photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٩-٣١

«Ал-Ҳасиб»

«الحسيب»
«Ал-Ҳасиб»

Ал-Ҳасиб ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Аллоҳ таъоло таваккулкунандагонро кофӣ аст, ба ҳоли бандагонаш Доност, амалҳои ононро ҳифз мекунад ва онҳоро ба муқтазои ҳикмат ва илмаш ҷазо медиҳад ва Ӯ мӯъминонро Кофӣ ва Басанда аст. Ал-Ҳасиб дар Қуръони Карим се маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Пас, чун ба онҳо молҳояшонро бармегардондед, бар онҳо гувоҳ гиред. Ва Аллоҳ барои ҳисоб гирифтан Басанда аст”. (Сураи Нисо: 6). Ва фармудааст: “Баъд аз он ба сӯйи Аллоҳе ки мавлои барҳаққи онҳост, бозгардонида шаванд. Огоҳ бошед, ки ҳукм танҳо мар Ӯрост ва Ӯ Шитобкунандатарини Ҳисобкунандагон аст”. Сураи Анъом:62. Аллоҳ таъоло бандагонашро барои ҳосил кардани корҳои муҳими динӣ ва ҳам дастёбӣ ба фоидаҳо ва дур кардани зиёнҳои дунявӣ басанда аст. Аллоҳ таъоло ба бандаи парҳезгор ва таваккулкунанда басанда ва кифоя аст, зеро Ӯ дин ва дунёи ӯро беҳбуд мебахшад. Ал-Ҳасиб он зоте аст, ки амалҳои хуб ва бади бандагонашро сабт менамояд ва онҳоро бар асоси он муҳокама ва муҳосаба мекунад. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Эй Паёмбар, Аллоҳ туро ва аз мусалмонҳо касоне, ки пайравони ту ҳастанд, Кифоякунанда аст”. Сураи Анфол:64. Пас ба ҳар андозае, ки банда дар зоҳир ва ботин ба Паёмбар ﷺ пайравӣ намояд ва бандагии Аллоҳро анҷом диҳад, ба ҳамон андоза мавриди ҳимоят ва кифояти Илоҳӣ қарор мегирад. Аллоҳ фармудааст: “Ва чун ба саломе таъзим карда шавед, бо беҳтар аз он таъзим кунед ё ҳамон калимаро бозгардонед. Ҳаройина, Аллоҳ бар ҳар чиз ҳисобкунанда аст”. Сураи Нисо:86. Ва фармудааст: “Рӯзи қиёмат тарозуи адлро дар миён ниҳем, пас, бар ҳеҷ кас ҳеҷ ситам карда нашавад, ва агарчи амал ҳамсанги донаи сипанд бошад, онро ҳозир кунем. Ва Мо Худ ҳисобрасиро Басандаем”. Сураи Анбиё:47.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٨-١٦

ЛАФЗҲОЕ, КИ МУХОЛИФИ АҚИДА АСТ

ألفاظ تخالف العقيدة
ЛАФЗҲОЕ, КИ МУХОЛИФИ АҚИДА АСТ

Лафзҳо маъноҳо дорад, пас пеш аз он ки як суханро бигӯйӣ, аввал фикр бикун, ки чи маъно дорад. Агар сухане, ки гуноҳ бошад, пас онро тарк бикун. Зеро Паёмбар ﷺ фармуданд: “Магар мардумро чизе ҷуз суханонашон бо чеҳра дар дӯзах вожагун мекунад?”. (Ибни Моҷа). Ва хатарноктарин он суханоне аст, ки мухолифи ақида бошад. Аз ҷумлаи он суханон:
1. (Ба ғайри номи Аллоҳ қасам хӯрдан). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахсе, ки ба ғайри номи Аллоҳ қасам ёд мекунад, пас ба таҳқиқ куфр варзидааст ва ё ширк овардааст”.(Бухорӣ). Баъзе инсонҳо вақте ки ғазабнок мешаванд, мегӯянд, ки ман аз Ислом барӣ ҳастам. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахсе ки мегӯяд, ман аз Ислом барӣ ҳастам, агар ин суханаш дурӯғ бошад, пас бо ҳамон суханаш аст. Ва агар он ин суханро содиқона гуфта бошад, пас ӯ ба Ислом солим боз намегардад”. (Насоӣ).
2. Мегӯянд: (Ман ба Аллоҳ ва ба ту). (Ва барои ман ҳеҷ касе нест, магар Аллоҳ ва ту). (Ва ман ба Аллоҳ ва ба ту таваккул мекунам). “Марде ба Паёмбар ﷺ гуфт: Он чизе, ки Аллоҳ хост ва ту хостӣ. Пас Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ба Аллоҳ ширк овардӣ, балки бигӯ, ки Аллоҳи ягона хоҳад”. (Аҳмад).
3.Баъзеҳо мегӯянд: (Эй саййиди ман фалонӣ, ба ман мадад кун). Дуо ва талаби мадад танҳо аз Аллоҳ аст: “Онгоҳ, ки Парвардигори Хешро фарёдрасӣ мехостед, пас дуои шуморо қабул кард, ки Ман бо ҳазор кас аз фариштагони аз паси якдигар оянда мададкунандаи шумо ҳастам”. Анфол:9.
4.Дашноми додани замона ва рӯзҳо. Аллоҳ фармуд: “Ман замона ҳастам, шабу рӯзро ман мегардонам, агар хоҳам он ҳаракати шабу рӯзро боз меистонам ва рӯзи қиёматро барпо мекунам”. Муслим.
5.Қавли дигари ширкӣ : “Фалонӣ раҳм намекунад ва намемонад, ки раҳмати Парвардигорамон нозил гардад”. Ин сухан мухолифи сухани Аллоҳ аст.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٧-٤٦

«Ал-Ҷаббор»

«الجبار»
«Ал-Ҷаббор»

Ал-Ҷаббор ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯст Олӣ, Бартар, бисёр Ғолиб, ки хостаи Ӯ дар халқаш нуфуз мекунад ва Ӯст бисёр Меҳрубону Ҷубронкунандаи дилҳои шикаста ва барои каси заифи нотавон ва барои касе ки ба Ӯ паноҳ бурдааст. Ал-Ҷаббор дар Қуръони Карим як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “ Ӯст он Аллоҳе, ки нест ҳеҷ маъбуде магар Ӯ, подшоҳ ва аз ҳамаи айбҳо ниҳоят пок аст. Аз нуқсон солим, Амондиҳанда, Нигоҳбону Ғолибу Худихтиёру Бузургвор аст. Аз шарик муқаррар кардани онҳо Ӯ пок аст”.(Сураи Ҳашр: 23). Ҷаббор яке аз номҳои бузурги Парвардигор аст, ки се маъно дорад:
1.Ӯ зоте аст, ки ҳолатҳои нотавонро некӯ мегардонад. Ва бар ҳар диле, ки барои Ӯ шикаста аст, марҳам мегузорад ва шикастаро пайванд мекунад ва фақирро тавонгар менамояд. Ва сахтиро барои инсоне, ки дар тангдастӣ қарор гирифтааст, осон мекунад. Ба шахси мусибатдида тавфиқи сабр медиҳад ва бар ивази он ба ӯ бузургтарин подошро ато менамояд. Ҳамчунин ба қалби касоне, ки дар баробари Азамати Ӯ шикаста ҳастанд, ба таври хос марҳам мегардад. Ва қалби дӯстонашро аз кароматҳо, маъориф ва ҳолатҳои имонӣ саршор мегардонад. Ҳар банда дуо бикунад, ӯро ислоҳ карда аз ногувориҳо дур менамояд.
2.Ҷаббор, яъне Ӯ ба ҳар чиз тавоно аст ва ҳар чиз дар баробари Ӯ шикастанафс ва бетакаббур мебошад.
3. Ҷаббор, яъне Ӯ болотар аз ҳар чиз аст. Пас Ӯ таъоло Меҳрубонӣ ва Тавоноии болотарро дарбар дорад. Аз Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Рӯзи қиёмат Аллоҳ таъоло осмонҳоро дар ҳам мепечад ва ба дасти росташ мегирад ва сипас мефармояд: Ман Подшоҳ ҳастам, ҷабборон ва мутакаббирон куҷо ҳастанд? Ҳамчунин заминҳои ҳафтгонаро дар ҳам мепечад ва ба дасти чапаш мегирад ва мефармояд: Ман Подшоҳ ҳастам, ҷабборон ва мутакаббирон куҷо ҳастанд?”. Муслим.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٦-٠٢

БО ГУНОҲИ КАБИРА ВАФОТ КАРД, ПАС ОҚИБАТИ Ӯ ЧИГУНА АСТ?

مات علي الكبائرفما مصيره
БО ГУНОҲИ КАБИРА ВАФОТ КАРД, ПАС ОҚИБАТИ Ӯ ЧИГУНА АСТ?
Он шахсе, ки бо тавҳид вафот кардааст ва ба Аллоҳ чизеро шарик наовардааст, ӯ аз аҳли ҷаннат аст, агар чанде гуноҳи кабира карда бошад. Зеро шахси гунаҳкор дар зери хости Аллоҳ аст. Агар хоҳад ӯро мебахшад ва агар хоҳад бо гуноҳонаш ӯро азоб медиҳад, модоме ки аз он гуноҳаш тавба накарда вафот карда бошад. Агар ӯро бо бисёрии гуноҳаш ба дӯзах партофта азоб дода шуд, дар онҷо ҷовидон ва абадӣ намемонад. Ӯро аз дӯзах баъди пок шудан ва тафтиш шуданаш ба биҳишт бароварда мешавад. Аз Абузаръ разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: “Ба назди Паёмбар ﷺ омадам, ки он кас дар тан либоси сафед доштанд ва хоб буданд. Пас баъди муддате омадам, ки Паёмбар ﷺ бедор буданд. Пас фармуданд: “Ҳар бандае, ки Ло Илоҳа Иллаллоҳ бигӯяд, пас вафот бикунад, магар ин ки дохили биҳишт гардад”. Гуфтам: Агарчи он банда зино кунад ва дӯздӣ кунад? Фармуданд: “Агар зино кунад ва дуздӣ кунад”. Гуфтам; Агар зино кунад ва дуздӣ кунад? Фармуданд: “Агар зино кунад ва дуздӣ кунад”. Гуфтам: Агар зино кунад ва дуздӣ кунад? Фармуданд: “Агар зино кунад ва дуздӣ кунад ва агар ба хок расад бинии Абузаръ”. (Бухорӣ). Пас баъди гуноҳ кардан умеди онро дошта бошед, ки Аллоҳ авфкунанда аст, гуноҳонро мағфират мекунад. Ва ҳар шахсе аз мусалмонон бо гуноҳи кабирае вафот бикунад, ба мисли зино, тӯҳмат ва дӯздӣ, пас ӯ дар зери хости Аллоҳ аст, агар хоҳад ӯро мебахшад ва агар хоҳад бо он гуноҳони кабирае, ки анҷом дода буд ва бо он вафот кард, саранҷоми кораш рафтан ба сӯйи ҷаннат аст. Ҳамчуноне, ки Аллоҳ фармуд: “Ба дурусти ки Аллоҳ оне, ки барои Ӯ шарик муқаррар карда шавад, намебахшад. Ва ғайри он ҳар киро хоҳад мебахшад”. (Сураи Нисо:48).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٥-٢٩

«Ал-Қоҳир, Ал-Қаҳҳор»

«القاهر القهار»
«Ал-Қоҳир, Ал-Қаҳҳор»
Ал-Қоҳир, Ал-Қаҳҳор ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ касест, ки гарданҳо барояш хамшуда ва мутакаббирон хоршуда ва чеҳраҳо дар баробари Ӯ фурутаншуда ва ҳамаи чизро ғолиб омада ва халқҳо ба Ӯ зердаст шуданд ва барои Азамат, Бузургӣ ва Кибрёии Ӯ фурутан гаштанд. Номи Ал-Қоҳир дар Қуръон ду маротиба зикр шудааст ва аммо номи Ал-Қаҳҳор шаш маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва Ӯ ягонаи бисёр Ғолиб аст”. (Сураи Раъд:16). Ва фармудааст: “Ва Ӯст, ки бар бандагони худ, Ғолиб аст”. (Сураи Анъом:18). Ва фармудааст: “Рӯзе, ки онҳо аз қабрҳо берун оянд, аз онҳо чизе бар Аллоҳ пӯшида набошад. Аллоҳ мепурсад: «Подшоҳии имрӯз аз они кист?» Боз Худ ҷавоб гӯяд: «Аз они Аллоҳи Ягонаи Ғолибу Қаҳҳор аст”. (Сураи Ғофир:16). Ӯ зоте аст, ки бар тамоми ҷаҳониён Ғолиб мебошад ва ҳама махлуқот дар баробари Ӯ таслиманд. Аносири арбаа (об, хок, бод, оташ) ҷаҳони боло ва поён таслими қудрати Ӯ ҳастанд. Бинобарин ҳеҷ чизе рух намедиҳад ва ҳеҷ чизе аз ҳаракат намеистад, магар ба фармони Ӯ, ҳар ончи Ӯ бихоҳад, ҳамон мешавад. Ва ҳар ончи Ӯ нахоҳад, он анҷом намеёбад. Ҳама офаридаҳо ба Аллоҳ ниёз доранд. Онҳо молики фоидаҳову зарарҳо ва хайру шарри худ нестанд. Ҳаёту қудрат ва тавоноии Аллоҳ комил аст. Қаҳр ва ғолибии Ӯ низ комил аст. Аллоҳ фармудааст: “Рӯзе, ки ин замин ба ғайри ин замин бадал карда шавад ва осмонҳо низ бадал карда шаванд ва ҳама мардум ба ҳузури Аллоҳи ягонаи Ғолиб ҳозир шаванд”.(Сураи Иброҳим: 48). Ва Аллоҳ фармуд: “Ва он касе ки аз аҳли Миср Юсуфро харид, ба зани худ гуфт: «Гиромӣ дор ҷои ӯро, шояд ки моро нафъ диҳад ё ӯро фарзанд гирем». Ва ҳамчунин Юсуфро дар замини Миср ҷой додем ва то ба ӯ илми таъбири хобҳоро биёмӯзонем ва Аллоҳ ба амри Худ Ғолиб аст, лекин бештари мардум намедонанд”. (Сураи Юсуф:21).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٤-٥٧

ҲАМКОРӢ ВА АСАРӢ ОН

التعاون و آثاره
ҲАМКОРӢ ВА АСАРӢ ОН

Қуввату қудрат гуногун ва ҳоҷатҳо баёншуда аст. Ва суннати Аллоҳ доим боқӣ аст. Зеро мардум ҳамеша бо ҳамдигар муҳтоҷ ҳастанд. Бинобарин, ҳамкорӣ байни ҳамдигар беҳтарин василаи Аллоҳ ба бандагонаш аст. Як вақт иморатҳо баланду обод мегарданд, вале рӯзе хароб вайрон мешаванд. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва ҳамдигарро бо некӯкорӣ ва бо парҳезгорӣ мадад кунед ва ҳамдигарро дар кори гуноҳ ва зулм мадад макунед. Ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина азоби Аллоҳ сахт аст”. (Сураи Моида:2). Пас бинои уммати мусалмон қоим намегардад, магар порчае аз ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни ҳамдигар. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахси муъмин бо дигар муъминон ба мисли як бино ҳастанд, ки хишти он бино бо ҳам пайванданд. Ва Паёмбар ﷺ ангуштони дасти худро бо ҳам дохил карданд”. (Бухорӣ ва Муслим). Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Мақсад аз ҷам шудани мардум ва маслиҳату машварат кардани онҳо, ин ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигар дар корҳои некӯ ва худотарсӣ аст”. Пас ҳар шахс бояд бо донистан ва амал кардан, бо дигарон ҳамкорӣ кунад ва ёрӣ диҳад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Муъминон дар дӯстӣ, меҳрубонӣ ва ҳамкорӣ бо якдигар ба монанди ҷасаде ҳастанд, ки агар як узви он ба дард ояд, дигар аъзоҳо ба дарду ранҷ, бехобӣ ва беқарорӣ ҳамнаво ва шарик гарданд”. (Бухорӣ). Бо мардум дар корҳои хайр ҳамкорӣ кардан сабаби сабзидан аст. Аз ҷумлаи он амалҳо: 1. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар барпо додани ибодатҳо ва шаоири Ислом. 2. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар талаби илм кардан. 3. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар даъват, нусрати дин ва бинои иморатҳои хайрия. 4. Ҳамкорӣ ва ёрӣ додан дар муҳҳабат байни қалбҳо, оштӣ кунондан ва адои ҳаққи ҳамдигар. Ҳамкорӣ фоидаҳои бузург дорад: 1. Муҳаббати байни мардум. 2. Пешравӣ, наҷот ва муваффақ шудан. 3. Натарсидан ва ноумед нашудан. 4. Дур шудани ҳасад аз инсон.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٤-٢١

«Ас-Саййид, Ас-Самад»

«السيد الصمد»
«Ас-Саййид, Ас-Самад»

Ас-Саййид ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Молики халқ, ки ҳама халқ бандагони Ӯ ҳастанд, ки ба сӯи Ӯ боз мегарданд ва ба амри Ӯ амал мекунанд ва аз қавли Ӯ содир мешаванд. Ас-Саййид ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони карим наомадааст ва дар Суннати мутаҳҳара омадааст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Саййид Аллоҳ аст”. (Ривояти имом Аҳмад). Ас-Саййид, яъне Молик, Фозил, Шариф, Бузургвор, Бурдбор ва Раисе аст, ки азият ва озори қавмашро таҳаммул менамояд.
Ас-Самад ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ сарваре аст, ки дар сарварии Худ комил аст. Ва мардум дар қазои ҳоҷатҳояшон ва он чизе, ки ба онон фурӯ меояд ба сӯи Ӯ рӯй меоранд ва Ӯро дилҳо аз рӯи рағбат ва раҳбат қасд мекунанд. Ас-Самад ҷалла ҷалолуҳу як маротиба дар Қуръони Карим омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Бигӯ, Аллоҳ ягона ва яктост, Аллоҳ бениёз аст”. (Сураи Ихлос: 2).Ас-Самад сарваре аст, ки ҳама махлуқот бо ниёзмандӣ барои рафъи ниёзҳо ва дафъи балоҳо ба сӯйи Ӯ рӯ меоранд. Ас-самад касе аст, ки дар илм ва ҳикмат ва бурдборӣ ва тавоноӣ ва азамат ва меҳрубонӣ ва дигар сифатҳояш комил аст, яъне Ӯ касест, ки ҳама сифоташ комил аст. Ҳама махлуқот дар ҳама ниёзҳои худ ба Ӯ рӯ меоранд. Пас Ӯ таъоло сарваре аст, ки дар сарвариаш комил аст. Ва Ӯ таъоло Доноест, ки дар Доноияш комил аст. Ва Ӯ таъоло Тавонгаре аст, ки дар Тавонгарӣ ва Бениёзии Худ комил аст. Имом Қуртубӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: (Ҳар як мукаллаф бояд бидонад, ки ҳеҷ бениёз ва ягонае нест, магар Аллоҳ таъоло, ки ба ғайри Ӯ рӯй намеоранд ва аз ғайри Ӯ намепурсанд”. Номи Ас-Самад дар сураи Ихлос омадааст, ки онро дар бисёр мавзеъҳо хонда мешавад; Дар ракати охири намози витр, пас аз ҳар намоз, дар ракати дуввуми намози бомдод, мағриб ва тавоф, пеш аз хоб, дар назди бемор ва дар ҳар субҳу шом.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٣-٣٩

«Аш-Шокир, Аш-Шакур»

«الشاكر الشكور»
«Аш-Шокир, Аш-Шакур»

Аш-Шокир, Аш-Шакур ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, он зоте, ки ба андак тоат шукр мекунад, пас бар он савоби бисёр медиҳад ва неъмати фаровон ато мефармояд, пас ба андак шукр розӣ мешавад. Номи Аш-Шокир ду маротиба ва номи Аш-Шакур чаҳор маротиба дар Қуръони Карим зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Агар қарз диҳед Аллоҳро қарзи некӯ, онро барои шумо дучанд диҳад ва шуморо биёмурзад. Ва Аллоҳ Қадршиносу Бурдбор аст”. (Сураи Тағобун: 17). Ва мефармояд: “Ва ҳар ки ба дилхоҳ кори неке анҷом диҳад, ба дурусти ки Аллоҳ Сипосгузор ва Огоҳ аст”. (Сураи Бақара:158). Шокир ва Шакур яке аз номҳои Аллоҳ аст. Аллоҳ таъоло як некиро аз даҳ то ҳафтсад некӣ баробар афзоиш медиҳад. Ва ин қадрдонӣ ва сипосгузории Парвардигор барои бандагонаш мебошад. Бинобарин, он сахтиҳоеро ки бандагон ба хотири Ӯ таъоло таҳаммул мекунанд, ҳамаро медонад. Ва ҳар бандае, ки кореро ба хотири Ӯ таъоло тарк мекунад, бар ивази он чизи беҳтареро ба ӯ иноят менамояд. Ӯ таъоло аст, ки ба бандагони муъмин тавфиқ медиҳад, то дар пайи ризоияти Аллоҳ бошанд. Ва ҳеҷ кас бартар аз Парвардигор нест, ки чизеро бар ӯ лозим намояд, чунончи фармуд: “Аз он чӣ Аллоҳ мекунад, пурсида намешавад, аммо онҳо пурсида хоҳанд шуд”. (Сураи Анбиё:23). Пас подош додан ба фармонбардорӣ ва азоб додани шахси гунаҳкор, ба Аллоҳ таъоло воҷиб нест, балки подош додан фақат фазл ва эҳсони Аллоҳ аст ва азоб додан адолат ва ҳикмат Ӯ таъоло мебошад. Аллоҳ мефармояд: “Ва чун касоне ки ба оятҳои Мо имон овардаанд, пеши ту биёянд, пас, бигӯ: «Салом бар шумо бод, Парвардигори шумо бар худ Меҳрубониро лозим кардааст, ба дурустӣ ки ҳар касе аз шумо ба нодонӣ кори бад кунад, баъд аз он тавба кард ва некӯкорӣ намуд, пас сухани ҳақ ин аст, ки Аллоҳ Омурзандаву Меҳрубон аст”. (Сураи Анъом:54).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٢-٤٥

ҲИС МЕКУНАМ, КИ ТУ ПАЗМОНИ Ӯ МЕШАВӢ

أشعر أنك تفتقده
ҲИС МЕКУНАМ, КИ ТУ ПАЗМОНИ Ӯ МЕШАВӢ
Як рӯз Паёмбар ﷺ занеро ба ёд оварда аз саҳобагон пурсиданд, ки ӯ дар куҷост? Саҳобагон гуфтанд: Ӯ вафот кардааст. Пас Паёмбар ﷺ фармуданд: “Барои чӣ аз марги ӯ ба ман хабар надодед? Зеро ӯ масҷидро гоҳе поку тоза мекард ва мерӯфт ва аз сиёҳпӯстон буд. Ва саҳобагон ӯро пасту ҳақир шумурда аз марги ӯ ба Паёмбар ﷺ хабар надода буданд. Дар ривояти дигар омадааст, Паёмбар ﷺ ба назди қабри ӯ рафтанд ва ба ӯ намози ҷаноза хонданд”. Як рӯз шахсе шикоят кард, ки аз суханҳои ӯ фаҳмида мешуд, ки хоҳони аз ин дунё рафтанро дорад. Ӯ мегуфт, ки ҳеҷ кас маро намепурсад, ёд намекунад, пазмони ман намешавад. Намегӯянд, ки оё ӯ зинда аст ва ё мурда? Ман дар назди ҳеҷ кас қадру қимате надорам. Ин мактуб ва ин суханро ба ҳар як падар, модар, ҳамсар, шавҳар ва дӯстон аз мардон бошанд ва ё занон бояд фиристода шавад. Ва бидонем, ки байни ҳар оила ба ҳар рафиқу дӯстон шахсеро пайдо кардан мумкин аст, ки он шахс дар байни онҳо шахси бофаросат ва фарқкунандаи неку бад аст ва танҳо ӯ моро ёд мекунад ва пазмони мо мешавад. Зеро ӯ ислоҳкор аст ва ё хеле зираку меҳрубон аст. Ва ё дар ҳақиқат мард аст, ки танҳо ӯ таҳаммули масъулият мекунад. Ва аз тарафи дигар дар атрофи мо бисёр инсонҳое ҳастанд, ки дар тӯли умрашон ҳеҷгоҳ ҳис намекунанд, ки ба мо ягон зараре расидааст ва ё не. Зеро мо дар назди онҳо ҳеҷ ва нонамоён ҳастем. Ва онҳо ҳатто тобу тавон ва имкону фурсате надоранд, ки аз онҳо як бор бипурсанд. Ва дар гузашти вақт чунин инсонҳо ҳис мекунанд, ки гуё дигарон ӯро бад мебинанд. Пас дар охир ин шахс ба бемории рӯҳӣ гирифтор мешавад. Ва ҳис мекунад, ки баданаш варимида аст. Шояд чунин инсон ҳаётро бад бинад. Пас агар ба мо савол дода шавад, ки агар мо ҳаррӯз аз аҳволи фарзандонамон бипурсем, ба мо чи заҳмату азияте мерасад? Аз оне, ки дар наздамон аст ва ё дур аз мо. Ва ё дигар инсонҳое, ки адои фароизи Илоҳӣ мекунанд ва ё шахсони гунаҳкор ҳастанд. Ба ту чи душворие аст, ки ҳамчу шавҳар аз аҳволи ҳамсарат бипурсӣ? Ва ба мо чи заҳмате мешавад, агар ба як дӯст ва ё хешамон занг бизанем, ба он шахсе, ки ӯ шахси оддӣ, хоксор ва фақир аст. Пас мо бо аҳволпурсии ҳама атрофиён ва бо каме аз аҳмият додан ба онҳо, онро зинда бикунем.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠١-٠٦

АЛОҚАМАНДИИ АХЛОҚ БА ИМОН

علاقة الأخلاق بالإيمان
АЛОҚАМАНДИИ АХЛОҚ БА ИМОН
Агар ҳаргоҳ имон дар қалби инсон содиқона бошад, лозим аст, ки асари он дар амал ва ахлоқи инсон зоҳир гардад. Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Албатта имон ин хушрӯ шудан ва ё таманнои онро намудан нест, балки имон чизе аст, ки дар қалб қарор гирифта ва дар амал содиқ аст”. (Мусаннафи Ибни Абушайба). Ҳарчи қадар имон комил гардад, ҳамон қадар ахлоқи инсон хубтар мегардад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Комилтарин муъминони имондор онҳое ҳастанд, ки хулқи хуб дошта бошанд”. (Абудовуд ва Тирмизӣ). Имон соҳибашро ба ахлоқҳои ҳамида такон медиҳад, ба мисли ҳурмати меҳмон ва муомилаи хуб бо ҳамсоягон. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, ҳамсояашро озор надиҳад. Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, меҳмонашро икром кунад. Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, пас бояд сухани нек бигӯяд ва ё хомӯш бошад. (Бухорӣ ва Муслим). Имон соҳибашро аз ҳар бадиву озорҳо нигаҳ медорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Мусалмон касе аст, ки дигар мусалмонон аз даст ва забони ӯ дар амон бошанд. Ва муъмини ҳақиқӣ касе аст, ки дар ӯ сифати имон таҳқиқ ёфта бошад. Ва аломати он дар ӯ зоҳир гардад, ки мардум аз ӯ дар амон бошанд, аз ӯ натарсанд, хуни онҳоро нарезонад, моли онҳоро нагирад, онҳоро надӯздад ва тамоми зарарҳоро тарк кунад”. (Тирмизӣ). Ва шахси муъмини насиҳаткунанда дар ҳама муомилаҳояш амин аст ва дар аҳду паймонҳояш вафокунанда аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Оне, ки амонат надорад, имон надорад ва оне, ки аҳд надорад, дин надорад”. (Аҳмад). Ва фармуданд:“Албатта шахси муъмин ба дигар бародари муъминаш ба мисли як бино аст, ки хишт ба хишт ба ҳамдигар пайваст аст”. (Бухорӣ ва Муслим). Ва фармуданд: “Албатта шахси муъмин бо ҳусни хулқи худ ба дараҷаву савоби шахси рӯзадор ва намози шабхон ноил мегардад”. (Абудовуд).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ