photo_٢٠٢٤-٠٦-٠٣_١٧-٥٧-٤٦

«Ас-Ситтир»

«الستير»
«Ас-Ситтир»

Ас-Ситтир ҷалла ҷалолуҳу, яъне он сатркуне, ки бар бандагонаш бисёр чизҳоро мепӯшонад ва дар машҳадҳо онҳоро расво намекунад, инчунин аз бандагонаш сатр кардан бар худашон ва аз он чи онҳоро бадном мекунад, дӯр шуданро дӯст медорад. Номи Ас-Ситтир ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони карим наомадааст, балки дар Суннат омадааст. Далел бар ин қавли Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, ки фармуданд: “Ҳамоно Аллоҳ азза ва ҷалла боҳаё ва бисёр сатркунанда аст”. (Ривояти Абудовуд ва Насоӣ). Ин аз Раҳмат ва Карами Парвардигор аст, ки банда ошкоро дар баробари Ӯ таъоло гуноҳ мекунад, аммо Аллоҳи бениёз аз расво кардани банда ва гирифтор намудани Ӯ ба азоб, шарм менамояд. Ин дар ҳоле аст, ки банда сахт ниёз ба Аллоҳ дорад. Аллоҳ таъоло ба банда неъмат медиҳад, то аз он неъматҳои Илоҳӣ қувват бигирад, вале банда ба ҷойи итоат нофармонӣ мекунад. Бо ин ҳама ҳолат Аллоҳ таъоло айби бандаашро мепӯшонад ва ӯро расво наменамояд, балки ӯро мебахшад. Бинобарин, Аллоҳ таъоло бо додани неъмат ба бандагон муҳаббат менамояд, аммо онҳо бо анҷоми гуноҳон Ӯро норизӣ менамоянд. Хайр ва неъмати Парвардигор дар тамоми лаҳзаҳо ба сӯйи онҳо сарозер аст. Аммо бадии онҳо ба сӯйи Парвардигор боло меравад ва онҳо ҳамеша аз Аллоҳи Бузург нофармонӣ мекунанд. Аллоҳ таъоло аз касе, ки ҷавониашро дар Ислом пир намудааст, шарм мекунад, ки азобаш бидиҳад. Ва аз касе, ки дастҳояшро ба сӯйи Ӯ баланд менамояд, шарм мекунад, ки дастонашро холӣ баргардонад. Аллоҳ таъоло бандагонашро ба дуо кардан амр мекунад ва ба онҳо ваъдаи иҷобат медиҳад. Гунаҳкоронро Аллоҳ муҳлат медиҳад, то ки тавба кунанд. Ва гунаҳкорон бояд бидонанд, ки Аллоҳ таъоло онҳоро фаромӯш накардааст. Агар онҳо тавба накунанд, ба азоби дарднок гирифтор хоҳад кард.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٦-٠٣_١٧-٥٨-١٧

«Ал-Ҷамил»

«الجميل»
«Ал-Ҷамил»

Ал-Ҷамил ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зоте аст, ки дорои сифатҳои Ҳусн ва Эҳсон аст. Ӯ таъоло дар зоташ Ҷамил аст ва ҳамаи номҳо, сифатҳо ва феълҳояш Ҷамил аст. Номи Ал-Ҷамил ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим наомадааст ва он дар Суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омадааст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Ҳамоно Аллоҳ Ҷамил (яъне, зебо) аст, зебогиро дӯст медорад”. (Ривояти Муслим). Пас Аллоҳ таъоло дар зот ва ном ва сифот ва корҳояш зебо аст. Ҳеҷ махлуқе наметавонад баъзе аз зебоии зоти Ӯро таъбир намояд. Аҳли биҳишт бо ин ҳама бархурдорӣ аз неъматҳои биҳишт ва лаззатҳо ва шодиҳои он, вақте ки Парвардигорашонро мебинанд, аз зебоии Ӯ баҳраманд мешаванд. Он ҳама неъмати бепоён ва лаззатҳоро фаромӯш мекунанд ва дӯст доранд, ки ин ҳолат идома ёбад ва онҳо аз Ҷамол ва Нури Илоҳӣ ҳамчунон баҳраманд шаванд, ки ҷамол ва зебоиашон меафзояд. Дилҳои онҳо ҳамеша ба шавқи дидори Парвардигорашон шод аст, ки дар пӯсти худ намеғӯнҷанд. Ҳамчунин ҳама номҳои Аллоҳ таъоло зебо ҳастанд, ки ба таври мутлақ беҳтарин ва зеботарин номҳо мебошанд. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Аллоҳ таъоло дорои зеботарин номҳост, Ӯро ба он номҳо бихонед”. (Сураи Аъроф, ояти 180). Инчунин Аллоҳ таъоло фармуд: “Ӯст Парвардигори осмонҳову замин ва он чи миёни инҳо аст. Пас ибодати Ӯ кун ва дар ибодати Вай босабр бош. Оё ҳамноме барои Ӯ медонӣ?”. (Сураи Марям, ояти 65). Аллоҳ таъоло чунон номе надорад, ки он комил набошад. Ҳамчунин сифоти Ӯ зебо, комил, густурда ва васеъ мебошанд. Хоссатан сифоти Раҳмат, Эҳсон, Бузургворӣ ва Бахшиш. Ҳама корҳояш зебо ва одилона ҳастанд, ки дар он беҳудагӣ ва ситам вуҷуд надорад. Аллоҳ фармудааст: “Он зоте, ки ҳар чиро офарид, некӯ офарид”. (Сураи Саҷда, ояти 7).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٦-٠٣_١٧-٥٧-١٦

«Ар-Рафиқ»

«الرفيق»
«Ар-Рафиқ»

Ар-Рафиқ ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зоте аст, ки дар офариниш, шариъат ва ҷазо доданаш Рафиқ (нарм) аст. Халқро офарид ва ба тадриҷ, андак-андак ба мувофиқи ҳикматаш ва бар ваҷҳи фарохӣ ва осонӣ ва бар муносибати бандагон аҳкомро содир намуд. Ва Ӯ зоте аст, ки бо бандагон ба нармӣ ва мулоимӣ муомала мекунад. Номи Ар-Рафиқ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим наомадааст, балки он дар Суннати мутаҳҳари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омадааст. Далел бар ин қавли Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, ки фармуданд: “Ҳамоно Аллоҳ Рафиқ (яъне, Меҳрубон) аст, аҳли рифқро дӯст медорад ва ҳамоно Аллоҳ бар рифқ (нармӣ) ато мекунад он чиро, ки бар дуруштӣ ато намекунад”. (Ривояти имом Аҳмад). Пас Аллоҳ таъоло дар корҳояш осонгир аст. Аллоҳ ба фарёди бандагонаш мерасад ва боронро сарозер мекунад. Онгоҳ, ки аз Ӯ талаби кӯмак кунанд, кӯмак менамояд. Аллоҳ дар сахтиҳо ба фарёди бандагонаш мерасад ва вақте ки ба сахтӣ гирифтор мешаванд, ёрӣ менамояд. Гурснагонро ғизо ва бараҳнагонро либос медиҳад. Мусибатзадагонро раҳоӣ мебахшад. Дуоро дар ҳоли зарурот иҷобат менамояд. Пас ҳар кас аз Ӯ кӯмак биҷӯяд ба фарёдаш мерасад. Дар Китоб ва Суннат далелҳои зиёд ворид шудааст, ки Аллоҳ таъоло сахтиҳоро дур намуда ва мушкилотро барои бандагон осон намудааст. Касе, ки дар амр, наҳй ва раҳнамоии мардум аст, бояд нармӣ ва меҳрубониро пеша кунад. Ва касе, ки ба сухани зишту озори мардум қарор гирад, бояд забонашро аз носазогӯйӣ боз дорад ва худашро бо нармӣ ва меҳрубонӣ дифоъ намояд.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

رسللاسب

???? “Зул-Хижжә айының алғашқы он күніне байланысты үкімдер” кестелер ✏️Дайындаған шейх Хайсам Сархан басшылығындағы “Сунна” колледжі

مِْن أَحْكَـــامِ عَشْـــرِ ذِي الْحِجَّـــةِ

اللغة القازاقية

???? “Зул-Хижжә айының алғашқы он күніне байланысты үкімдер”

кестелер

✏️Дайындаған шейх Хайсам Сархан басшылығындағы “Сунна” колледжі

photo_٢٠٢٤-٠٦-٠١_١٦-٠١-٠٥

«Ал-Восиъ»

«الواسع»
«Ал-Восиъ»

Ал-Восиъ ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ он зоте аст, ки ҳамаи чизро ба Раҳмат ва Илм фаро гирифтааст ва ризқи Ӯ ҳамаи халқашро фаро гирифта, ягон кас санои Ӯро баҷо оварда наметавонад. Ал-Восиъ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим нуҳ маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Албатта Аллоҳ Кушоишгару Доно аст”. (Сураи Бақара, ояти 115). Инчунин мефармояд: “Вале Парвардигор ба шумо ваъдаи омӯрзиши Худ ва фузӯнии неъматро медиҳад ва Аллоҳро Фазлу Раҳматаш ва тамоми сифоташ Васеъ аст ва аз ҳама чиз Огоҳ мебошад”. (Сураи Бақара, ояти 248). Пас сифоти Парвардигор Восеъ ва Густурда мебошад. Тавре, ки ҳеҷ кас наметавонад ситоиши Ӯро бояду шояд бигӯяд. Балки Ӯ таъоло ҳамон гуна аст, ки Худро Сутуда, Азамат, Подшоҳ ва Фармонраво номид, зеро фазлу эҳсони Ӯ Восеъ аст. Вуҷуд ва карами Ӯ фаровон ва бузург мебошад. Аллоҳ таъоло фармуд: “Азоби Худро ба ҳар ки хоҳам мерасонам ва Меҳрубонии Ман ҳама чизро иҳота кардааст, пас онро барои касоне хоҳам навишт, ки парҳезгорӣ мекунанд ва закот медиҳанд ва касоне, ки ба оёти Мо мӯътақид ҳастанд”. (Сураи Бақара, ояти 156). Ал-Восиъ ҷалла ҷалолуҳу инчунин ба маънои Восеъул Ғанӣ аст, ки Ғанӣ будани Ӯ ҳама бандагонашро иҳота кардааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Парвардигори мо аз рӯи дониш бар ҳама чиз иҳота кардааст. Мо бар Аллоҳ таваккал кардаем. Эй Парвардигори мо, дар миёни мову дар миёни қавми мо ба ростӣ ҳукм кун ва Ту Беҳтарини Ҳукмкунандагон ҳастӣ)”. (Сураи Аъроф, ояти 89). Ва фармуд: “Ононеро, ки аз гуноҳони кабира ва беҳаёиҳо, ҷуз гуноҳони сағира парҳезгорӣ мекунанд, ҳароина Парвардигори ту бисёр омурзанда аст ва Ӯ ба аҳволи шумо Доност”. (Сураи Наҷм, ояти 32).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٦-٠١_١٦-٠٠-٤٣

«Ал-Ҳақ»

«الحق»
«Ал-Ҳақ»

Ал-Ҳаққ ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зоте аст, ки ҳастию вуҷӯди Ӯ яқин аст ва ба Ҳақ парастидашуда аст. Парвардигор ва Подшоҳе аст, ки бар Ӯ шакке нест. Дар феълҳо ва сифатҳояш комил аст. Сухани Ӯ ва ҳукму қазои Ӯ ва ваъдаву шариъати Ӯ ҳақ аст. Ал-Ҳаққ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим даҳ маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Пас баландмартаба аст, Аллоҳе ки Фармонравои Ҳақ аст”. (Сураи Тоҳо, ояти 114). Ӯ воҷибул вуҷӯд ва дорои сифоти комил аст. Ва вуҷуди Ӯ аз лавозими зоташ мебошад. Ҳама чиз ба василаи Ӯ ба вуҷуд омадааст. Пас Ӯ зоте аст, ки буда ва ҳамеша хоҳад буд. Ва доимо ба Бузургӣ ва Камол мавсуф мебошад. Ва ҳамеша ба Эҳсон маъруф ва шинохта шудааст. Пас гуфтаи Ӯ Ҳақ ва кораш Ҳақ аст. Дидори Ӯ Ҳақ ва Паёмбарон ва Китобҳо ва Динаш ҳақанд. Ибодат ва парастиши Ӯ, ки шарике надорад, ҳақ аст. Ва ҳар чизе, ки ба Ӯ нисбат дода мешавад, ҳақ аст. Аллоҳ таъоло мефармояд: “Ин нусрат ба сабаби он аст, ки Аллоҳ Ҳақ аст. Ва он чи кофирон ба ҷуз Вай мехонанд, ботил аст ва ба сабаби он аст, ки Аллоҳ Баландмартабаи Бузургқадр аст”. (Сураи Ҳаҷ, ояти 42). Ва фармудааст: “Ва бигӯ; Ин сухани ҳақ ва рост аз Парвардигори шумо омадааст. Пас ҳар ки хоҳад, имон оварад ва ҳар ки хоҳад кофир шавад”. (Сураи Каҳф, ояти 29). Ва фармудааст: “Пас ин Аллоҳ, Парвардигори ҳақиқии шумост. Пас баъди ростӣ ба ҷуз гумроҳӣ чист? Пас аз куҷо гардонида мешавед?”. (Сураи Юнус, ояти 32). Ва фармудааст: “Ва бигӯ; Ҳақ фаро расида аст ва ботил аз миён рафта ва нобуд гашта аст. Албатта ботил аз миён рафтанӣ ва нобуд шуданӣ аст”. (Сураи Исро, ояти 81). Пас сифоти бузурги Аллоҳ ва корҳо ва ваъдааш ва низ парастиш ва ибодати Ӯ Ҳақ мебошад. Ва ваъид ва ҳисоби Ӯ адолат аст, ки дар он ҳеҷ ситаме нест.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٣٠_١٣-٤٩-٣٣

«Ал-Кофӣ»

«الكافي»
«Ал-Кофӣ»

Ал-Кофӣ ҷалла ҷалолуҳу, яъне Кофӣ будани Ӯ субҳонаҳу ва таъоло барои ҳамаи бандагонаш дар ризқи онон ва идораи умури онон ва ислоҳи корҳои онон ва Кофӣ будани Ӯ барои дӯстони мӯъминаш ва риоя ва қувват додани онон аст. Ал-Кофӣ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Оё Аллоҳ барои бандааш Кофӣ нест?! Туро ба онон, ки ғайри Илоҳанд, метарсонанд. Ва ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад, пас Ӯро ҳеҷ роҳнамояндае нест”. (Сураи Зумар, ояти 36). Пас Аллоҳ таъоло бандагонашро дар тамоми ончи ба он ниёз доранд, Кофӣ ва Басанда аст. Ба таври хос муъминон ва касонеро кифоя мекунад, ки бар Ӯ таваккал намуда ниёзҳои динӣ ва дунявии худро аз Ӯ мехоҳанд. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ва Аллоҳ кофиронро бо хашмашон бозгардонид, ҳеҷ манфиате наёфтанд. Ва Аллоҳ дар муқаддимаи ҷанг аз тарафи мӯъминон кифоят кард. Ва Аллоҳ Тавонои Ғолиб аст”. (Сураи Аҳзоб, ояти 25). Ва фармудаааст: “Ҳамоно Мо туро аз шарри тамасхуркунандагон Басандаем)”. (Сураи Ҳиҷр, ояти 95). Ҳулаймӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: Ал-Кофӣ ҷалла ҷалолуҳу, яъне кифоят будани Ӯ ба ҳама чиз дар ягонагиаш воқеъият дорад. Ба мо ҷоиз нест, ки касеро ибодат кунем, магар Ӯро ва натарсем, магар аз Ӯ ва умед надошта бошем, магар аз Ӯ таъоло. Албатта Аллоҳ таъоло ба бандагонаш дар ризқ, зиндагӣ, ҳифз, нусрат ва иззат Кифоякунанда аст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Пас агар аҳли китоб имон биёваранд, монанди ончи шумо имон овардед, пас роҳ ёфтанд ва агар баргаштанд, пас ҷуз ин нест, ки онҳо дар мухолифатанд. Пас зуд бошад, ки Аллоҳ туро аз шарри онҳо кифоят кунад ва Ӯ Шунавои Доно аст”. (Сураи Бақара, ояти 137).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٣٠_١٣-٤٧-٤٣

«Ҳамоно Ту дар рӯзе, ки ба он шакке нест, ҷамъкунандаи мардумон ҳастӣ»

إنك جامع الناس ليوم لا ريب فيه
«Ҳамоно Ту дар рӯзе, ки ба он шакке нест, ҷамъкунандаи мардумон ҳастӣ»

Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй Парвардигори мо, ҳамоно Ту дар рӯзе, ки ҳеҷ ба он шакке нест, ҷамъкунандаи мардумон ҳастӣ. Ба дурустӣ ки Аллоҳ ваъдаро хилоф намекунад”. (Сураи Оли Имрон, ояти 9). Пас Ӯ таъоло аст, ки мардум, аъмол ва рӯзияшонро гирд меорад ва ҳеҷ амали хурд ва бузургеро раҳо намекунад, магар ин ки онро ҳисоб ва китоб мекунад. Ӯ таъоло ҷисми пароканда ва аз ҳам ҷудои мурдагонро бо камоли қудрат ва илми Худ гирд меоварад. Ҷамъкунандаи мардумон барои ҷазои рӯзе аст, ки бар он ҳеҷ шакку шубҳае нест. Аллоҳ таъоло аз ҳоли муъминон қисса карда чунин фармудааст: “Эй Парвардигори мо, он чиро ки ба забони Расули Худ ба мо ваъда кардаӣ, ба мо бидеҳ ва моро дар рӯзи қиёмат расво макун. Ба дурустӣ ки Ту ваъдаро хилоф намекунӣ”. (Сураи Оли Имрон, ояти 194). Инчунин фармудааст: “Ӯ он Парвардигоре аст, ки шуморо дар хушкӣ ва дар дарё равон мекунад, то вақте ки дар киштиҳо бошед ва киштиҳо бо саворони худ ба боди хуш равон шуданд ва онҳо ба он боди мувофиқ шодмон шуданд”. (Сураи Юнус, ояти 22). Рӯзе, ки Аллоҳ мардумро ҷамъ мекунад, дар он рӯз на аз шаҳодат ва на аз насаби инсон ва на аз молу мансаб пурсида намешавад, балки он рӯзе аст, ки танҳо қалби солим фоида медиҳад. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ба дурустӣ ки Аллоҳ ҳамаи мунофиқон ва кофиронро якҷо дар дӯзах ба ҳам ҷамъ меорад”. (Сураи Нисо, ояти 140). Ва калимаи “Ҷомеъ” дар Қуръони Карим дар се оят зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ҷуз ин нест, ки муъминон онҳое ҳастанд, ки ба Аллоҳ ва ба Паёмбари Ӯ имон оварданд. Ва чун бо вай ба коре ҳамроҳ бошанд, ки ҷамъ кардани онҳоро металабанд, то ин ки аз Паёмбар иҷозат нагиранд, ба ҷойе нараванд”. (Сураи Нур, ояти 62).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٥-٣٠_١٣-٤٦-٤١

«Офаринандаи осмонҳо ва замин»

«بديع السموات و الأرض»
«Офаринандаи осмонҳо ва замин»

Ал-Бадиъ ҷалла ҷалолаҳу, аз номҳои Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло аст. Аллоҳ таъоло мефармояд: “Офаринандаи осмонҳо ва замин аст. Ва он чун коре мекунад, пас ҷуз ин нест, ки онро мегӯяд: Бишав, пас мешавад”. (Сураи Бақара, ояти 117). Инчунин мефармояд: “Ӯст, ки офариниши Худро оғоз кардааст ва сипас онро боз мегардонад”. (Рум, ояти 27). Яъне Аллоҳ таъоло офариниши онҳоро оғоз намуд, то онҳоро озмоиш кунад, ки кадом яке аз онҳо амали беҳтаре анҷом медиҳад. Сипас онҳоро бори дуввум ба вуҷуд меорад, то касонеро, ки кори нек карданд, подоши нек бидиҳад ва бадкоронро ба ҷазои корҳои бадашон бирасонад. Ҳамчунин Ӯст, ки эҷоди махлуқотро ба сурати таҷриҷӣ оғоз мекунад ва сипас дар ҳар замон онро такрор менамояд. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Бегумон Парвардигори ту, ҳар кореро ки хоҳад анҷом медиҳад”. (Ҳуд, ояти 107). Ва фармудааст: “Ба дурустӣ ки Ӯ аз бози аввал меофаринад ва дубора зинда мекунад. Ва Ӯ Омурзгору Дӯстдор аст. Парвардигори Арш, Гиромиқадр аст”. (Сураи Буруҷ, ояти 13, 15). Ин аз камоли қуввати Парвардигор ва нуфузи ирода ва қуввати Ӯст, ки ҳар коре ки бихоҳад, бе ин ки мухолиф ва боздоранда дошта бошад, анҷом медиҳад. Ӯ ҳар коре, ки анҷом медиҳад, пуштубон ва ёридиҳандае надорад, балки ҳаргоҳ чизе бихоҳад, ба он мегӯяд: Пайдо шав, пас пайдо мешавад. Ӯ таъоло ҳар чизеро ирода намояд, ба анҷом мерасонад. Аммо ирода ва хости Ӯ тобеъи ҳикмат ва ситоиши Ӯст. Пас Ӯ бо камоли қудрат ва нуфуз мавсуф аст ва ҳикмати Ӯ ҳар ончиро кардааст ва мекунад фаро мегирад.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ