آداب المجلس
ОДОБИ МАҶЛИС
Инсон дар табиаташ бо мардум нишастанро дӯст медорад ва ҳам дӯст медорад, ки бо нишасту муносибатҳояшон ҳама ҳозир шаванд. Салом додан дар вақти даромадан ва баромадан ба маҷлис аз одоби маҷлис аст. Ва зарур аст, ки то ба поён расидани нишаст, ҳамроҳи мардум бинишинад. Дар маҷлис бо мардум шӯхӣ накунад ва онҳоро озор надиҳад. Дар маҷлис бо ҳам наздик бинишинанд, то макони нишаст барои ҳама кифоя бошад. Ҳеҷ яке аз аҳли нишаст аз ҷояш намехезад, то шахси дигар ба ҷойи ӯ бинишинад ва ё ҷоиз нест, ӯро аз ҷоят бихез гӯяд. (Бухорӣ ва Муслим). Ба аҳли маҷлис воҷиб аст, ки сирру асрори он нишастро ҳифз бикунанд: “Маҷлисҳо боамонат аст”. Ва бояд ҳама маҷлисҳо аз зикри Аллоҳ холӣ набошад:“Ҳеҷ қавме нест, ки дар ҷойе гирди ҳам бинишинанд ва ёди Аллоҳ дар миёни онҳо набошад ва ба Паёмбар ﷺ дуруд нафиристанд, магар ин, ки ҳамин маҷлис сабаби ҳасрату пушаймонии онҳо дар рӯзи қиёмат хоҳад буд”. Тирмизӣ. Пас барои мо лозим аст, ки дуои кафорати маҷлисро фаромӯш накунем ва он чунин аст; “Субҳонака аллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду ал ло илоҳа илло анта, астағфирука ва атубу илайк”. Ривояти имом Тирмизӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ХОНАИ НООРОМ
بيت بلا هدوء
ХОНАИ НООРОМ
Аллоҳ васфи хонаро дар Қуръон хеле зебо васф кардааст: “Ва Аллоҳ аз хонаҳоятон барои шумо ҷойи сукунат сохт”. Наҳл 80. Ва сабаби мушкилоти хонаҳо, ин бо ҳам давомнок зиддият кардан, овозро баланд баровардан ва фарёдҳои ногаҳоние, ки аз онҳо шунида мешавад. Лекин ба ҳар зану шавҳар зарур аст, ки ба якдигар бигӯянд: Биё бо ҳам бо оромӣ ва бо овози паст маслиҳат мекунем, зеро эҳтироми якдигар аз ҳаё аст. Ҳамаи ин баъди тавфиқи Аллоҳ таъоло, дар дасти худи мо аст, ки мо бояд як хонае бисозем, то он хона, хонаи орому сакина ва макони роҳат ва итминони қалб ва нузули раҳмат бошад. Ва агар мо ҳамеша ба ҳолати худ розӣ бошем ва онро ба фарзандони худ таълим бидиҳем, ки то онон низ назар ба нофаҳмиву нооромӣ ва шикоятҳои доимӣ, қаноатманду розӣ бошанд. Чӣ мешуд, ки мо ҳамеша бо якдигар гумони нек мекардем ва пеш аз он, ки як суханро рад бикунем, барои чи аввал фикр намекунем, ки зарари ҳақиқӣ дар куҷост. Ва ба мо чи шудааст, ки ҳамеша якдигарфаҳмӣ надорем. Дар асл байни мо бояд ба ҳамдигар раҳм кардану бахшидан бошад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
МАНЪИ ЗИНАТИ ЗАН БАЪДИ ВАФОТИ ШАВҲАР
منع زينة المرأة بعد وفاة الزوج
МАНЪИ ЗИНАТИ ЗАН БАЪДИ ВАФОТИ ШАВҲАР
Занон пеш аз Ислом ба шавҳари худ як соли комил азо дошта аз зиннат додани худ худдорӣ мекарданд, гӯё зоҳиран онҳо ғами худро ба дигарон ошкор мекарданд. Ин амалро Аллоҳ лағву бекор кард ва онро чаҳор моҳу даҳ рӯз гардонд: “Ва касоне, ки аз шумо бимирад ва занонро бигузорад, бояд ки ин занон худро чаҳор моҳу даҳ рӯз интизор кунонанд”. Бақара 234. Ва ин чаҳор моҳу даҳ рӯз барои зане аст, ки ҳомила набошад. Агар зан ҳомила бошад, иддаи ӯ то баъди таваллуд аст. Бинобарин зан дар ин муддат наметавонад худро бо ҳане, ранг, сурма ва хӯшбӯйӣ зиннат бидиҳад ва либоси зебо бипӯшад. Либосе, ки дар урфу одати он мардум, либоси зебо бошад. Ва наметавонад бо тилловорӣ худро зиннат диҳад. Ва он чизе, ки ба зиннат дохил намегардад, ин ғусл кардан, нохун гирифтан ва паст кардани мӯй ва ғайра. Ва ҳам ба ӯ ҷоиз нест, ки шабона аз хона берун гардад, магар дар ҳолати зарурот. Ва ӯ баъди адои идда метавонад бо маҳрами худ ба ҳаҷ равад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Он зане, ки имон ба Аллоҳ ва имон ба рӯзи қиёмат дорад, ҳалол нест, ки ба мурдае зиёда аз се рӯз азо бидорад, магар ба шавҳари худ, ки он чаҳор моҳу даҳ рӯз аст”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
МУКОФОТИ НАМОЗИ БОМДОД
مكافأة صلاة الفجر
МУКОФОТИ НАМОЗИ БОМДОД
Нидое, ки хеле зебост, мӯъминон бо шунидани ин нидо ба сӯйи намози бомдод ҳаракат мекунанд. Бо умеди ин, ки аз тарафи Аллоҳ ба мукофотҳои бузург ноил гарданд. Аз ҷумлаи он мукофотҳо:
1. Собитқадам будан дар имон. 2. Дурӣ ва бедорӣ аз амалҳои мунофиқона. 3. Дохили ҷамоъат гарданд.
4. Аз оташи дӯзах наҷот ёбанд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар касе, ки пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз ғуруби он намоз бигзорад, ба оташи дӯзах дохил нагардад”. Бухорӣ ва Муслим.
5.Дар ёриву меҳрубонии Аллоҳ ва ҳифзи Ӯ бошанд. 6.Дар намоз ҳамроҳи онҳо фариштагон бошанд. 7.Дар қиёмат бо нури комил икром карда шаванд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Онҳое, ки дар торикиҳо ба сӯйи масҷидҳо мераванд, бо нури комили рӯзи қиёмат башорат бидиҳед”. Абудовуд. 8.Савоби бузургеро ба даст оранд, ки он беҳтар аз ҳама чизҳои дунёст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ду ракат намози бомдод беҳтар аз дунё ва ончи дар он аст”. Муслим. Пас ту ҳарис ба хондани намози бомдод ва дигар намозҳо бош, то аз азоб наҷот ёфта ба ҷаннат дохил гардӣ. Аллоҳ фармуд: “Ва онон, ки ба намози худ муҳофизаткунандагонанд, ин гурӯҳ инсонҳо дар боғу бӯстонҳо гиромӣ ҳастанд”. Маъориҷ 34,35.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
АҲКОМИ САДОҚ “МАҲР”
المَهر ” أحكام الصّداق
АҲКОМИ САДОҚ “МАҲР”
Аз ҳуқуқи зан, ки онро Ислом барои онҳо дар вақти барпо кардани оила додааст, он ҳаққи маҳр аст. Ҳаққи маҳре, ки онро Аллоҳ ошкоро амр кардааст ва Паёмбар ﷺ дар ҳама ҳолатҳои издивоҷ онро воҷиб гардодаанд. Ва ҳукми маҳр барои занон воҷиб аст: “Ва ба занон маҳрашонро ба хӯшдилӣ бидиҳед”. Нисо:4. Миқдори ҳаққи маҳр, он миқдоре аст, ки дар он розигии зану шавҳар бошад. Ҳаққи маҳр кам бошад ё зиёд, пас он ҷоиз аст:“Ва ба яке аз онҳо моли бисёр дода бошед”. Нисо:20. (Қинтор), яъне миқдоре, ки ҳад надорад. Бинобарин, ҳаққи маҳр на пулу мол, балки мошин ва ё хона бошад ҳам ҷоиз аст. Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо фармуд: “Вақте, ки Алӣ разияллоҳу анҳу бо Фотима разияллоҳу анҳо издивоҷ кард. Паёмбар ﷺ ба Алӣ разияллоҳу анҳу гуфтанд: “Чизе ба унвони маҳр ба ӯ бидеҳ. Гуфт: Чизе надорам. Фармуданд: Сипари Ҳутамии ту дар куҷост? Гуфт: Он дар наздам ҳаст. Фармуданд: Онро ба Фотима бидеҳ”. Абудовуд. Ва инчунин ҳаққи маҳрро ба таъхир андохтан ва қарздор шудан ҷоиз аст, зеро никоҳ ин аҳд аст. Ва инчунин он ба мисли муомилаи пулӣ дар хариду фурӯш аст. Ва ҷоиз аст, ки ҳаққи маҳр аз чизҳои фоидаовар бошад. Ба монанди он, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳамон Қуръоне, ки дар ёд дорӣ ба ӯ таълим бидеҳ, ҳамон маҳри ӯст”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ҚИССАИ ИСЛОМ ОВАРДАНИ ЯҲУДӢ Яҳё ибни Аксам гуфт
ҚИССАИ ИСЛОМ ОВАРДАНИ ЯҲУДӢ
Яҳё ибни Аксам гуфт: “Дар замоне ки Маъмун амир буд, маҷлиси мунозара дошт, пас бо мардум марди яҳудие ворид шуд, ки либос ва чеҳраи зебо ва бӯи хуш дошт. Гуфт: Пас нек сухан гуфт. Ҳангоме ки маҷлис тамом шуд, Маъмун ӯро даъват кард ва ба ӯ гуфт: Исроилӣ? Гуфт: Бале.
Маъмун гуфт: Исломро қабул кун, то барои ту чунин ва чунон кунам ва ӯро ваъда дод.
Яҳудӣ гуфт: Дини ман ва дини падаронам ва рафт.
Гуфт: Пас аз як сол мусалмон шуда омад ва аз фиқҳ сухан кард ва хело хуб сухан кард. Ҳангоме ки маҷлис тамом шуд, Маъмун ӯро фарёд кард ва гуфт: Оё рафиқи дирӯзӣ мо нестӣ?
Гуфт: Бале.
Маъмун гуфт: Чӣ сабаб шуд, ки Исломро қабул кардӣ?
Гуфт: Ман аз назди ту рафтам ва хостам, ки динҳоро имтиҳон кунам ва мебинӣ, ки хатти хуб дорам.
Пас ман ба Таврот рӯ овардам ва се нусха навиштам ва бар он илова ва кам кардам ва онро ба калисо бурдам, пас аз ман харида шуд.
Ман ба Инҷил рӯ овардам ва се нусха навиштам, илова ва кам кардам ва ба ибодатгоҳи насоро бурдам, пас аз ман харида шуд.
Ман рӯ ба Қуръон овардам ва се нусха аз он кардам ва ба он илова ва кам кардам ва ба назди китобу варақфурушон бурдам, пас ба он нигаристанд. Вақте диданд, ки дар он зиёду кам шуда аст, онро партофтанд ва нахариданд. Пас ман донистам, ки ин китоб ҳифзшуда аст.
Ин сабаби ислом овардани ман шуд.
Яҳё ибни Аксам гуфт: Он сол ман ҳаҷ рафтам ва бо Суфён ибни Уяйна вохӯрдам ва хабарро ба ӯ нақл кардам.
Ба ман гуфт: Далелу тасдиқи ин дар китоби Аллоҳ аст.
Гуфтам: Дар куҷои он аст? Гуфт: Дар фармудаи Аллоҳ таъоло дар мавзӯи Таврот ва Инҷил:
“Донишмандон ва парҳезгорон ба ҳифзи китоби Аллоҳ (Таврот) амршуда буданд”. (Сураи Моида, ояти: 44). Пас ҳифзи Тавротро ба онҳо супурда шуда буд, пас зоеъ шуд.
Ва Аллоҳ азза ва ҷалла фармуд:
“Ба ростӣ ки Мо Қуръонро нозил кардем ва Мо онро ҳифз мекунем”. (Сураи Ҳиҷр, ояти: 9).
Пас Аллоҳ ҷалла ва ало онро барои мо ҳифз кард, пас зоеъ нашуд”. (Тафсири Қуртубӣ, 10/6).
ҲУҚУҚИ ҲАМСАР
حقوق الزوجة
ҲУҚУҚИ ҲАМСАР
Дар шариъати поки мо дида мешавад, ки зан барои мо духтар, модар ва хоҳар ато мекунад. Ва дини Ислом чанд адад аз ҳуқуқҳое, ки он бояд ҳифз карда шавад, кафолат медиҳад. Аз ҷумлаи он ҳуқуқҳо, нафақаи ҳамсар аст. Ва ба шавҳар воҷиб аст, ки ҳамсари худро аз хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳо таъмин кунад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Ва ҳаққи он бар шумо ин аст, ки ононро ба хубӣ ва ба андозаи тавоноии худ, хӯрок ва либос бидиҳед”. Муслим.
Дар ҳаққи либос Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва хӯроку пӯшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар уҳдаи падар аст”. Бақара:233. Инчунин ба шавҳар воҷиб аст, ки ба хонаи истиқоматӣ ӯро таъмин кунад. Аллоҳ фармуд: “Дар он ҷое, ки шумо сукунат доред, ба қадри тоқататон сокин кунед”. Талоқ:6. Инчунин бо ҳамсари худ муомилаи хуб дошта бошад. Паёмбар ﷺ фармуданд:“Беҳтарин шумо касе аст, ки бо аҳлаш беҳтарин рафторро дошта бошад ва ман нисбат ба аҳлам беҳтарини шумо ҳастам”.
Инчунин аз ҳуқуқи онҳо, адолат дар байни занон; Адл дар хона, адл дар нафақа, адл дар либос ва адл дар ҷойи зист. Зеро Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар касе, ки ду ҳамсар дошта бошад ва фақат ба яке аз онҳо рӯ биёварад, дар рӯзи қиёмат дар ҳолате ба маҳшаргоҳ меояд, ки нисфи баданаш хамида (каҷ ва моилшуда) ба як сӯ аст”. Ибни Моҷа, Тирмизӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
АҲКОМИ ТӮЙИ АРӮСӢ
أحكام الأعراس
АҲКОМИ ТӮЙИ АРӮСӢ
Ба ҳар шахси мусалмон воҷиб аст, ки боғайрат, далер ва рашкин дар дин бошад. Ва бояд таълими он бикунад, ки дар тӯйҳо чӣ корҳо ҷоиз аст ва чӣ корҳо ҷоиз нест? Дар тӯйи арӯсӣ истеъмоли ҳама намуд асбобҳои мусиқӣ ва монанди он ҳаром аст. Магар оне чизҳое, ки шариъат онро манъ накарда бошад. Ба мисли доира задан барои занон, ки он ҷоиз аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аз уммати ман қавме меоянд, ки зино, абрешим, шароб ва мусиқӣро ҳалол медонанд”. Бухорӣ. Ва хондани шеър дар тӯйи арӯсӣ ҷоиз аст, модоме ки он шеър айб, шухӣ, дашном, фаҳш, дурӯғ ва мусиқӣ надошта бошад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Албатта баъзе шеърҳо ҳикмат доранд”. Бухорӣ. Доира задан дар тӯйи арӯсӣ барои занон амри мустаҳаб аст. Ба шарте, ки он танҳо дар назди занон бошад. Ва истифодаи он барои мардон ҳаром аст. Интиқоли арӯс бо мошин аз як макон ба макони дигар амри мубоҳ аст, ба шарте ки дар он ҳеҷ мухолифати шаръӣ анҷом наёбад. Ба мисли якҷо шудани мардону занон ва ё истифодаи асбобҳои мусиқӣ ва ё яке аз манъшудаҳои шаръӣ. Дар тӯйи арӯсӣ болои сари домоду арӯс партофтани пул ё шириниҳо ҷоиз аст, ба шарте ки дар он исрофе дида нашавад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ШАРТҲО ВА СУННАТҲОИ АҚДИ НИКОҲ
شروط و سنن عقد النكاح
ШАРТҲО ВА СУННАТҲОИ АҚДИ НИКОҲ
Модоме, ки издивоҷ байни зан ва шавҳар маҳкамтарин аҳд аст, Паёмбарﷺ бо ин аҳд шартҳоро гузоштанд, то мо онро гирифта ҳақҳоро адо намоем. Аз шартҳои ақди никоҳ: 1.Ихтиёри зану шавҳар: Пас барои мо ҷоиз нест, ки ба шахсе бигӯем, ки “яке аз духтаронамро ба ту бахшидам”. 2. Розигии зану шавҳар: Пас ҷоиз нест, ки яке аз онҳо розӣ нашудавад ва инкор бикунад. 3.Валӣ: Пас никоҳ бевалӣ дуруст нест. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Никоҳ нест, магар бо валӣ”. Абудовуд. Ва чизе монеъи издивоҷи зану шавҳар намегардад, магар гуногунии дини онҳо ва ё дар идда будани зан ва ғайраҳо. 4.Шоҳид гирифтан: Пас ақди никоҳ беҳузури шоҳидон дуруст нест, зеро он ба насаби ояндаи фарзандони онҳо тааллуқ дорад. 5.Эълони никоҳ: Пас эълони ақди никоҳ суннат аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Никоҳро эълон бикунед”. Аҳмад.
Албатта пайравӣ ба суннатҳои Паёмбар ﷺ баракат аст. Аз суннатҳо ақди никоҳ: 1.Хондани хутба дар вақти ақди никоҳ. 2. Дуо кардан дар ҳаққи домод ва арӯс: “Аллоҳ ин издивоҷро бароят муборак гардонад ва бар ту дар он баракат диҳад ва шуморо ба хайр ҷамъ оварад”. Абудовуд. 3.Дуо дар вақти духул: “Бор Илоҳо, аз Ту хайри ӯро мехоҳам ва аз шарри ӯ ва шарри ончи дар вай аст, паноҳ мебарам”. Ибни Моҷа. “Ба номи Аллоҳ, бор Илоҳо! Шайтонро аз мо ва аз ончи ба мо неъмат додаӣ, дур бигардон”. Бухорӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ОЁ НАҶОТ МЕХОҲӢ?
هل تريد النجاة؟
ОЁ НАҶОТ МЕХОҲӢ?
Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:“Ҳама инсонҳо хатокоранд ва беҳтарин хатокорон касоне ҳастанд, ки тавба мекунанд”. Тирмизӣ. Савол: Ҳамаи мо кутоҳкор ва гунаҳкор ҳастем, пас чи кор бикунем? Ҳалли он чист? Ҷавоб: 1.Аз ширк ҳазар бикун ва ҳам аз василаҳое, ки туро ба ширк мебарад, дӯрӣ биҷӯй, зеро он гуноҳе аст, ки Аллоҳ онро ҳеҷгоҳ намебахшад. Сураи Нисо, ояти 48.
2.Ҳуқуқи бандагонро поймол макун. Аз ҳама гуноҳоне, ки ба мардум дахл дорад, дур бишав. Гуноҳе, ки он дар хун, мол ва шаъну шараф аст. Бинобарин мегӯянд, ки Аллоҳ таъоло ин гуноҳонро фаромӯш намекунад, магар ин ки онро аз шахси золим ба таври қасос гирифта шавад ва ё аз тарафи мазлум он бахшида шавад.
3.Ҳамеша гуноҳони худро эътироф бикун. Аз гуноҳонат пушаймон бишав. Амалҳои неку савобро бештар анҷом бидеҳ. Зеро Аллоҳ фармуд:“Ва дигарон ҳастанд, ки ба гуноҳони худ иқрор шуданд, амали некро бо амали дигар, ки бад аст, омехтанд. Наздик аст, ки ба Раҳмат ба онҳо бозгардад. Ба дурусти ки Аллоҳ Омӯрзандаи Меҳрубон аст”. Тавба:102. Паёмбарﷺ фармуданд: “Ва ба неъматҳое, ки ба ман додаӣ эътироф мекунам ва ба гуноҳони худ иқрор ҳастам, пас маро мағфират бикун, ки касе ба ҷуз Ту гуноҳонро намебахшад”. Бухорӣ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ











