الحكمة من الأذان
ҲИКМАТИ АЗОН
Азон огоҳӣ барои дохил шудани вақти намоз ва ташвиқи мардум ба намози ҷамоъат аст. Ва ҳам огоҳонидани ғофилон ва ёдоварии фаромӯшкорон барои адои намозе, ки он аз бузургтарин неъматҳост. Азон дар луғат ба маънои огоҳӣ ба дохил шудани вақти намоз бо зикри махсус аст . Аллоҳ фармуд:”Ва ин, эъломе (хабар ва огоҳие) аст, ки аз ноҳияи Аллоҳ ва Пайғамбараш ба умуми мардум, дар рӯзи Ҳаҷҷи Акбар (рӯзи иди Қурбон)”. Тавба-3. Аввалин шахсе, ки азон гуфт, Билол ибни Рабоҳ (разияллоҳу анҳу) буд. Азон гуфтан дар соли аввали ҳиҷрати Паёмбар ﷺ ба Мадинаи Мунаввара ба шариъат дохил гардид. Ва сабабу иллати он ниёз ба он шуд, то аломате гузошта шавад, ки дохил шудани вақти намозро барои ҳама намоён созад. Мусалмонон дар ин маврид бо ҳам машварат намуданд ва шаб фаро расид, ки Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) дар хоб мардеро дид, ки зангӯлаи калони калисоро бардошта, барояш гуфт: Оё ин зангӯларо мефурӯшӣ? Он мард гуфт: Бо он чӣ кор мекунӣ? Гуфт: Бо он ба намоз даъват мекунам. Мард гуфт: Оё туро ба чизи беҳтар аз он раҳнамоӣ накунам? Абдуллоҳ ибни Зайд гуфт: Бале! Пас ҳамин азони машҳурро барояш омӯзиш дод ва сипас иқоматро низ ба вай омӯзонид”. Дорамӣ. Абдуллоҳ ибни Зайд гуфт: Вақте, ки субҳ фаро расид, назди Расулуллоҳ ﷺ рафтам ва он чӣ дар хоб дида будам, қисса кардам. Пас Паёмбар ﷺ фармуданд:“Ин хоб ҳақ аст, ба хости Аллоҳ бархез ва ба Билол онро бифаҳмон, зеро садои вай аз садои ту беҳтар ва қавитар аст”. Абудовуд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ИМОМ МУСЛИМ
إمام مسلم
ИМОМ МУСЛИМ
Ҳофизи ҳадис ва парчами муҳаддисон, Имом Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ибни Муслими Қушайрии Нишопӯрӣ, Абулҳусайн соҳиби китоби Саҳеҳ, ки дар Нишопӯр соли 204 ҳиҷрӣ таваллуд шуданд. Аввал дар Нишопӯр талаби илм намуда, сипас барои талаби илми ҳадис ба Ироқ ва Ҳиҷоз сафар карданд. Саъйу кушиши зиёди имом Муслимро ҳамсолонашон, ки дар ҳамон аср зиндагӣ карда буданд, ба илму дониш ва бартарии ӯ шоҳидӣ доданд. Имом Муслим аз бисёр шайхҳо ҳадисҳоро шуниданд ва аз ӯ низ бисёр мардони ҳадисшинос ҳадисҳоро ривоят карданд. Ва аз шайхҳои имом Муслим; Аҳмад ибни Ҳанбал, Имом Бухорӣ, Исҳоқ ибни Роҳавай, Яҳё ибни Маъин, Абубакр ибни Абишайба ва ғайраҳо. Ва аз шогирдонашон; Абуҳотим Розӣ, Абуисо Тирмизӣ, Ибни Хузайма, Абуавонаи Исфаронӣ, Маккӣ ибни Абдон ва дигарон. Ва машҳуртарин китобҳои имом Муслим; Муснади Саҳеҳ, ки он маъруф ба “Саҳеҳ Муслим” аст. Ин китоб аз китобҳои шашгонаи бовариноки ҳадис мебошад. Имом Муслим барои навиштани ин китоб понздаҳ сол умри худро сарф карданд. Ин китоб дар маконату қуввати аҳодис баъди китоби “Саҳеҳ Бухорӣ” аст, ки бисёр уламо ин китобро шарҳ додаанд. Ва дигар китобҳои Имом Муслим, китоби Табақот, Тамйиз, Куния ва Асмо ва ғайра аз китобҳое, ки чоп шудаанд ва ё дастнавис ҳастанд, мебошад. Шайхи Имом Муслим, Муҳаммад ибни Башшор дар ҳаққашон чунин гуфтанд: “Ҳуффози дунё чаҳор нафаранд: Абузуръа дар Рай ва Муслим дар Нишопӯр ва Абдуллоҳ Доримӣ дар Самарқанд ва Муҳаммад ибни Исмоил дар Бухоро”. Ибни Абдулбар гуфт: “Бузургӣ, имоматӣ ва мартабаи баланд бар ӯ ҷамъ шудааст, ки ин ҳама далолат бар саҳеҳ будани китоби ӯ мекунад”. Имом Муслим дар шаҳри Насробод дар наздикии шаҳри Нишопӯр дар моҳи Раҷаби соли 261 ҳиҷрӣ вафот карданд, ки 57 сол умр доштанд. Аллоҳ таъоло Имом Муслим ба Раҳмати васеъи худ ноил гардонад.
****
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ДӮСТДОШТАТАРИН МАКОН МАСҶИД АСТ
أحَبُّ البلاد إلى الله مَساجِدُها
ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ДӮСТДОШТАТАРИН МАКОН МАСҶИД АСТ
Паёмбар ﷺ фармуданд:“Дӯстдоштатарин макон дар назди Аллоҳ масҷидҳо ва бадтарин макон дар назди Аллоҳ бозорҳост”. Муслим. Масҷидҳо бузургтарин мавзъеҳо барои ибодат аст, бинобарин ихлос ба Аллоҳ дар масҷидҳо шарти зарурист. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Намози ҷамоъат бисту ҳафт маротиба бештар аз намози танҳогузор фазлу савоб дорад”. Бухорӣ. “Ҳар касе, ки барои Аллоҳ масҷид месозад, Аллоҳ монанди он барояш дар биҳишт хонае месозад”. Муслим. Ва фармуданд: “Ҳар касе, ки барои Аллоҳ масҷид месозад, агарчӣ ба андозаи лонаи гунҷишке бошад ва ё хурдтар аз он аст, Аллоҳ барояш дар биҳишт хонае месозад”. Ибни Моҷа. Ва фармуданд: “Як намоз дар масҷиди ман (масҷиди набавӣ) аз ҳазор намоз аз масҷиди дигар беҳтар аст, ба ҷӯз масҷидул-ҳаром, ки як намоз дар он ба сад ҳазор намози дар дигар масҷиди хондашуда баробар аст”. Ибни Моҷа. Намоз дар масҷиди Ақсо чоряки намози масҷиди Набавӣ аст. Дар ҳудуди масҷидҳо пешоб кардан ва чирку ифлосиҳоро партофтан, хариду фурӯш ва эълони чизи гумшуда, манъ аст. Дар дохили масҷид сухани дунявӣ манъ нест, магар суханҳое, ки муҳаррам аст. Ёрӣ додан ба корҳои масҷид аҷру савоби зиёде дорад. Занҳоро аз рафтан ба масҷидҳо манъ накунем, вале хонаҳояшон бар онҳо беҳтар аст. Ва пиёда рафтан ба сӯйи масҷид сабаби зиёд шудани ҳасанот ва авфи хатогиҳо ва нур дар рӯзи қиёмат аст. Дур будани масофаи хонаи зист ба масҷид, аҷру савоби зиёд дорад. (Бухорӣ ва Муслим).
***
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
МАЪНОИ НАМОЗ ЧИСТ?
ما معني الصلاة ؟
МАЪНОИ НАМОЗ ЧИСТ?
Калимаи намоз дар луғат, ба маънои дуо аст. Аллоҳ мефармояд:”Ба онҳо дуо кун, ки дуои ту сабаби оромиши онҳост”.Тавба-103. Калимаи намоз дар шариъат, ин ибодати Аллоҳ таъоло бо қавл ва феъли маълум ва махсус дар вақтҳои маҳдӯдшуда, ки бо такбири таҳрима оғоз шуда ва бо салом ба поён мерасад. Намоз номида шуд, зеро аксари ақвол ва афъоли он дуо аст. Намоз ба маънои Қироъат: “Бигӯ: Аллоҳро бихонед ё Раҳмонро. Ҳар кадомро бихонед, зоти покаш яке аст ва барои Ў беҳтарин номҳост. Ва намозатро бисёр баланд ё хеле оҳиста нахон ва дар миёни он ду, роҳи мӯътадиле интихоб кун”. Исроъ-110. Намоз ба маънои Дин: “Гуфтанд:«Эй Шуъайб! Оё намозат дастур ба он медиҳад, ки он чиро падаронамон мепарастиданд, тарк кунем ё он чиро мехоҳем дар амволамон анҷом надиҳем?! Ту, ки марди бурдбору бофаҳме ҳастӣ!». Ҳуд-87. Намоз ба маънои мавзеъи намоз: “Ононе, ки аз хонаҳояшон ба ғайри ҳақ, балки ба сабаби он берун оварда шуданд, ки мегуфтанд:«Парвардигори мо Аллоҳ аст». Ва агар Аллоҳ баъзе мардумонро ба дасти баъзе дафъ намекард, савмааҳои(роҳибон) ва калисоҳои (насрониён) ва куништҳои (яҳудиён) ва масҷидҳои (мусулмонон), ки дар он маконҳо номи Аллоҳ бисёр ёд карда мешавад, вайрон карда мешуданд. Ва албатта Аллоҳ ба касе нусрат хоҳад дод, ки қасди нусрати дини Вай кунад. Ба дурустӣ ки Аллоҳ Тавонои Ғолиб аст”. Ҳаҷ-40. Намоз ба маънои намози шаръӣ аст: “Парҳезгорон касоне ҳастанд, ки ба ғайб имон меоваранд ва намозро барпо медоранд ва аз тамоми неъматҳо ва амволе, ки ба онҳо рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд”. Бақара-3. Намоз ба Аллоҳ ба маънои ҳамду сано аст. Намоз ба фариштагон ба маънои истиғфор аст ва намоз ба бани Одам ба маънои дуост.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
МАЪНОИ ИМОН БА АЛЛОҲ ЧИСТ?
ما معنى الايمان بالله؟
МАЪНОИ ИМОН БА АЛЛОҲ ЧИСТ?
Имон овардан ба Аллоҳ, яъне имон овардан ба тавҳиди рубубият, улуҳият, асмоъ ва сифот ва имон овардан ба мавҷуд будани Аллоҳ аст. Имон овардан ба тавҳиди рубубият ин аст, ки албатта Аллоҳ таъоло дар халқ кардан, ризқ додан, яъне дар ҳама афъолаш ягона аст. Имон овардан ба тавҳиди улуҳият ин аст, ки дар ибодат Аллоҳро ягона бидонад. Имон овардан ба асмоъ ва сифот ин аст, ки яъне ягона донистани Аллоҳ ба он чизе, ки худашро дар Қуръон васф кардааст ва ё бо забони Паёмбар ﷺ васф шудааст. Бинобарин он чизе, ки аз ному сифатҳояш собит шудааст, беягон тағйир ва табдил исбот кардан аст. Ва ҳам исбот кардани мавҷуд будани Аллоҳ таъоло, зеро касоне ҳастанд, ки мавҷуд будани Аллоҳро инкор мекунанд.
Ба мавҷуд будани Аллоҳ чаҳор далел аст: Ақл, ҳис, фитрат ва шаръ.
1. Ақл: Ин дунё Холиқи ягона дорад. Шахси оқил назар ба баҳру роҳҳо ва шабу рӯз бикунад, ки оё инҳоро ба ғайри Аллоҳ касе метавонад ба танзим дарорад? Аллоҳ фармудааст: “Оё бе ҳеҷ офаринандае офарида шудаанд ва ё онҳо худ офаридагоранд”. Тур:35.
2.Ҳис: Дар вақти сахтӣ ва ғаму андӯҳ дасти худро ба осмон мебардорӣ ва мегӯйӣ; “Бор Илоҳо, сахтиҳоро аз ман кушода фармо”, пас кушода гардад. Ва қиссаи се нафаре, ки дар ғор монданд ва дари ғор қулф гашт. Пас онҳо танҳо дуо карданд ва дари ғор боз шуд.
3.Фитрат: Ҳар мавлуд дар фитрат таваллуд мешавад, пас сабаби яҳӯдӣ, насронӣ ва маҷӯсӣ шудани онҳо падару модарашон ҳастанд.
4.Шаръ: Ягон оят дар китоби Аллоҳ мавҷуд нест, магар ин ки он ба тавҳид далолат мекунад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ШАЙТОН ИНСОНРО МЕТАРСОНАД
الشيطان يخوف الإنسان
ШАЙТОН ИНСОНРО МЕТАРСОНАД
Шайтон барои тарсондани инсон бо ду равиш амал мекунад:
1.Тарсондан аз роҳи лашкарҳо, дӯстони гунаҳкор ва шахсони фосиқ, ки онҳо мегӯянд; Итоати Аллоҳ ва Расули Ӯро тарк кунед ва ба дастуроти онҳо амал накунед!. Аллоҳ дар Қуръон фармуд: “Ҷуз ин нест, ки ин (хабардиҳанда) Шайтон аст, дӯстони худро (яъне, заиъфул имону исломро) метарсонад. Пас, шумо аз кофирон матарсед ва агар мӯъмин ҳастед, аз Ман битарсед.” Оли Имрон : 175 .
2.Тарсондан аз фақру тангдастӣ. Аллоҳ таъоло фармуд: “Шайтон ба шумо тангдастиро ваъда медиҳад ва ба беҳаёгӣ мефармояд. Ва Парвардигор аз ҷониби Худ омурзиш ва неъмат доданро ваъда медиҳад. Ва Аллоҳ Фарохнеъмат ва Доност”. Бақара:268. Бинобарин шайтон ба инсон мегӯяд: “Агар ин корро тарк кардӣ, пас аз куҷо кори дигар пайдо хоҳӣ кард. Фақир ва тангдаст хоҳӣ шуд”. Ва ӯро аз камбағалӣ метарсанд ва ҳам даъват ба анҷоми кор ҳаром мекунад. Ин мисоли шахсе аст, ки муомилаи арақро ҳалол медонад, модоме ки мусалмон аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, Аллоҳ барои ӯ роҳи халосие падид меорад. Ва ба ӯ аз он ҷое, ки гумон надорад, ризқу рӯзӣ медиҳад. Ва ҳар ки бар Аллоҳ таваккул кунад, пас Аллоҳ ӯро басанда аст. Ба дурустӣ ки Аллоҳ кори Худро ба анҷом расонанда аст. Ҳар оина Аллоҳ барои ҳар чизе андоза сохтааст” . Талоқ 2.3.
Албатта дида истодаем, ки ҳар касе рибо мегирад ва аз фақру тангдастӣ матарсад, мегӯяд: Чигуна зиндагӣ кунам? Мардум ҳама сарватманд шуданд ва ман фақир ҳастам! Ба ҳамин хотир шайтон ботил ва ноҳақро барои онон меорад ва онро ҳақ ва дӯст вонамуд мекунад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
СИРРИ ҚАБУЛИ ДУО
سر قبول الدعاء
СИРРИ ҚАБУЛИ ДУО
“Вақте ки Зуннун хашмнок рафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо кард: “Нест маъбуде ба ҷуз Ту, Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон будам”. Анбиё-87. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳеҷ кас ба сахтие гирифтор намешавад ва дуои ӯ иҷобат мегардад, модоме ки ин дуоро бихонад; “Ло Илоҳа илло анта субҳонака инни кунту миназ золимин”, яъне “Парвардигоро! Нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Ту, Пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон будам”. Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) гуфт: Вақте, ки Юнус алайҳис салом дар торикии шаб, торикии баҳр ва торикии шиками моҳӣ буд, ба Парвардигоре, ки Шунавову Доност, ҳеҷ чизе бар Ӯ дар осмонҳо ва замин пинҳон нест, рӯ ба сӯйи Ӯ кард, ки ин суннати муваҳҳидону мухлисон аст, чунин гуфт: “Бор Илоҳо! Ту дар улуҳият ягона ҳастӣ. Аз ҳама айбу нуқсон покӣ, албатта он амале, ки аз ман воқеъ шуд аз зулми Ту нест. Ту дар номҳои худ комил ҳастӣ. Ва сифатҳои Ту холӣ аз ҳама бадиҳост. Ман эътирофи гуноҳи худ кардам. Аз Ту талаби мағфирати гуноҳамро мепурсам. Ва аз ғаму сахтиҳо маро бо Лутфи Худ наҷот бидеҳ”. Ин Дуо се матлаб дорад: 1. Исботи камоли улуҳият 2. Исботи камоли покии Парвардигор. 3. Эътирофи гуноҳу хатоҳо ва талаби мағфирати гуноҳ. Пас банда бояд ин дуоро дар ҳоли ғаму андуҳ ва сахтиҳо бисёр зикр бикунад. Албатта тавҳиду имон ва иқрор ба гуноҳ аз бузургтарин сабабҳои наҷот аз ҳалоккунандаҳои дунё ва охират аст. Банда бояд дар дуои худ ба Парвардигор гумони нек дошта бошад. Ва ҳам илоҷи ҳама бадиҳо имон ва амали солеҳ аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
НАВЪҲОИ ТАБАРРУК
أنواع التبرك
НАВЪҲОИ ТАБАРРУК
Табаррук дар луғат ба маънои бисёр шудан ва ба субут расондан аст. Табаррук дар шариъат ба маънои талаби баракат ва умеду эътиқоди он аст.
Табаррук бар ду қисм аст; Табарруки шаръӣ ва табарруки манъшуда. Табарруки шаръӣ: 1-Табаррук ба зоти Паёмбар ﷺ, ки он танҳо хос дар вақти ҳаёташон буд. 2-Табаррук ба гуфтор ва амалҳои шаръӣ, ки ҳаргоҳ банда онро анҷом диҳад, барои ӯ хайру баракат ҳосил мешавад, ба монанди қироъати Қуръон ва зикри Аллоҳ. 3-Табаррук ба маконҳое, ки Аллоҳ он ҷойро баракат қарор додааст, ба монанди масҷидҳо ва шаҳрҳои Макка, Мадина ва Байтул Муқаддас. Табаррук ҷӯстан, яъне кори хайр кардан ва барои Аллоҳ ба амалҳои шаръӣ бандагӣ кардан аст, вале масҳ кашидани деворҳо ва сутунҳои он маконҳо ҷоиз нест. 4-Табаррук ба замонҳое, ки Аллоҳ онҳоро ба зиёдатии фазл ва баракат хос гардондааст, ба монанди моҳи Рамазон ва даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа ва шаби Қадр ва сеяки охири шаб. 5-Табаррук ба таомҳое, ки Аллоҳ дар онҳо баракат қарор додааст, ба монанди равғани зайтун, асал, шир, сиёҳдона ва оби замзам.
Табарруки манъшуда: 1-Масҳ кашидан ба деворҳо ва маконҳое, ки баракати онҳо аз рӯи шариъат собит нашудааст. Ва табаррук кардани қабри накӯкорон ва маконҳое, ки ба ҳодисаҳои таърихӣ робита доранд, ба монанди макони таваллуди Паёмбар ﷺ ва ғори Ҳиро ва ғори Савр. 2-Табарруки замонҳо: Ба монанди рӯзи таваллуди Паёмбар ﷺ ва шаби Исро ва Меъроҷ ва шаби нисфи аз моҳи Шаъбон. Қоидаҳои муҳим дар масъалаи табаррук: 1-Табаррук ибодат аст ва асл дар ибодатҳо манъ аст, то ки далеле бар ҷоиз будани он вуҷуд дошта бошад. 2-Албатта ҳама баракат аз ҷониби Аллоҳи ягона аст, пас Ӯст ки Молики он ва Бахшандаи он аст, пас аз ғайри Ӯ чизеро талаб карда намешавад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ИМОМ БУХОРӢ (раҳимаҳуллоҳ)
إمام البخاري ) رحمه الله(
ИМОМ БУХОРӢ )раҳимаҳуллоҳ)
Имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) амири муъминон дар илми ҳадис ва соҳиби китоби “Ҷомеъус саҳеҳ”. Имоми ҳуффоз ва саййиди муҳаддисон Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳими Бухорӣ. Соли 194 ҳиҷрӣ таваллуд шуданд. Имом Бухорӣ хурдсол буданд, ки падарашон вафот кард. Пас имом Бухорӣро модарашон нигоҳубин карданд. Падари имом Бухорӣ, ки диндор буд, пеш маргашон чунин гуфт: “Ман намедонам, ки дар молам як дирҳаме аз ҳаром ва ё моли шубҳаноке ҳамроҳ шуда бошад”. Имом Бухорӣ дар хурдсолӣ нобино буданд. Модарашон Иброҳим алайҳис саломро дар хоб дид, ки ба ӯ гуфтанд: “Албатта Аллоҳ таъоло бо дуои зиёди ту биноии фарзандатро ба ӯ боз мегардонад”. Ва бузургтарин хоҳише, ки волидайни имом Бухорӣ доштанд, ин ислоҳи фарзандашон буд. Аз имом Бухорӣ пурсиданд, ки оғози коратон чигуна буд? Гуфтанд: “Кӯдаки хурдсол будам, ҳифзи ҳадис ва навиштани онро дӯст медоштам ва котиб будам”. Боз пурсанд, ки дар ҳамон вақт чанд сола будед? Гуфтанд: “Даҳсола ва ё камтар аз он будам”. Бинобарин дар илми имом Бухорӣ диндорӣ ва ибодат ҷамъ шудааст. Зеро имом Бухорӣ мегуфт: “Умедвор ҳастам, ки ба Аллоҳ лиқо кунам ва дар ҳисоб касеро ғайбат накарда бошам”. Ва аз бузургтарин китобҳои имом Бухорӣ китоби “Ҷомиъус саҳеҳ” аст, ки он саҳеҳтарин китоб баъди китоби Аллоҳ мебошад. Ва ба таҳқиқ тамоми уммат иттифоқ ба қабули ин китоб ҳастанд. Ин китобро имом Бухорӣ дар муддати шонздаҳ сол ҷамъ карданд. Ба ин китоб ҳадисе дохил накарданд, магар ин ки пеш аз ҳар ҳадис ду ракат намоз гузориданд. Уламо шоҳид бар он ҳастанд, ки дар ҳақиқат Бухорӣ олим ва имом буданд. Имом Бухорӣ гуфт: “Чизеро намедонам, ки ба он муҳтоҷ шуда бошам, магар ин ки онро дар китоби Аллоҳ ва суннати Паёмбар ﷺ пайдо кардам”. Имом Бухорӣ шаби иди Фитр, дар соли 256 ҳиҷрӣ вафот карданд. Аллоҳ ба раҳмати васеъи Худ дохил гардонад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
ШАФОАТ
الشفاعة
ШАФОАТ
Шафоат дар истилоҳи шариъат он аст, ки шахси дигарро бо ҷалби манфиат ва ё дур кардани зарар миёнаравӣ кардан аст. Шафоат ду қисм аст: Шафоати манфӣ ва шафоати мусбат. Шафоати манфӣ шафоатест, ки аз ғайри Аллоҳ дар он чизе, ки бар он қудрат надорад, талаб карда мешавад. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Эй касоне ки имон овардаед! Аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, инфоқ кунед, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯш аст ва на дӯстӣ ва на шафоате ва кофирон ҳамон золимонанд”. (Бақара:254).
Шафоати мусбат он шафоатест, ки аз Аллоҳ таъоло талаб карда мешавад. Шартҳои шафоат:
1.Иҷозат додани Аллоҳ барои шафоатгар, ки шафоъат кунад.
2.Ризоии Ӯ таъоло аз шафоатгар ва шафоатшуда. Аллоҳ фармудааст: “Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармони Ӯ шафоат кунад?”. Бақара:255. Инчунин фармудааст: “Ва дар осмонҳо бисёр фариштагон ҳастанд, ки шафоати онҳо чизеро нафъ намекунад, магар баъд аз он ки Аллоҳ барои ҳар ки хоҳад, дастурӣ диҳад ва ризоманд шавад”. Наҷм:26.
Ҳукми талаби шафоат аз шахси зинда ва тавоно чист?
1.Агар аз ӯ амри шаръӣ ва ё кори мубоҳеро талаб кунад, ки бар он қудрат дорад, пас он ҷоиз аст, ки он аз боби ёрӣ додан бар кори хайр аст.
2.Аз ӯ амреро талаб кунад, ки бар он қудрат надорад, пас ин ширк аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ











