ОДОБИ БАРОДАР БО БАРОДАРОНИ ХУД

Аз раҳмати Парвардигор ба инсон ин аст, ки ба ӯ чанд аз бародаронро насиб мегардонад.Ва бародари калониашро эҳтиром бикунад, чуноне ки падарашро эҳтиром мекард. Ҳама корашро аз ӯ маслиҳат бипурсад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Албатта бахше аз бузург доштани Парвардигор, ин эҳтироми шахси мусалмоне аст, ки калонсол бошад”. Ва ба бародари хурдӣ меҳрубон бошанд, Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аз мо нест, оне ки хурдсолони моро раҳм намекунад ва калонсолонамонро ҳурмат намекунад”. Тирмизӣ. Бародари калонӣ бояд дар тарбияи бародаронаш ба падар ёрӣ диҳад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Дар нафақа кардан аз аҳлат ва касоне, ки сарпарастии онҳоро ба уҳда дорӣ шурӯъ бикун, аз модарат, падарат, хоҳарат, бародарат ва сипас бо тартиб ва ҳар касе, ки дар хешовандӣ ба ту наздиктар аст”. Насоӣ. Бародарон бо ҳамдигар баҳсу ҷидол накунанд ва дар байнашон якдигарфаҳмӣ бошад. Дар тақсими мерос ҳаққи онҳо поймол нагардад. Агар хато карданд, ба мисли Юсуф алайҳис салом якдигарро бубахшанд. Ва ба мисли Мусо алайҳис салом дар ҳаққи бародари худ дуо бикунанд. Якдигарро дифоъ карда, ёрӣ бидиҳанд. Агар яке аз онҳо золим бошад, пас ӯро аз зулм боздоранд.

ҚАЛБ ПОДШОҲ АСТ

ҚАЛБ ПОДШОҲ АСТ

Қалб подшоҳ ва аъзои бадан лашкари он аст. Агар қалб тавба кунад, пас ҳама лашкар тавба мекунанд. Агар қалб чиркину нопок гардад, лашкар ҳам чиркину нопок мегардад. Зеро қалб ба мисли пару бол аст, ки дар вақти шамол ба ҳар тараф пароканда мешавад.
Ва бештари дуои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам чунин буд:
يا مقلِّبَ القلوبِ ثَبِّتْ قلبِي على دينِك
«Эй дигаркунандаи қалбҳо, қалби маро бар дини худ устувор бигардон». Тирмизӣ. Яъне, эй оне, ки дилҳоро гоҳе ба самти тоъат ва гоҳе ба сӯйи маъсият ва нофармонӣ ва ғафлат мегардонӣ, қалбамро ба динат устувор ва собит бигардон, чуноне, ки аз дини устувор ва роҳи рости Ту мунҳариф нашавад.

ОДОБИ МАҶЛИС

ОДОБИ МАҶЛИС
Инсон дар табиаташ бо мардум нишастанро дӯст медорад ва ҳам дӯст медорад, ки бо нишасту муносибатҳояшон ҳама ҳозир шаванд. Салом додан дар вақти даромадан ва баромадан ба маҷлис аз одоби маҷлис аст. Ва зарур аст, ки то ба поён расидани нишаст, ҳамроҳи мардум бинишинад. Дар маҷлис бо мардум шӯхӣ накунад ва онҳоро озор надиҳад. Дар маҷлис бо ҳам наздик бинишинанд, то макони нишаст барои ҳама кифоя бошад. Ҳеҷ яке аз аҳли нишаст аз ҷояш намехезад, то шахси дигар ба ҷойи ӯ бинишинад ва ё ҷоиз нест, ӯро аз ҷоят бихез гӯяд. (Бухорӣ ва Муслим). Ба аҳли маҷлис воҷиб аст, ки сирру асрори он нишастро ҳифз бикунанд: “Маҷлисҳо боамонат аст”. Ва бояд ҳама маҷлисҳо аз зикри Аллоҳ холӣ набошад:“Ҳеҷ қавме нест, ки дар ҷойе гирди ҳам бинишинанд ва ёди Аллоҳ дар миёни онҳо набошад ва ба Паёмбар ﷺ дуруд нафиристанд, магар ин, ки ҳамин маҷлис сабаби ҳасрату пушаймонии онҳо дар рӯзи қиёмат хоҳад буд”. Тирмизӣ. Пас барои мо лозим аст, ки дуои кафорати маҷлисро фаромӯш накунем ва он чунин аст; “Субҳонака аллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду ал ло илоҳа илло анта, астағфирука ва атубу илайк”. Ривояти имом Тирмизӣ.

ГАРМИИ ТОБИСТОН

ГАРМИИ ТОБИСТОН

Рӯзҳои офтобӣ, ҳавои гарм, арақи бисёр, мардум дар фасли тобистон ҳамин гуна шикоятҳо мекунанд. Лекин шахси имондор аз ин гармии тобистон ибрат мегиранд ва мегӯянд, ки гармии офтоб далел ба қудрати Аллоҳ ва ягонагии ӯ мекунад. Аллоҳ фармуд: “Ва офтоб ба роҳе меравад, ки қароргоҳи вай аст, ин ба тақдири Аллоҳи Ғолибу Доност”. Ёсин 38.
Ва шахси муъмин дар гармии офтоб оташи дӯзахро ба ёд меорад. Ва ҳар гармӣ ва оташ моро дар ин дунё бояд ба ёди оташи охират барад, то инсон барои наҷот ёфтан аз он ба амали солеҳ кардан саъйу кушиш бикунад. Аллоҳ аз оташи дунё хабар дода чунин фармуд: “Мо он дарахтро панде ва барои мусофирон манфиате сохтем”. Воқеъа 73.
Шахси муъминро гармии ҳаво аз адои воҷиботи шаръӣ манъ намекунад. Тарки воҷибот барои гарм будани ҳаво аз сифоти мунофиқон аст. Инсон дар гармии ҳаво неъматҳои Аллоҳро ба ёд орад: “Ва агар Аллоҳро мепарастед, бар неъмати Ӯ шукр кунед”. Наҳл 124. Шахси муъмин гармии дигаронро низ ҳис мекунад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар шахсе, ки ғаму андӯҳи як мусалмонро бароварда мегардонад, Аллоҳ таъоло ғаму андӯҳи ӯро дар рӯзи қиёмат бароварда мегардонад”. Бухорӣ ва Муслим.

ХОНАИ НООРОМ

ХОНАИ НООРОМ

Аллоҳ васфи хонаро дар Қуръон хеле зебо васф кардааст: “Ва Аллоҳ аз хонаҳоятон барои шумо ҷойи сукунат сохт”. Наҳл 80. Ва сабаби мушкилоти хонаҳо, ин бо ҳам давомнок зиддият кардан, овозро баланд баровардан ва фарёдҳои ногаҳоние, ки аз онҳо шунида мешавад. Лекин ба ҳар зану шавҳар зарур аст, ки ба якдигар бигӯянд: Биё бо ҳам бо оромӣ ва бо овози паст маслиҳат мекунем, зеро эҳтироми якдигар аз ҳаё аст. Ҳамаи ин баъди тавфиқи Аллоҳ таъоло, дар дасти худи мо аст, ки мо бояд як хонае бисозем, то он хона, хонаи орому сакина ва макони роҳат ва итминони қалб ва нузули раҳмат бошад. Ва агар мо ҳамеша ба ҳолати худ розӣ бошем ва онро ба фарзандони худ таълим бидиҳем, ки то онон низ назар ба нофаҳмиву нооромӣ ва шикоятҳои доимӣ, қаноатманду розӣ бошанд. Чӣ мешуд, ки мо ҳамеша бо якдигар гумони нек мекардем ва пеш аз он, ки як суханро рад бикунем, барои чи аввал фикр намекунем, ки зарари ҳақиқӣ дар куҷост. Ва ба мо чи шудааст, ки ҳамеша якдигарфаҳмӣ надорем. Дар асл байни мо бояд ба ҳамдигар раҳм кардану бахшидан бошад.