зотан мардонро ҷазб мекунад ва ҳиҷоб ба унвони як ҳоил байни зану мард, доим ин қувваи қудратманди мардонро таҳрик месозад. Файласуфе дар ин бора чунин мегӯяд: «Худдорӣ аз беҳаёӣ ва имтиноъ варзидан аз базлу бахшиш беҳтарин силоҳ барои шикори мардон аст. Агар ҳамаи аъзои ниҳонии инсонро дар миёни мардум ошкоро шарҳу тавзеҳ медоданд, таваҷҷуҳи мо ба он ҷалб мешуд, вале майлу рағбати мо хеле кам таҳрик мешуд. Марди ҷавон ба дунболи чашмони пур аз ҳаё аст ва бе он ки худ бидонад ҳис мекунад, ки ин худдории зарифона аз як латофат ва назокати олӣ хабар медиҳад». Дар ашъори шоирони гузашта ва муосир, зан ба унвони мазҳари зебоӣ ва латофат ҷой доштааст ва ҳамеша ба унвони маҳбуб ва маъшуқ ёд шудааст. Аммо мард ба хотири ҳамон қудрат ва хушунати вуҷудаш ҳамеша ошиқ, толиб ва муҳиб тасвир шудааст. Бинобарин занон ба хотири ба даст овардани ҳамон муҳаббату ишқ ва эҳсоси амнияти рӯҳӣ, равонӣ, ҷисмӣ, ҷинсӣ ва аз ҳама муҳимтар ба даст овардани арзиш ва эҳтироми инсонӣ аз тарафи ҷинси мухолифашон, ниёзманданд, ки мард ба онҳо таваҷҷуҳ кунад ва муҳаббат, ишқ ва ҳама чизашро ба ӯ ҳадя бидиҳад. Мард низ бар тибқи ҳамон асле, ки гуфтем, фитратан чунин занеро арзишманд ва идеали худ медонад ва интихоб мекунад, ки то ишқу муҳаббат ва ҳама чизашро ба ӯ ҳадя кунад.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٨

«Ан-Нур»

«النور»
«Ан-Нур»

Аллоҳ таъоло фармуд:“Аллоҳ нури осмонҳо ва замин аст. Мисоли нури Вай монанди тоқе аст, ки дар он чароғ аст, он чароғ дар шиша аст, он шиша гӯё ситораи дурахшанда аст, афрӯхта мешавад аз равғани дарахти бо баракати зайтуне аст, ки на ба самти машриқ рӯйидааст ва на ҷониби мағриб, наздик аст, ки равғани вай худ равшанӣ бидиҳад, агарчӣ ӯро оташ нарасида бошад, равшанӣ бар равшанӣ аст, роҳ менамояд Аллоҳ бо нури Худ ҳар киро хоҳад ва баён мефармояд Аллоҳ ин мисолҳоро барои мардум ва Аллоҳ ба ҳар чиз Доно аст”. (Сураи Нур:35). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бор Илоҳо! Ситоиш Турост, Ту нури осмонҳо ва замин ҳастӣ ва нури ончи дар байни онҳост”.(Бухорӣ). Инчунин фармуданд: “Аллоҳ таъоло намехобад ва барои Ӯ шоиста нест, ки бихобад. Тарозуро сабук ва сангин мекунад амали шаб, пеш аз рӯз ба сӯйи Ӯ боло меравад. Ва амали рӯз пеш аз шаб ба сӯйи Ӯ боло меравад. Ҳиҷоби Ӯ нур аст, агар онро дур намояд, нурҳои чеҳрааш то онҷо, ки биноии Ӯст, офаридаҳояшро месӯзонад”. (Муслим). Ибни Саъдӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: (Яке аз номҳо ва сифоти Аллоҳ АнНур аст, ки сифати бузурги Ӯст). Ӯ зоте аст, ки ба василаи Ӯ ҳама ҷаҳон равшан шуда ва бо нури чеҳраи Ӯ торикиҳо равшан гашта ва Арш ва Курсӣ ва Осмонҳои ҳафтгона ва ҳама ҷаҳони ҳастӣ мунаввар шудааст. Нур бар ду навъ аст: 1. Нури ҳиссӣ; Ба монанди ҷаҳони ҳастӣ, ки нураш аз нури Ӯст. 2. Нури маънавӣ; Яъне дилҳо ва рӯҳҳоро аз китоби Аллоҳ ва суннати Паёмбараш равшан ва мунаввар мегардонад. Аҳли илм иқрор мекунанд, ки Нур сифоти Аллоҳ аст, ки мулозими зоти Ӯст ва аз Ӯ ҷудо намешавад ва дар махлуқе ҳулул намекунад. Аммо нури махлуқ нуре аст, ки бо сабабе ба он муттасиф мешаванд. Вақте, ки имони шахси муъмин комил шавад, Аллоҳ қалби ӯро нуронӣ мегардонад.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ