photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١١-٤٠

«Ал-Ҳаким»

«الحكيم»
«Ал-Ҳаким»
Аллоҳ мефармояд: “Ӯ Ҳакиму Огоҳ аст”. Анъом: 18. Ҳаким касе аст, ки дорои илм ва огоҳ ба ҳама умур ва оқибати он аст. Ҳаким касе аст, ки ҳамди фаровон, қудрати комил ва раҳмати фаровон дорад. Ва ҳар чизро ба ҷойи муносиби он қарор медиҳад, ки ба он наметавонед эътироз кард. Ҳикмати Парвардигор бар ду навъ аст:
1.Ҳикмат дар офариниш, ки тамоми офаридаҳоро ба беҳтарин низом офарид ва тартиби комилро ба онҳо дод. Ва ҳар махлуқро ба гунае, ки шоистаи он аст, офарид. Ба ҳар махлуқоти шакли муносиб дод. Ҳеҷ камбудӣ ва ноқисие дар офариниши Ӯ дида намешавад. Агар ҳама махлуқоти аз аввал то охир ҷамъ шаванд ва ақлҳои худро ба кор баранд, то офаринише ба монанди офариниши Аллоҳ пешниҳод кунанд, нахоҳанд тавонист. Аллоҳ таъоло ба бандагонаш фармон дод, то ба офариниши Ӯ бингаранд.
2.Ҳикмати Парвардигор дар шариъат ва фармонҳои Ӯ қонунҳоро гузошт ва китобҳоро нозил фармуд ва Паёмбаронро фиристод то бандагон Аллоҳро бишносанд ва ибодат бикунанд. Парастиш ва ситоиши Парвардигор бузургтарин саъодат ва сабаби оромиш ва хурсандии қалбҳо ва рӯҳост. Агар дар фармону қонуни Илоҳӣ ба ҷуз ҳикмат чизи дигаре вуҷуд надошта бошад, боз ҳам он кофӣ аст. Зеро ин ҳикмат асоси хубиҳо ва комилтарин лаззатҳо мебошад. Ва офариниши биҳишту дӯзах ва ҳам офариниши мардум ба хотири ҳамин будааст. Аллоҳ таъоло дар аҳкоми тақдир, шариъат ва ҷазоии Худ боҳикмат аст. Пас ҳар хайр ва шарр ва гуноҳон мутаъаллиқ ба тобеъи ҳукми тақдирӣ ҳастанд ва ончи Аллоҳ дӯст медорад тобеъ ва мутааллиқ ба ҳукми шаръӣ мебошад. (Ал-Ҳақ Ал-Возеҳул-мубин: 48,56).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١١-٢٠

МОҲИ ЗУЛҚАЪДА

شهر ذوالقعدة
МОҲИ ЗУЛҚАЪДА

Аллоҳ таъоло баъзе моҳҳоро ба баъзе дигар бартарӣ додааст. Ва аз моҳе, ки Аллоҳ таъоло онро фазилат додааст, моҳи Зулҳиҷҷа аст. Ин моҳро Зулҳиҷҷа номида шуд, зеро арабҳо ба хотири эҳтироми он омодагӣ ба Ҳаҷ мебинанд ва дар ин моҳи Зулқаъда аз ҷангидан бо ҳамдигар даст мекашиданд. Яке аз хусусиятҳои ин моҳ ин аст, ки моҳи Зулқаъда оғози моҳи ҳаром аст. Арабҳо ба хотири амнияти мардум ва ҳоҷиҳо дар роҳҳои Ҳаҷ ҷангиданро манъ карданд. Ин амалҳо пеш аз Ислом буд. Пас вақте ки Ислом омад, эҳтироми ин моҳ ва даст кашидан аз куштор сахттар гардид. Дар ин моҳ зулм ба якдигар манъ шуд, зеро ин амрро онҳо бузург медонистанд. Гарчанде зулм дар ҳама моҳҳо манъ шудааст. Ва дигар хусусиятҳои ин моҳ ин аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам танҳо дар ҳамин моҳ чаҳор маротиба умра карданд. Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам чаҳор маротиба умра карданд, ки ҳамаи он дар моҳи Зулқаъда буд, магар умрае, ки ҳамроҳи Ҳаҷҷашон адо намуда буданд”. Имом Нававӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Албатта умра кардани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ин моҳи Зулқаъда аз рӯйи фазилати ин моҳ ва мухолифат варзидан ба замони ҷоҳилият аст. Зеро дар замони ҷоҳилият умра кардан дар моҳҳои ҳаромро гуноҳ ва фисқу фуҷур медонистанд”. Аз Абубакра разияллоҳу анҳу омадааст, ки гуфт: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Сол дувоздаҳ моҳ дорад, аз онҳо чаҳор моҳ моҳҳои ҳаром мебошанд. Сетои онҳо пайи ҳам омадааст; Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб ҷудогона байни Ҷумодул-охир ва Шаъбон ҷой гирифтааст”. Бухорӣ ва Муслим.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١١-٠١

ДАҲ ШАБҲОИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА

عشر ليالي شهر ذوالحجة
ДАҲ ШАБҲОИ МОҲИ ЗУЛҲИҶҶА
Аз фазли Аллоҳ таъоло ба бандагонаш ин аст, ки барои тоату ибодати Ӯ таъоло мавсимҳое падид овардааст, ки дар он ҳасанот ва аҷру савоб афзун мегардад. Онон дар ин рӯзҳо бо ҳам мусобиқа мекунанд, то ба Парвардигорашон наздик шаванд. Яке аз ин мавсимҳои бофазилат даҳ шаби аввали моҳи Зулҳиҷҷа аст. Аллоҳ таъоло фазлу карами Худро ба он шабҳо гузоштааст, то бандагон икром карда шаванд. Дар он даҳ рӯз рӯзи Тарвия, рӯзи Арафот ва рӯзи иди Қурбон аст. Ва ин даҳа дар назди Аллоҳ таъоло аҳмияти калон дорад, ки Аллоҳ қасам хӯрда чунин фармудааст: “Қасам ба сӯбҳ ва қасам ба шабҳои даҳгона”. Ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабар фармуданд: “Ин рӯзҳо, яъне даҳ рӯзи моҳи Зулҳиҷҷа аз афзалтарин рӯзҳои дунё аст”. Абу Усмонӣ Наҳдӣ раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: “Саҳобагон се даҳаро бузург медонистанд; Даҳаи охири моҳи Рамазон, даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа ва даҳаи аввали моҳи Муҳаррам”. Пас мо бояд чигуна ин рӯзҳоро истиқбол бигирем? Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Ҳеҷ рӯзе нест, ки амалҳои солеҳи он дар назди Аллоҳ таъоло маҳбубтар аз ин рӯзҳо бошад, (яъне даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа). Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ, ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Фармуданд: “Ва на ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар ин ки марде бо ҷон ва молаш дар роҳи Аллоҳ аз хона берун мешавад ва ҳеҷ яке аз инҳоро барнагардонад”. (Бухорӣ). Пас аз чизҳое, ки дар ин рӯзҳо таъкид шудааст: 1. Рӯза гирифтан ин рӯзҳо, магар рӯзи ид. 2. Рӯза рӯзи Арафа, ки кафорати гуноҳони дусола аст. 3. Зикри Аллоҳ таъоло ва такбир гуфтан. 4. Қурбонӣ кардан. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: “Ҳаҷҷи қабул подоше надорад, магар ҷаннат”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١٠-٢٥

«Ал-Ҳалим»

«الحليم»
«Ал-Ҳалим»

Ал-Ҳалим ҷалла ҷалолуҳу, яъне Бурдбор, бар уқубати бандагонаш дар муқобили гуноҳҳояшон шитоб намекунад ва ба онҳо муҳлат медиҳад, то аз гуноҳ бозгарданд ва тавба кунанд. Аллоҳ таъоло ба ҷазо додани онон Тавоно аст. Номи Ал-Ҳалим дар Қуръони карим яздаҳ маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:”Бегумон Аллоҳ Омурзандаи Бурдбор аст”. (Оли Имрон: 155). Аллоҳ таъоло неъматҳои зоҳирӣ ва ботиниро ба сӯйи бандагон сарозер кардааст. Бо ин ҳама бандагон муртакиби гуноҳ мешаванд, аммо Аллоҳ Бурдбор аст, ба онҳо муҳлат медиҳад, то тавба кунанд ва ба сӯйи Ӯ таъоло боз гарданд. Аллоҳ таъоло дорои Бурдбории комил аст. Бурдбории Парвардигор, кофирон, фосиқон ва гунаҳкоронро дарбар гирифтааст. Зеро Ӯ ба онҳо муҳлат медиҳад ва зуд ба онҳо азобро намефиристад. Аллоҳ фармудааст: “Ва агар Аллоҳ мардумонро ба сазои он чи мекарданд, гирифтор мекард, бар пушти замин ҳеҷ ҷонвареро намегузошт, вале онҳоро то вақти муайян мавқуф медорад. Пас, чун вақти онҳо биёяд, пас дар воқеъ Аллоҳ ба бандагони Худ Бино аст”. (Сураи Фотир:45). Инчунин фармуд: “Ва агар Аллоҳ мардумонро ба сабаби ситами онҳо гирифтор мекард, бар замин ҳеҷ ҷунбандаеро намегузошт; валекин онҳоро то вақте муқаррар мавқуф медорад. Пас, чун он вақти муқаррарашон бирасад, на соате бозмонанд ва на соате пеш раванд”. (Сураи Наҳл:61). Ва фармуд: “Ва бидонед, ки Аллоҳ ончиро дар дил доред, медонад. Пас аз нофармонии Ӯ худро барҳазар доред ва бидонед, ки бегумон Аллоҳ Омурзанда ва Бурдбор аст”. (Бақара:235).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١٠-٠٨

«Ал-Афув, Ал-Ғафур, Ал-Ғаффор»

«العفو الغفور الغفار»
«Ал-Афув, Ал-Ғафур, Ал-Ғаффор»
Ал-Афув ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зоте аст, ки гуноҳонро авф мекунад ва аз онҳо мегузарад. Ва Ӯ зотест, ки Ӯро авфи шомил аст, ки гуноҳоне ки аз бандагонаш содир мешавад, фаро мегирад. Номи Ал-Афув дар Қуръон панҷ маротиба омадааст. Аллоҳ фармуд: “Бегумон Аллоҳ Бахшандаи Омурзанда аст”.(Нисо: 43). Ал-Ғафур ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зоте аст, ки гуноҳонро мебахшад ва тавбаи касеро, ки тавба мекунад, мепазирад. Гуноҳҳои бандагонашро мепӯшонад ва бар онон пардаи лутфу бисёр меҳрубонияшро рӯйпӯш мекунад. Ал-Ғаффор ҷалла ҷалолуҳу, сиғаи муболаға аст, ки бар бисёрии мағфирати Ӯ далолат мекунад. Номи Ал-Ғафур ҷалла ҷалолуҳу, дар Қуръони карим наваду як маротиба зикр шудааст. Ва номи Ал-Ғаффор панҷ маротиба зикр шудааст. Аллоҳ фармуд: “Ҳамоно Аллоҳ Омурзандаи Меҳрубон аст”. (Шуро:5). Ва фармуд: “Ӯ Пирӯзманди Омурзанда аст”. (Сураи Зумар:5). Ва фармуд: “Омурзандаи гуноҳ ва Пазирандаи тавба аст”. (Ғофир:3). Дар ҳадис омадааст, ки Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй фарзанди Одам! Агар ба пурии замин гуноҳ карда бошӣ, сипас дар ҳоле ба назди ман омадӣ, ки чизеро ба ман шарик наоварда бошӣ, ба пурии замин бо омурзиш ва мағфират ба сӯйи ту меоям”. Аллоҳ фармуд: “Парвардигори ту дорои омурзиш ва фарох аст”. Наҷм:32. Аллоҳ таъоло сабабҳои дастёби ба омурзиши Илоҳиро бо тавба истиғфор, имон ва амали солеҳ, некӣ ба бандагон, авф ва гузашт аз онҳо ва доштани гумони нек ба Аллоҳ ва дигар чизҳое, ки инсонро ба омурзиши Аллоҳ наздик менамояд ва муяссар ва фароҳам намуда аст. Аллоҳ фармуд: “Бигӯ: (Яъне: Эй Муҳаммад) «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Аллоҳ ноумед машавед. Ҳар оина Аллоҳ ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад, ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст”. Зумар:53.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٨_١٤-١٥-١٤

АЗ МАРДУМОН САХТТАРИНИ БАЛО БА ПАЁМБАРОН БУД

أشد الناس إبتلاءهم الأنبياء
АЗ МАРДУМОН САХТТАРИНИ БАЛО БА ПАЁМБАРОН БУД
Агар ба сирату таърихи Паёмбар ﷺ назар бикунем, мебинем ки ятим таваллуд шуданд, пас аз он модарашон ва баъд бобояшон вафот карданд, ки кафолатии Паёмбар ﷺ ро дар уҳда доштанд. Сипас амакашон ва ҳам ҳамсари меҳрубонашон Хадича разияллоҳу анҳо вафот карданд. Пас Паёмбар ﷺ аз аҳли Макка ва аз аҳли Тоиф озору шиканҷа диданд. Диёри худро тарк карда аз тарси мушрикон ба ғор пинҳон шуданд ва сипас ба Мадина ҳиҷрат намуданд. Ин ҳодисаҳое буд, ки ба Паёмбар ﷺ шуда гузашт. Пас оё Паёмбар ﷺ татаюр ва бахтсанҷӣ карданд? Албатта не. Оё аз ақидаашон ва аз тавҳид ва аз даъвати “Ло Илоҳа Иллаллоҳ” боз гаштанд? Албатта не. Бинобарин, бояд бидонем, ки балову мусибатҳо тааллуқ ба Аллоҳ таъоло аст. Зеро ин розӣ шудан ба тақдирӣ Илоҳӣ аст. Агар шахси ба мусибат гирифторшударо бубинем, ин далолат бар он намекунад, ки он шахс имони заъиф дорад, балки Аллоҳ таъоло агар бандаеро дӯст дорад, ӯро ба балову мусибате гирифтор мекунад. Ва сахттарин балову мусибат аввал ба Паёмбарон нозил мегардад, сипас ба дигарон, ки он вобаста ба имони онҳост. Ба Паёмбар ﷺ зарарҳо расонда шуд, ки бо ин сабаб Аллоҳ таъоло мехост дараҷаи Паёмбарашро баланд бардорад. Аллоҳ фармуд: “Қасам ба чоштгоҳ ва қасам ба шаб чун ҳамаро бипӯшонад. Парвардигорат туро фурӯ нагузошт ва душман надошт. Ва ҳар оина охират барои ту беҳтар аз дунё хоҳад буд. Ва Парвардигорат албатта ба ту неъмат хоҳад дод, пас ту хушнуд хоҳӣ шуд”. (Зуҳо:1,5). Инчунин Аллоҳ фармуд: “Ва зикратро барои ту баланд сохтем”. (Иншироҳ:4). Бинобарин балову мусибат ин нест, ки ӯро Аллоҳ таъоло дӯст намедорад. Ва ҳам бар мо ҷоиз нест, ки балоро таманно бикунем. Балки бигӯем: Бор Илоҳо! Албатта Ту авф карданро дӯст медорӣ, пас моро авф бикун”.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٨_١٤-١٣-٤٣

«Ат-Таввоб»

«التواب»
«Ат-Таввоб»
Ат-Таввоб ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ зотест, ки ба касе хоҳад бозгаштан ва тавба кардан ва бар Ӯ баъди маъсият рӯ оварданро насиб ва рӯзӣ медиҳад ва инро аз онон мепазирад ва авф мекунад. Номи Ат-Таввоб дар Қуръони карим яздаҳ маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:
﴿ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِّنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ ۖ وَلَا تَجَسَّسُوا وَلَا يَغْتَب بَّعْضُكُم بَعْضًا ۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَن يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا فَكَرِهْتُمُوهُ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَّحِيمٌ﴾ سورة الحجرات12
“Эй мӯъминон, аз гумони бисёр иҷтиноб кунед, ҳар оина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед. Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Аллоҳ битарсед, ба дурустӣ ки Аллоҳ Тавбапазирандаи Меҳрубон аст”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12).
Ва Аллоҳ таъоло фармуд:
﴿ أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ هُوَ يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَيَأْخُذُ الصَّدَقَاتِ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ ﴾سورة التوبة 104
“Оё намедонед, ки танҳо Аллоҳ аст, ки тавбаи бандагонаш ва садақотро мепазирад ва фақат Ӯст, ки бисёр Тавбапазир ва Меҳрубон аст”. (Сураи Тавба, ояти 104).
Аз ин рӯ Аллоҳ таъоло бо ду сурат тавбаи бандагонашро қабул мекунад: Аввал ин, ки ба банда тавфиқ медиҳад, то ин ки тавба намояд ва ба сӯйи Аллоҳ боз гардад. Ва тавба кардан се шарт дорад:
1. Даст кашидан аз гуноҳ. 2. Пушаймон шудан ба анҷом додани ҳамон гуноҳ. 3. Тасмим гирифтан бар ин, ки дубора он гуноҳро анҷом надиҳад ва ба ҷойи он амали солеҳ бикунад.
Дуввум ин, ки Аллоҳ таъоло ба қабул кардани тавбаи банда ва пок кардан аз гуноҳонаш ба василаи тавба, тавбаи ӯро қабул мекунад, зеро тавбаи содиқона гуноҳони пеш аз худро аз байн мебарад.

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٨_١٤-١٣-٣٢

ҶАШНИ МАВЛУДИ ПАЁМБАР ﷺ

الإحتفال بالمولد النبي ﷺ
ҶАШНИ МАВЛУДИ ПАЁМБАР ﷺ
Дар шариати Ислом чизе бо номи “Иди мавлуди Набӣ” вуҷуд надорад. Саҳобагон, тобеъин ва пас аз онон дигар имомони Ислом чунин рӯзро намедонистанд, аз боби авло ҷашн гирифтани онро низ намедонистанд, балки баъзе бидъаткорон аз ҷоҳилони ботиния ин идро эҷод кардаанд ва сипас мардуми авом дар бисёре аз кишварҳо пайрави ин бидъат шудаанд. Баъзе аз дӯстдорони суннат, ки таҳти таъсири ҷашнҳои мавлуд дар кишвари худ қарор гирифтаанд, гумон мекунанд, ки агар бо аҳли хонавода ҷамъ шаванд ва барои ин маросим хӯроки махсусе омода карда, якҷоя бихӯранд, аз ин бидъат наҷот меёбанд. Воқеият ин аст, ки ҳамаи ин ниятҳо ҷамъшавии онҳоро мувофиқи шариъат намегардонад, балки он бидъати инкоршуда аст. Агар ид бихоҳед, иди Фитр ва иди Азҳо (Қурбон) идҳои мусулмонон аст ва агар аз ин ҳам бештар бихоҳед, мо рӯзи Ҷумъа дорем, ки иди ҳафта аст, дар он рӯз барои намози Ҷумъа ва барои зинда кардани руҳияи ифтихор бо дин ҷамъ шавед. Дар ҳар маросими мубоҳе, ба монанди тӯйи домодию арӯсӣ ё ақиқа ё табрик ба ягон амри хайр. Ҳамаи ин маросимҳо метавонанд барои зинда кардани руҳияи алоқа, якҷоя шудани мусулмонон ва тамассук ба дин муносиб бошанд. Маълум аст, ки мо бояд дар дониш ва амал ба онҳо пайравӣ кунем, чуноне ки Шайх Имом Абӯтолиби Маккӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби худ гуфтааст: “Баъзеашон аз ин, яъне аз шунидани ҳаром парҳез мекунанд ва ба ҷои он мавлудро бо хондани “Саҳеҳи Бухорӣ” ва дигар китобҳо баргузор мекунанд. Агарчӣ хондани ҳадис ба зоти худ аз беҳтарин қурубот ва ибодатҳост ва дар он баракат ва хайри бисёр вуҷуд дорад, модоме ки онро бо шартҳояш, мувофиқи шариъат анҷом бидиҳанд, на ба нияти мавлуд?!.”Ал-Мадхал” (2/25).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٨_١٤-١٢-٠٧

«Ар-Рақиб»

«الرقيب»
«Ар-Рақиб»
Ар-Рақиб ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ҳифзкунандае, ки аз Ӯ чизе ғоиб намешавад. Зоте аст, ки шунавоияш чизҳои шунидашударо ва биноияш чизҳои диданиро фаро гирифтааст. Илми Ӯ ҳама чизро фаро гирифтааст, ки бар Ӯ пӯшидае пинҳон намемонад. Номи Ар-Рақиб дар Қуръони карим се маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва Аллоҳ бар ҳамаи чиз нигаҳбон аст”. (Сураи Аҳзоб: 52). Аллоҳ таъоло аз ончи дилҳо пинҳон медоранд, огоҳ ва муроқиби ҳамагон аст. Ҳамчуноне, ки фармуд: “Ва аз қатъи хешовандӣ битарсед. Ба дурустӣ ки Аллоҳ бар шумо Нигаҳбон аст”. (Нисо:1). Аллоҳ таъоло тамоми махлуқотро ҳифозат намуда ва ҳамаро дар беҳтарин низом қарор дода аст. Аллоҳ фармуд: “Ва ҳамсанги заррае дар замин ва дар осмон чизе аз Парвардигори ту пӯшида намешавад ва чизе хурдтар ва бузургтар аз он нест, магар он ки дар Китоби равшан навишта шудааст”. (Юнус:61). Аллоҳ таъоло Рақибе аст, ки ба қасду нияти мо низ назар мекунад. Аллоҳ фармуд: “Ҳамоно Парвардигори Ту ба камингоҳ аст”. Аллоҳ ҳама корҳои моро муроқаба мекунад. Ҳамчуноне, ки фармуд: “Ва эй қавми ман, ба таври худ амал кунед, ҳамоно ман низ амалкунандаам. Ба зудӣ он касро хоҳед донист, ки ба ӯ азоб биёяд ва ӯро расво кунад, ва он касро, ки дурустгӯй аст. Ва интизор баред, ҳамоно ман бо шумо мунтазирам». (Ҳуд:93). Ва Паёмбар ﷺ маънои эҳсонро баён карда чунин фармуданд: “Эҳсон он аст, ки Аллоҳро тавре ибодат бикун, ки гуё Ӯро мебинӣ ва агар ту Ӯро намебинӣ, яқинан бидон, ки Ӯ туро мебинад”. Шуморо агар дар ҳама маконҳо бо камераҳо муроқаба кунанд, пас аҳволи шумо чигуна мешавад? Оё оне, ки шуморо офаридааст, наметавонад аз аҳволи шумо бохабар бошад? Аллоҳ фармуд: “Оё мепиндоранд, ки Мо сухани пинҳону саригӯшии онҳоро намешунавем? Бале, мешунавем ва фиристодагони Мо наздики онҳо менависанд”. (Зухруф:80).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٧-٤٥-٤٧

ХИСЛАТИ АМОНАТДОРӢ

خلق الأمانة
ХИСЛАТИ АМОНАТДОРӢ
Аллоҳ таъоло фармуд: “Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба шумо мефармояд, ки амонатҳоро ба аҳли онҳо адо кунед”. (Нисо:58). Дини Ислом дини амонат аст. Лақаби Паёмбар ﷺ “Содиқул амин” буд. Имон шахси мусалмон комил намегардад, магар бо амонатдорӣ ва хулқу рафтори хуб доштан. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Оне, ки амонат надорад, имон надорад”. (Аҳмад). Ва аз даст додани амонатдорӣ сабаби хароб шудани замин ва барпо шудани қиёмат аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Агар амонат аз байн рафт, пас интизори рӯзи қиёмат бош”. (Бухорӣ). Амонат дар Ислом маънои ваъдаро дорад. Амонат танҳо адои пулу мол нест, балки амонат ҳаққи ҳама чизҳост, ки ба ту лозим аст онро адо намуда ҳифз намоӣ. Пас амонат ба дин, шаъну шараф, мол, илм, фармон, гувоҳӣ, сирҳо ва дигар навъҳои муомилаҳо ба амонат дохиланд. Асли амонат ду навъ аст: 1. Амонат дар ҳуқуқи Аллоҳ. 2. Амонат дар ҳуқуқи инсонҳо. Дар амонатдорӣ фоидаҳои бузурге аст, ки ба худи инсон ва ба мардум фоидаҳое дорад. Аз ҷумлаи он фоидаҳо: 1. Амонат молу мулк ва обрӯи инсонро ҳифз мекунад. 2. Амонат динро ҳифз мекунад. 3. Амонатдорӣ аз муҳимтарин сабаби баракат ва пешравӣ аст. 4. Амонатдорӣ сабаби васеъ шудани ризқ ва хушбахтӣ дар ин дунёст. 5. Шахси амонатдорро Аллоҳ таъоло ва мардум дӯст медоранд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Шахсе, ки мехоҳад Аллоҳ ва Расулаш ӯро дӯст бидоранд, пас вақте ки сухан мегӯяд, сухани рост бигӯяд. Агар ба ӯ амонате дода шавад, пас онро адо намояд. Агар ҳамсояе дошта бошад, бо ӯ муомилаи хуб бикунад”. (Байҳақӣ). Пас он ҷамоъате, ки амонатдор ҳастанд, ҷамоъате мебошанд, ки дар амну амон ва бо ҳам дӯсту пайванд ҳастанд. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Оне, ки ба ту чизеро амонат гузошт, пас онро адо намо ва оне, ки ба ту хиёнат кард, пас ту ба ӯ хиёнат макун”. (Абудовуд ва Тирмизӣ).

اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ